Писари дуюмам Синоро хонадор карда, каме қарздор шудем. Шавҳарам ба хотири кандани қарз баъди тӯй ҳамроҳи писарам ба Русия мардикорӣ рафт.
Падару писар миёнро маҳкам баста аз сидқи дил кор мекарданд, то бо кисаи пур ва сари баланд ба Ватан баргарданд. Ягона шикояташон аз ӯзбекҳо буд, ҳам шавҳарам ва ҳам писарам мегуфтанд, ки ҳеҷ дили ин миллати ҷангҷӯйро ёфта натавонистанд. Ӯзбекҳои ҳамроҳашон кор мекарда бо ҳар баҳона онҳоро неш зада моҷаро меҷустаанд. Мақсадашон тоҷикҳоро пеш карда, ба ҷояшон ӯзбекҳои худашонро овардан будааст. Писарам ҳангоми моҷарои навбатӣ ба ғазаб омада чанд ӯзбекро мезанаду онҳо қасам мехӯранд, ки то яктои шуморо зада накушем, ором намешавем. Ин хабарро шунида дилам сиёҳ шуд ва аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки ба хона баргарданд, вале рад карда гуфт: “Эҳ, ин ӯзбекҳо танҳо забон доранду халос! Дағдаға мекунанду аз дасташон ягон бало намеояд! ” Ҳамин тавр аз байн чанд рӯз гузашт. Дилам ҳамоно сиёҳӣ оварда аз пешомади ногуворе дарак медод. Дил гувоҳи ҳақ аст гуфтани мардум беҳуда набудааст, як бегоҳ ӯзбекҳо гуруҳ шуда ба сохтмони шавҳарам меоянду ба гулӯи мардакам корд монда таҳдид мекунанд, ки аз ин ҷо ба хубӣ дафъ шавед. Писарам ба ғазаб омада бо арматур ба сари яке аз муштзӯри ба гулӯи падараш кордмонда мезанад. Касе ба полис занг мезанаду дар як дам милисаҳо пайдо шуда, онҳоро пешандоз карда мебаранд. Ӯзбекҳо гуноҳи худро ба гардан нагирифта тамоми айбро ба гардани писари ман бор мекунанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, марди писарам ба сараш бо арматур зада дар беморхона мемирад. Шавҳарам барои фарзандашро аз зиндон халос кардан гуноҳро ба гардани худ гирифта зиндонӣ шуд. Мардакамро ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Ин хабарро аз забони писарам шунида фишори хунам чунон баланд шуд, ки қариб ҷон ба ҷонофарин супурда будам. Ҳоло дар беморхона табобат гирифта истодаам. Писарам бо арӯсаш овора аст ва аз шириниҳои зиндагӣ лаззат мебарад. Дилам ба ҳоли шавҳари бегуноҳ дар мулки ғурбат дар кунҷи зиндони сард хобидаам месӯзаду оҳи сард кашида мегӯям:
Беҳуда бузургон “фарзанд душмани ширин” нагуфта будаанд, мардакам дар дами пирӣ ба хотири писараш худро ба доми бало гирифтор намуд!
Сайрамой, аз н. Ванҷ