Formula novemver 2024
Каждумкелин (қисми 3)
3109

Ҳанӯз ба беморхона нарасида, дар нимаи роҳ дар даруни мошин духтарчаи ба мисли фаришта зебояш дар бағали Меҳрӣ ҷон дод...

Гирдоби дард

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, баъди марги духтарчааш авзои апааш якбора бад шуд. Нилгун хаёлӣ шуда, ҳамеша дар бораи марг гап мезад. Ба назар чунин мерасид, ки ӯ худро руҳан ба мурдан тайёр карда истодааст. Меҳрии бечора намедонист нолаи зори духтарчаи ғӯрамаргашро кунад, аз паси ташвишҳои зиндагӣ давад ё гӯшу ҳуш шуда, апаи беморашро назора намояд, ки худашро ягон бало накунад. Икром аз тарси зани албастиаш барои Меҳрӣ дигар ҳатто чор нон ҳам наоварда, гоҳ-гоҳ дуздӣ-дуздӣ дастҳо дар почаки бинӣ омада мерафт. Аз марги духтарчааш ҳанӯз як моҳ нагузашта, ӯ маҷбур шуд, ки ба кор барояд, зеро дигар касе набуд, ки ба онҳо дасти мадад дароз намояд...

Васияти Нилгун

Як шом дар сари дастурхон Нилгун андешамандона ба чашмони Меҳрӣ нигариста гуфт:

-Як гапро кайҳо боз ба ту гуфтан мехоҳам, вале метарсам, ки аз ман хафа мешавӣ.

-Эҳ Нилгун, ин зиндагӣ маро он қадар хафа кардааст, ки ногуфтанӣ. Гап задан гир, хафа намешавам,-даст афшонд Меҳрӣ.

-Биё, аз ҳамин шавҳарат ҷудо шав, чунки ин мардак оқибат надорад. Аз шавҳаре, ки ақаллан як пора нон намебиёрад, чӣ суд? Аз чунин шӯдорӣ бе шӯ будан сад бор беҳтар аст...

-Ту хаёл мекунӣ, ки ман аз зани дуюми Икром шуданам хурсандам? Дар дил ҳар рӯз ба он рӯзи наҳсе, ки бо ин аблаҳ рӯ ба рӯ шудам, лаънат мехонам, лекин чӣ кунам, тақдирам ҳамин будааст. Мардҳои ҳозира ба бачаҳои худашон нон намедиҳанд. Маро бо як сағира дигар кӣ ба занӣ мегирад?-Меҳрӣ оҳи сард кашид.

-Худатро бо чашми кам набин, чунин зани меҳнатқарин ва пуртоқатро дилхоҳ мард ҷон-ҷон гуфта ба занӣ мегирад. Ҳоло ҷавону зебо ҳастӣ, сари вақт аз баҳри ин Икроми дурӯғгӯ ва маккори занкалон гузашта, ягон шавҳари хуб кун, то ки дар зиндагӣ танҳо намонӣ...

-Чаро танҳо мемондаам, Икром маро партояд ҳам ту ва Хуршедҷон ҳастед-ку! Ба ман ба ғайр аз ту ва писарам дигар ягон кас даркор нест! Меҳрӣ бо табассум ба апааш нигарист, вале лабони Нилгун ба ханда моил набуданд. Вай оҳи сарде кашид ва бо нигоҳи ҳузнолуд сар то пойи хоҳарашро палмосида пичиррос зад:

-Эй аз даҳонат шамол барад! Дигар ин хел гапҳои хунукро гуфта, маро зиқ накун. Ману ту ҳоло дар тӯйи Хуршедҷон мерақсем ва бибиҳои меҳрубон шуда, бачаҳои ӯро калон мекунам,-Меҳрӣ дасташро ба китфи апааш партофта, Нилгунро ба оғӯш гирифт ва бо меҳр бӯсид.

-Ба ҳар ҳол, агар мурда монам, ту зиқ шуда мотам нагир, майлаш?-якравона гуфт Нилгун.

-Як бори дигар ҳамин гапро такрор кунӣ, дигар бо ту гап намезанам,-озурдахотирона гуфт Меҳрӣ.

-Майлаш, майлаш, такрор намекунам, вале ту худатро эҳтиёт кун. Ман намехоҳам, ки хоҳарам як умр бо чашмони пуроб гардад,-Нилгун инро гуфта ҷиянаш Хуршедро ба оғӯш гирифт ва гӯё бо кӯдак бозӣ карда, сарашро дар байни мӯйҳои пахмоқи бача пинҳон кард, то ки Меҳрӣ ашки чашмони ӯро набинад...

Субҳи пур аз роз

Саҳар Нилгун барвақт аз хоб хеста ҳама ҷоро рӯфтаву тоза кард ва ҳатто хӯроки субҳонаро худаш пухт. Пас аз наҳорӣ вай либосҳои зеботаринашро ба бар намуда, худро орову торо дод ва дар пеши оинаи барқад рост истода, худашро дуру дароз тамошо кард. Меҳрӣ ин рафтори апаашро дида ҳайрон шуд, чунки Нилгун ягон вақт сару соз намекард, ба оина бошад, умуман наздик намешуд.

-Ба хайр аст, Нилгун, ин қадар фасон шудаӣ, ба куҷо меравӣ?-Пурсид Меҳрӣ бо ҳайрат.

-Ба назди Худоҷон. Одам бояд ба назди парвардигораш хушрӯй шуда равад,-ҷавоб дод Нилгун оромона.

Меҳрӣ якбора ларзида рафт. Дигаргун шудани авзои хоҳарашро дида, Нилгун гапро ба шӯхӣ гардонду гуфт:

-Тарсидӣ? Натарс, ман ҳоло мурданӣ нестам! Фақат мехоҳам хокрӯбаҳоро бурда ба дарё партоям, барои ҳамин либоси тоза пӯшидам.

-Лозим нест, ман худам вақти ба кор рафтан хасу хошокро якбора бурда мепартоям,-Меҳрӣ инро гуфта ба ҳавлӣ баромад, то ки сатили партоб ва каландашро гирифта ба кор равад, вале Нилгун бод барин ҷаҳида аз ӯ пештар худро ба рӯи ҳавлӣ зад ва чолокона сатилро аз замин бардошта гуфт:

-Ту ташвиш накаш, партобҳоро ман худам бурда ба дарё мепартоям!

-Чанд рӯз боз фақат дар бораи мурдан гап зада истодаӣ, мабодо ягон номаъқулӣ накунӣ,-таъкид кард Меҳрӣ.

-Ин қадар ба ман боварӣ надошта бошӣ, Хуршедҷонро ҳамроҳам мебарам. Рафтем, бачаҷон, ин хокрӯбаҳоро бурда ба об мепартоему баъд омада ҳардуямон бозӣ мекунем,-Нилгун аз дасти ҷиянаш гирифт ва ба сӯйи Меҳрӣ чашмак зада аз дарвоза баромад...

Дили Меҳрӣ таскин ёфта, каланд дар даст ба хонаи ҳамсоя даромад, то духтари ҳамсояро низ огоҳ кунад ва ҳарду якҷоя ба кор раванд, вале...

Фоҷиа

Нилгун хокрӯбаро ба дарё партофт ва сатилро болои харсанги канори соҳил монда, ҷиянчааш Хуршедро ба оғӯш гирифт. Вай рӯю мӯйи кӯдакро девонавор бӯса карда, бе садо мегирист. Оби чашмонаш мисли дарёи маҷрогумкарда рухсораҳояшро шуста, қатра-қатра ба дасту бозувони кӯдак мечакиданд. Хуршеди хурдакак бо дастчаҳои майдаякаш чашмони Нилгунро пок карда пичиррос мезад:

-Холаҷон, барои чӣ гиря мекунӣ? Очаам туро ҷанг кард? Гиря накун холаҷон, набошад ҳозир ман ҳам гиря мекунам.

-Гиря накун ҷонам, гиря накун! Холаат садқаи оби чашми ту шавад. Рав, зудтар ба назди очаат рав,-Нилгун инро гуфта кӯдакро аз оғӯшаш раҳо кард ва рӯяшро ҷониби хонаашон гардонда такрор намуд:

-Рав бачаҷон, рав, очаат аз хонаи ҳамсоя баромада туро мегирад...

-Холаҷон, шумо ба куҷо меравед? Биёед, якҷоя ба хона равем,-кӯдак гӯё пешомади нохуберо ҳис карда бошад, намехост холаашро танҳо монда равад.

-Рав Хуршедҷон, рав, ман баъдтар меоям,-Нилгун Хуршедро аз худ дур карда, пойафзолашро кашид ва рӯймоли сарашро кушода бо он чашмони пуробашро маҳкам баста, ба дарё даромад. Об аввал то буҷулаки пойи Нилгун расид, баъд оҳиста-оҳиста баланд шудан гирифт....

Хуршеди хурдакак бо дидани ин манзара ба даҳшат афтида бо тамоми овоз фиғон кашид:

-Очаҷон, ҳозир холама об мебараааааад....

Фиғони талхи кӯдак дар саросари деҳаи куҳсор танин андохт:

-Холама об мебараааааад!

Меҳрӣ овози писарчаашро шунида осемасар аз хонаи ҳамсоя худро ба берун зад. Сатили партоб аз болои тахтасанг чаппа шуда дар як гӯша зору ҳайрон мехобид, Хуршеди хурдакак бо тамоми овоз “холаҷонннн” гӯён гиря мекард, Нилгун бошад, аллакай ба байни дарё расида, об қариб то гулӯяш расида буд.

-Нилгун-н-н, апаҷон, ту чӣ кор карда истодаӣ, баргард! –Меҳрӣ ҷонҳавл ба сӯйи дарё давид, вале ҳамин дам мавҷи бузурги об баланд шуд ва мисли аждар Нилгунро ба коми худ фурӯ кашид. Меҳрӣ танҳо як дасти апаашро дид, ки фақат як лаҳза боло шуда, гӯё абадан бо ӯ хайрбод гуфт...

Бо дидани ин манзара Меҳрӣ аз ҳуш рафта ба замин афтид...

Дар ҷустуҷӯи Нилгун

Духтари ҳамсоя аз паси Меҳрӣ баромада, ин манзараи даҳшатнокро бо чашми сараш дид ва ба даҳшат афтид. Вай зуд каландашро ба замин партофта бо тамоми овоз дод зад:

-Эй ҳамсояҳо, зудтар бароед, ки апаи Нилгунро об бурд!

Доду войи духтаракро шунида аввал кӯдакону наврасон, баъд занону мардони калонсол ба кӯча баромаданд. Хурду калон дар атрофи Замира ҷамъ шуда, чӣ ҳодиса рӯй доданашро мепурсиданд. Духтари ба даҳшат афтода бо як азоб ба ҳамдеҳагонаш фаҳмонд, ки апаи Меҳрӣ-Нилгунро оби дарё бурд, худи Меҳрӣ бошад дар рӯйи сангу рег беҳушу беёд хоб аст.

Занҳо болои сари Меҳрии бе ҳушу беёд омада, кӯшиш мекарданд, ки ӯро ба худ биёранд, мардҳову бачаҳо бошанд, қад-қади соҳил давида Нилгунро меҷустанд....

(Идомаашро фардо соати 22-00 мутолиа намоед!)

Ҷӯразода Б

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД