sebiston july new
Бохтар: Падарталбон боиси марги арӯс гашт
8013

 

Чанд сол боз дар кишвари мо қонун дар бораи танзими расму оин ва тӯю маракаҳо амал менамояд, аммо то ҳол дар аксари минтақаҳо афроде пайдо мешаванд, ки ин қонунро пушти по зада, ба хотири худнамоӣ ҳар гуна маъракаҳои лозиму нолозим мегузаронанд.

Чунин як маросими баъди тӯй дар шаҳри Бохтар боиси марги арӯсаки якҳафтаина гашт.

Тавре ки сокинони шаҳри Бохтар ба хабарнигори сомонаи “Оила” хабар доданд, Аслия ном арӯсаки ҳафтрӯза дар ин шаҳри номбурда зери чархи мошин монда, ҷони ҷавонашро аз даст додааст. Садамаи сархӯр як ҳафта пас аз тӯйи арӯсӣ сурат гирифта, дар натиҷа ин арӯси аз сад гул як гулаш нашкуфта ҷавонмарг гашт.

Ба гуфти шоҳидони ҳодиса ҳамон рӯз хонаводаи шавҳараш маърака ороста, падари арӯсро талбон мекунанд. Пас аз маъракаи “падарталбон” дар қатори аҳли оила Аслияи наварӯс низ барои гусели меҳмонон мебарояд. Волидони Аслия 21- сола бо лабони пуртабассум бо фарзандашон хайрухуш намуда, барояш аз даргоҳи худованд бахти сафед металабанд. Хешу ақрабои арӯсак бо туҳфаҳои зиёди аз ҷониби қудо тақдим гашта, хурсанду мамнун ба мошин нишаста ба хонаҳои худ раҳсипор мешаванд. Пайвандони арӯс ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки ин охирин дидори онҳо бо ҷигарбандашон аст, вале ҳамагӣ пас аз чанд лаҳзаи гусели меҳмонон, вақти аз роҳ гузаштан Аслияи наварӯс зери чархи мошин монда, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин месупорад.

Хусуру хушдоманаш аз сар задани ин фоҷиаи ногаҳонӣ волидони арӯси ғуррамаргро хабардор намуданд. Падару модари Аслияи нокомро лозим омад, ки дубора ба манзили қудо баргарданд, аммо ин дафъа бо чашмони гирёну қалби хунчакон.

Ҷасади Аслияи наварӯс, ки ҳамагӣ 21- сол дошт, дар шаҳри Бохтар ба хок супурда шуд.

Падарталбон яке аз маросимҳои маъмулии арӯсие мебошад, ки қариб дар тамоми минтақаҳои кишварамон ошкору пинҳон гузаронида мешавад. Падару модари домод як ҳафта ё чиҳил рӯз пас аз тӯйи арӯсӣ гӯсфанд ё бузеро сар зада, маъракаи калон меороянд ва падари арӯсро ба хонаи худ даъват мекунанд, яъне металбанд. Маъмулан падари арӯс ба хонаи духтараш бо туҳфаҳои гаронбаҳо аз қабили мошинаи ҷомашӯӣ, телевизор, яхдон ё қолину мебел меояд.

Дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон то волидони домод падари арӯсро ба хонаашон наталбанд, ӯ пою қадамашро ба даргоҳи онҳо намегузорад ва ба хабаргирии духтараш намеравад.

Қонуни танзим гузаронидани маъракаи падарталбонро манъ кардааст, аммо то ҳол дар аксари минтақаҳо тӯйдорон онро баргузор менамоянд...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД