sebiston july new
Шаҳром падарашро меҷӯяд!
2036

Шаҳроми Абдулҳак ҳанӯз 3-сола буд, ки падараш Шамсулҳак ба дидорбинии як дӯсташ рафта бо ҳамин бе ному нишон гашт.

Аз байн 22-сол гузаштаву дар ин миён Шаҳроми кӯчак ба воя расид, соҳиби зану фарзанд гашт, аммо то ҳол аз падараш дарак нест. Шаҳром фақат ҳамин қадар медонад, ки падараш Шамсулҳақ устоди варзиш буд. Вай дар маҳаллаи Саховати шаҳри Душанбе дар як толори варзишӣ ба кӯдакону наврасони карате ва гӯштинро машқ медод. Мураббии машҳур буд падараш ва шогирдони зиёде дошт. Боре як шогирдаш ба Шаҳром гуфт, ки падараш ҳамроҳи бибиаш дар хориҷа зиндагӣ мекунад, вале ин гап то куҷо ҳақиқат дорад, намедонад.
Имрӯз Шаҳром дар шаҳри Санкт-Петербург умр ба сар мебарад. Вай ҳам мисли падараш бо варзиш машғул аст. Борҳо дар муҳорибаҳои карате ва гуштин бар ҳарифонаш ғолиб омадаву соҳиби ҷойҳои намоён гаштааст, аммо то кунун захми ниҳоне дар дил дорад. Ин захм захми фироқи падар аст. Шаҳром то ҳол бо умед падараш Шамсулҳақро меҷӯяд ва аз касоне, ки дар ягон ҷой ин мардро дидаанд ва ё дар борааш чизе шунидаанд, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ба рақамҳои зерин занг зананд:89 259060386

 


9KLbCRUIwYrDuKghKhokXxSf88asWgJBnU4Zf0PF


Ман зани 34- сола ҳастам. 7 сол пеш аз Доғистон ба Тоҷикистон омадам.


 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД