Formula novemver 2024
 Худкушии зани ҳомила дар Ҳисор
8816

 Дар шаҳри Ҳисор як ҷавонзани тахминан 22-23 сола худро ба дор овехтааст. Дар ин бора субҳи имрӯз ба хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТЧ хабар доданд.

Тавре ки шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ҷавонзани даст ба худкушӣ зада, Заррина ном дошта, аслан зодаи деҳаи Булбулчашма будааст. Зарринаро волидонаш дар деҳаи Қарахонии дараи Алмосӣ ба шавҳар дода буданд. Маҳз дар ҳамин деҳа, дар хонаи хусураш ин ҷавонзани ноком, ки модари як фарзанд буда, боз дар батнаш тифли се-чормоҳа дошт, худро ба дор овехтааст.

Хоҳарам телефонашро набардошта бошад ҳам, шавҳари бадрашкаш бо дидани рақамҳои ношинос девона шуда, ӯро зери мушту лагад гирифтааст ва ҷазо доданӣ шуда, сарашро бо лезва тарошидааст.



Аҳли оила ба хонаи кадом як хешашон ба тӯй рафта, келинро танҳо мегузоранд. Заррина дар набудани хусуру хушдоманаш худро ба дор овехтааст, аммо сабаби даст ба худкушӣ задани ин зани ҳомиладор ҳанӯз маълум нест. Касоне, ки ин оиларо хуб мешинохтаанд, бо шарти пинҳон доштани ному насабашон ба хабарнигори сомонаи Оила-ТЧ чунин гуфтанд:

“Хусури Зарринаи ҷавонмарг, акои Тоҷиддин корманди милиса буда, чанде пеш ба нафақа баромад. Ҳамаи фарзандонаш бачаҳои хубанд. Касе то имрӯз дар бораи ин оилаи ягон сухани ноҷо нашунидааст. Зиндагиашон бад набуд. Хонаи ду келини калониро аллакай ҷудо карда буданд. Танҳо Заррина ҳамроҳи хусуру хушдоманаш мезист. Пеш аз маргаш ба касе аз ҳамсар ё хушдоманаш шикоят накардааст, аз ҳамин сабаб худкушии ин ҷавонзан барои ҳама як муаммои сарбаста гашт. Касе намедонад, ки чаро дар рӯзи тӯй келинчаки ҳомиладор худашро ба дор овехтааст. Дар деҳа овоза аст, ки гӯё ба Зарринаи ҳомиладор ҷин ёр шуда бошад, вале ин гапҳо то куҷо ҳақиқат доранд, маълум нест...”

Як корманди экспертизаи шаҳри Ҳисор бо шарти ошкор накардани ному насабаш ба мо хабар дод, ки ҷавонзан дар ҳақиқат ҳомиладор буда, бинобар сабаби бемории руҳӣ доштанаш даст ба худкушӣ задааст.

  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД