Чуноне қаблан ВКД хабар дод, ки дар деҳаи Қалъаи Ҳисори Ҷамоати Қалъаи Ҳисор як зан ҳамсояашро бо санг зада куштааст.
Хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТЧ барои фаҳмидани асли воқеа ба наздикони яке аз занҳои ҷабрдида дар тамос гашт.
Абдулло аз моҷарои дурударози ин хонавода ёдовар шуда, гуфт, ки Назира ва Гулдаста ҳамсояҳои наздик буданд. Писарони хурдсоли ин ду ҳамсоязан ҳамроҳ ба оббозӣ мераванд ва писари Гулдаста ҳангоми оббозӣ писари Назираро ба об тела мекунад. Ҳарчанд ин шӯхии кӯдакона барои писарбачаҳо бе фоҷиа анҷомид, Назира ба ин шукр нокарда, писари ҳамсояаашро аз лаби об то хонааш бо чӯбе лату кӯб карда меояд. Ин рафтори ноодилонаи ҳамсояш ғазаби модарро меораду вай барои ҳимояи писараш ба Назира дармеафтад. Ҷанҷолу кашмакаши ҳамсоязанҳо чанд лаҳзае идома ёфта онҳо ба замин меафтанд ва ҳамин замон Назира аз замин сангеро бардошта, ба сари Гулдаста мезанаду хун аз сару рӯйи Гулдаста фаввора мезанад. Маҳз ин зарба боис мегардад то Гулдаста дар роҳ беморхона ҷон ба ҷонофарин супорад.