Рӯзи 19-уми августи соли 2017 Ҷаҳонгир Ҳисориев аз олам гузашт. Ҷасади ин ҷавони ормониро, ки гӯё барқ зада кушта буд, бо нолаҳои зоруашкҳои хунин дар қабристони Ҳазрати Ҷилтанҷон,ки дар маҳаллаи Сомониён, ҷамоати деҳоти “Чимтеппа” воқеъ аст, ба хок супориданд, аммо...
Ҷаҳонгир ҳар шаб ба хоби модараш даромада, зориву тавалло мекард, ки ӯро зинда ба зинда гӯр кардаанд, тезтар қабрро канда раҳояш кунанд, ки дар ин ин гӯри сарду торик талхакаф мешавад. Модари фарзандгумкарда бо чашмони селоби ашк зориву тавалло мекард, ки қабри фарзандашро кушоянд, мабодо писараш дар гӯр зинда нашуда бошад, вале касе ба додаш намерасид. Муллои деҳа “астағфуриллоҳ гӯед, ягон мурда зинда намешавад” гӯён, иҷозат намедод, ки наздиконаш қабри Ҷаҳонгири ҷавонмаргро бикушоянд.
Субҳи 19-уми август Ҷаҳонгири кафанпеч дар пушти дарвозаи ҳавлияшон истода бо исрор модарашро садо мекард: “Оча, очаҷон, ин ман, писаратон Ҷаҳонгир, тезтар дарвозаро кушоед...”
Модар “Писаракам Ҷаҳонгирҷон омадааст” гӯён, парида хест ва худро дар болои бистар дида, дарёфт, ки боз хоб дидааст. Болини апаи Рухшона аз оби дида тар шуда буд...
Косаи сабри модар лабрез гашт, охир аз марги Ҷаҳонгири ҷавонмаргаш аллакай даҳ рӯз гузашта бошад ҳам, писари ормониаш ҳар шаб ба хобаш даромада “чаро маро зинда ба зинда гӯр кардед” мегӯяд. Ин ҷо чи сирри ниҳоне ҳаст.
-Шумо хоҳед-нахоҳед ман қабри писарамро кушода мебинам, ки чӣ ҳол дорад ва барои чӣ ҳар шаб ба хобам медарояд. Ман модар ҳастам ва то вақте ки гӯрро кушода ба мурдани писарам боварӣ ҳосил накунам, дилам ором намегирад,-модар каланди калонеро ба даст гирифт ва дигар ба касе аҳамият надода, аз дарвоза берун шуд.
Падару бародарони Ҷаҳонгир илоҷи дигар наёфта думболи ӯ ҷавонибиқабристон ба роҳ афтоданд...
Гӯрро кушода ҳама ҳозирон ба даҳшат афтиданд. Ҷаҳонгири ормонӣ кафанашро дар танаш пора-пора кардаву дар хоки деворҳои лаҳад изи панҷаҳояш нақш баста буд...
Модар сарашро ба замин зада зор-зор гириста навҳа мекашид: ”Бачама зинда ба зинда гӯр кардед, беинсофҳо! Бачаи бечорам дар гӯри тангу торик чи қадар азобу уқубат кашидаааст, худо медонад. Гуфам, ки тезтар қабрро кушоед, агар ин корро барвақт мекардед, шояд Ҷаҳонгирро зинда дарёб мекардем...”
Наздикони Ҷаҳонгир афсӯс хӯрда, қабрро боз маҳкам карданд, аммо...
Аз ин ҳодиса аллакай ду сол гузашта бошад ҳам, то ҳол рӯҳи Ҷаҳонгири ормонӣ ноором аст. Ӯро гоҳ мошинсавор мебинанду гаҳе аз дур даст афшонда гӯё бо наздиконаш хайрухуш мекунад. Яке қасам мехӯрад, ки Ҷаҳонгирро дид, лекин имкони бо ӯ сӯҳбат кардан наёфт, чунки дар як миҷҷа задан аз назар ғоиб шуд, дигарӣ мегӯяд, ки Ҷаҳонгир бо табассум ба сӯяш ким чи ишорае мекард. Модари ҷавон аз рафтан ба бозори Корвон худдорӣ мекунад, чунки чанд бор дар яке аз гузаргоҳҳои ҳамин бозор фарзандашро бараъло дидааст. Духтарчаи Ҷаҳонгир ба модараш гуфтааст, ки падарашро дар назди мағоза дидааст. Калонсолон хеле кӯшиш карданд, ки ба кӯдак фаҳмонанд, падараш кайҳо аз олам гузаштаасту дигар бар намегардад, аммо духтарча ду пояшро ба як мӯза андохта “ман бо чашмони худам дидам, дадаҷонам буд” мегӯяд.
Руҳи беқарори Ҷаҳонгир гоҳ инҷову гоҳ он ҷо пайдо мешавад, аммо аксари дӯстону наздиконаш борҳо ӯро дида бошанд ҳам, ҷуръати наздик рафтан накардаанд.
Аҷабо, чи қадар сирру асрори ниҳон дорад, ин олами беканор.