Sebiston new 2024 october
Талоқ нагирифта шӯ кардам, никоҳи мо ҳалол аст?
5064


Мардуми деҳот ҳамин, ки фаҳмиданд домодшаванда аз шаҳр аст, аз хурсандӣ қабат-қабат гӯшт гирифта, аслу насабашро напурсида, дарҳол духтаронашонро бароварда медиҳанд.

Инро дар мисоли тақдири бади худам мегӯям. Диёр ном ҷавони шаҳрӣ маро дар тӯйи як дугонаам дида, писандиду ба хонаамон хостгор фиристод. Волидонам «ҷавони зебо будааст, падару модараш ҳам сарватманд» гуфта, корро кашол надода худи ҳамон рӯз розигӣ доданд. Пурсидани розигии мани арӯсшаванда ба гӯшаи хаёлашон ҳам наомад. Аз чи бошад, ки тарафи домод тӯйро ҳарчи зудтар барпо кардан мехостанд. Падарам маҷбур шуда аз бонк қарз гирифтанду маро ба қавли худашон «бо обурӯи муҳаммадӣ» ба хонаи бахтам гусел намуданд. Тӯямон дар тарабхонаи Оли Сомон хеле зебою бодабдаба гузашта бошад ҳам, таги дилам ким чи хел сип-сиёҳ буд. Беҳуда «дил гувоҳи ҳақ аст» намегуфтаанд, шавҳарам ҷавони зебо бошад ҳам, дуруштмуомилаю ҳавобаланд баромад ва аз рӯзи аввал рафтору кирдору гуфтораш ба ман маъқул нашуд. Вай то маро гирифтан чандин духтаронро ба доми фиреб андохта будаасту бешармона дар бораи маъшуқаҳояш ҳар шаб нақл мекард. Қаҳрам ояд ҳам, чизе намегуфтам. Диёр аз хомӯшии ман далертар шуда, шабҳо дар бистари хоб бо дигар духтарҳо телефонӣ чақ-чақ мекардагӣ шуд. Рӯзе аз паси дар гуфтугӯяшро бо зане шунидам.Шавҳарам бо забони русӣ ба ҳамсӯҳбаташ ваъда дод, ки ҳафтае пас борҳоро бурда мерасонад. Ҳайрон шудам, ки гап дар бораи кадом бор мерафта бошад, чунки Диёр бо савдо сарукор надошт. Бегоҳии ҳамон рӯз шавҳарам дар сари дастархон гуфт, ки азми сафари Русия дорад, гӯё дар Москва кори бисёр муҳиму таъҷилӣ доштааст. Хусурам «Бачам, нав аз тӯят шаш моҳ нагузаштааст, чи хел арӯсатро партофта меравӣ» гӯён, хеле насиҳат карда бошанд ҳам, Диёр ду пояшро ба як мӯза андохта, меравам мегуфт.

Хуллас, Диёрро гусел намудему ду рӯз аз байн нагузашта тариқи телевизиони Русия чанд тоҷикбачаеро намоиш доданд, ки бо маводи мухаддир ба даст афтода буданд. Дар байнашон шавҳарам Диёр ҳам буд. Фиғони падару модараш ба фалак печид, вале аз гиряву нола суд набуд. Суд Диёрро ба мӯҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Хусурам бо дидаи пуроб маро бо кӯчу бандам ба хонаамон оварда монд. Як моҳ нагузашта марди занмурдае хостгорам шуду падарам маро дубора хонадор кард. Зиндагиям хуб аст, соҳиби фарзанд шудаам, вале то ҳол як чиз маро азоб медиҳад-талоқамро аз шавҳари якум нагирифтанам! Диёр то ҳол ҷавоби маро надодааст, магар никоҳамон бо шавҳари дуюмам дуруст аст?
Муясара аз н. Айнӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД