Писарам Мақсудҷон Адиба ном ҳамсоядухтарро дӯст дошта, зорӣ мекард, ки ба хонаашон хостгорӣ равем. Ҳарчанд фаҳмондам, ки мардум дар бораи ин духтар гапҳои пасту баланди зиёде мегӯянд, бовар накарда, “ҳамсояҳо аз ҳасад Адибаро тардоман мегӯянд, духтарҳои худашон, ки мисли вай хушрӯй нест, рашкашон меояд ” гӯён, арӯсашро тарафгирӣ менамуд. Намедонам, ин Адибаи гӯрсӯхта чӣ кор карда буд, ки чашми писарам ба ҷуз вай ягон касро намедид. Касе аз аҳли оилаамон хоҳиш надошт, ки духтари тардомани Мирзошариф ба хонаи мо келин шуда ояд, вале Мақсудҷон ду пояшро ба як мӯза андохта “Адиба, танҳо Адиба маро хушбахт карда метавонад” мегуфт. Якравии писарамонро дида, дили падараш сӯхту гуфт: “Очаш, беҳтараш аз аспи ғазаб фаро, биё дили бачаи бечораро нашикаста ба хонаи ҳамон духтари дӯстдоштааш хостгорӣ равем. Шояд гапу калочаи мардум дурӯғу Адиба дар асл духтари хуб бошад.” Ҳамин тавр бо дили нохоҳам мо ба хонаи падари Адиба хостгорӣ рафтем ва дар байни як моҳ тӯю тамошо ороста, келин фаровардем. Қадами номубораки Адиба файзу баракати хонаамонро паронд, баъди омадани арӯс ба нони хӯрдан зор шуда мондем ва писари бечораам ночор роҳи Русияро пеш гирифт. Зани тиррончакаш ба ҷойи шавҳари ғарибашро руҳан дастгирӣ намудан, ду пояшро ба як мӯза андохта, аз Мақсудҷон талаб мекард, ки хонаи алоҳида харад. Писарам ба хотири амалӣ намудани хоҳиши зани шаттоҳаш се сол дар Русия кор карда бо пули калон баргашт ва аз маркази шаҳр хона харида, зиндагиашро ҷудо кард. Гумон доштем, ки акнун Адиба ба қадри шавҳараш мерасад ва хушбахту осуда зиндагӣ мекунанд, вале хаёламон хом баромад. Як шаби сарди зимистон писарам ба хонааш дер омада, зани бе шармашро дар оғӯши як марди дигар медорад ва тоби чунин шармандагиро накарда, худи ҳамон шаб чипта харида ба Россия парвоз мекунад. Рӯзи дигар ба мо занг зада, воқеаро нақл кард ва гуфт, ки албатта рафта хонаро аз дасти он касофат кашида гирем. Бо падараш рафтем. Келини бешарму беҳаёамон забондарозӣ намуда: “Писаратон маро сар надодааст. Ин гапҳо дурӯғи маҳз ҳастанд”,- гуфт. Мақсудҷон тариқи телефон гапҳои занашро шунида бо овози баланд “Ҳаромзод, ман туро кайҳо се талоқ кардам” гӯён, фиғон кашид. Гумон доштем, ки баъди фош гаштани сираш Адиба ба хубӣ хонаро холӣ мекунад, аммо келини тардомонам шиносҳояшро восита карда, хонаи писарамро ба хотири як фарзанд доштанаш кашида гирифт. Писарам бо шунидани ин хабар худашро дар таҳхонаи ҷои кораш ба дор овехтааст.
Шунидани ин хабари шум ману падарашро бе корд кушт. Мӯйсафедам сактаи дил шуда ба беморхона афтид, ман бошам, ба фишори хун мубтало гаштам. Дарунам пур аз ғаму алам аст. Нозу ишвакунон гаштани келини тарпочаамро дида, як аламам сад алам мешавад. Бо айби ҳамин худозада писари нозанини ман ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурду вай дар манзили бо арақи ҷабин харидаи Мақсудҷон кайфу сафо карда гаштааст ва ҳатто ягона ёдгории фарзандамон –писарчаашро, ки мисли себи дукафон ба Мақсудҷонам монанд аст, ба мо нишон намедиҳад. Магар беинсофӣ аз ин зиёд мешавад, мардум?
Тавакалбегим, аз Панҷ