arzon replenishment
Шукрия шавҳарашро аз марг наҷот дод
2075

Ошиқ ё дӯст?
Пойдорию хушбахтии оилавӣ ба меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмии ҳамсарон вобаста аст. Ин нуктаро Худованди меҳрубон низ дар китобҳои осмонӣ зикр намудааст. Аз ҷумла дар Қуръони Карим омадааст: «Мардони муъмин ва занони муъмин дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоиста бозмедоранд…» (Тавба,9/71). Шояд бархе иддао намоянд, ки муҳаббат дигару дӯстӣ дигар аст ва зану шавҳар бояд маҳбуби ҳамдигар бошанд, на дӯст. Ин андеша ғалати маҳз аст. Ишқу муҳаббате, ки аз чашми поку зулоли дӯстӣ об нахӯрдааст, бебақо ва нопойдор хоҳад буд. Зану шавҳар ҳамчун дӯстони ҷонӣ дар зиндагӣ ҳамеша шарики ғаму шодии ҳамдигар бошанд, оилаашон устувор ва ҳаёташон ширину хуш мегузарад. Далели равшани ин гуфтаҳо зиндагии ибратомӯзи Эраҷ ва Шукрия аст, ки ҷонфидоии худро на бо сухан, балки дар амал исбот намудаанд.

 Бачаи баномус
Эраҷ дар оила фарзанди калонӣ буд. Вай кашидани бори гарони зиндагиро ба дӯши худ гирифта, шабу рӯз ҷон мекоҳонд, то падару модар ва бародару хоҳаронаш аз чизе танқисӣ накашанд. Падараш чанд сол боз рӯйи бистари беморӣ мехобид. Барои ба дарди падар даво бахшидан Эраҷ сарашро ба дари даҳҳо бемористон зад, қиблагоҳашро назди машҳуртарин табибони кишвар бурд, аммо касе натавонист гиребони мӯйсафедро аз панҷаи гирои аҷал раҳоӣ бубахшад. Падар бо ҷисми абгор ин дунёи фониро тарк намуд. Эраҷ ҳамчун писари калонӣ маъракаҳои мотами падарро бо риояи тамоми таомулҳои тоҷикона гузаронда, пасон аз паси илмомӯзии бародараш шуд. Бо сабаби душвориҳои зиндагӣ худаш ва бародараш Беҳзод натавонистанд маълумоти олӣ бигиранд, аз ҳамин хотир Эраҷ мехост бо ҳар қиммате, ки набошад, додари хурдиашро хононда як фарди босаводу бо обрӯ гардонад. Такудавиҳои зиёде карда охирин нишонаи падарашро аввал ба Донишгоҳи миллӣ дохил намуд, баъд барои идома додани таҳсил ба Амрико фиристод. Гумон дошт, ки бо ҳамин қарзи худро дар назди бародарону хоҳаронаш пурра адо карда аз паси зиндагии шахсиаш мешавад, аммо…

 Дарди беамон
Вақтҳои охир худро хеле бад ҳис мекард, рангаш мисли коҳ заъфаронӣ гашта буд, мадори роҳгардӣ надошт, вале худро мард гирифта пайкари дар назараш якбора мисли кӯҳ гаронгаштаашро базӯр-базӯр кашолакунон роҳ мегашт. Ҳамсараш Шукрия ҳар рӯз таъкид мекард, ки назди духтур рафта аз вазъи саломатиаш бохабар шавад, вале Эраҷ даст афшонда «мегузарад» гӯён, боз аз паси ташвишҳои зиндагии модару додару хоҳаронаш мешуд.
Охирҳои моҳи ноябр вай хонаеро иҷора гирифта аҳли оилаашро аз деҳа ба шаҳр овард. Мехост модарро дар ҳамин ҷо дар назди табибони номдор табобат намояд. Кампирро дар беморхонаи шаҳрчаи табибон бистарӣ карда, як курси табобатӣ гирифтанд. Ҳоли модар хеле беҳ шуд, вале аҳволи худи Эраҷ рӯз то рӯз бадтар мешуд. Дар баробари бемадорию рангу рӯйи парида нафаскашиаш низ душвор гашта буд. Писари аммаш рӯзе тасодуфан ӯро дар шаҳр диду ҳуш аз сараш парид. Эраҷ ба дараҷае лоғар шуда буд, ки хешаш ӯро базӯр шинохт. Ба нею нестони Эраҷ нигоҳ накарда хешбачааш ӯро зӯран ба беморхона бурд. Табибон ташхис гузаронда муайян карданд, ки ҳарду гурдаи Эраҷ қариб аз кор баромадаанд. Хеле сарзанишаш намуданд, ки чаро нисбати саломатии худ ин қадар бепарвоӣ зоҳир намуда, ҳолашро табоҳ гардондааст, вале дигар кор аз кор гузаштаву аз коҳиши бемор суде набуд. Мебоист фавран чора дид, вагарна…

Дар ҷустуҷӯйи гурда
Мутахассисони клиникаи Мансуров роҳи ягонаи наҷотро дар иваз кардани гурда донистанд. Вақте Эраҷ фаҳмид, ки арзиши ин ҷарроҳӣ, бидуни дигар хароҷотҳо панҷоҳ ҳазор сомониро ташкил хоҳад кард, ба шарте шахси ба додани як гурдааш розиро пайдо намоянд, умедшро аз зиндагӣ канд, зеро вақт хеле каму ёфтани «донор» душвор буд. Модар ва хоҳари Эраҷ розӣ буданд, ки гурдаашонро диҳанд, вале ташхис нишон дод, ки гурдаҳои онҳо мувофиқат намекунад. Дар байни пайвандон дигар касе ёфт нашуд, ки ба чунин қурбонӣ барои Эраҷ розӣ бошад. Ҷавонмарди ҷасуре, ки дар умраш аз чизе ҳарос надошт, акнун панҷаи тавонои аҷалро баръало дар болои сараш медид ва эҳсоси яъсу навмедӣ қалбашро мефишурд.

 Зани ҷонфидо
Дар ана ҳамин лаҳзаҳои ҷонсӯз ҳамсараш Шукрия коре кард, ки ба гӯшаи хаёли касе намеомад. Шукрия ба бонк рафта барои ҷарроҳӣ кардани шавҳараш пули калон қарз гирифт ва назди духтурон даромада гуфт:
-Ман як гурдаамро ба шавҳарам Эраҷ медиҳам. Аллакай пул ҳам ёфтам, шумо метавонед бо дилпурӣ амалиётро сар кунед!
Аввал табибон гумон карданд, ки Шукрия зери таъсири хастагии чандмоҳа бар асари бемории шавҳараш ин суханонро гуфта истодааст, вале баъдан қатъӣ будани азми ин зани ҷонфидоро дарк карда омодагиро ба амалиёти иваз кардани гурда шурӯъ намуданд. Мутахассисон пештар шахсони аз ҷиҳати ирсӣ наздик, бародару бародар, апаю хоҳар, додару хоҳарро ҷарроҳӣ карда буданд, вале дар таҷрибаи кори худ бори аввал гурдаи занро ба шавҳар васл мекарданд, аз ин лиҳоз дар ташвиш буданд, ки ҷисми Эраҷ гурдаи ҳамсараш Шукрияро қабул мекунад ё не. Акнун натанҳо ҷони Эраҷ, балки ҷони ҷавони ҳамсараш Шукрия низ дар хатар буд, зеро ҷуз худованд дар саросари ҷаҳон дигар касе кафолат дода наметавонад, ки амали ҷарроҳӣ бехатар мегузарад ва бемор дубора ба по бар мехезад. Тамоми хешу ақрабо ва пайвандони Эраҷу Шукрия шабу рӯз ду даст ба дуо бардошта, аз Худованд талаби бо хушиву некӣ гузаштани ин амалиёти душвори ҷарроҳиро менамуданд. Бародари хурдии Эраҷ омада натавонад ҳам, қариб ҳар рӯз аз Амрико занг зада аз ҳоли акааш бохабар мешуд ва ба қадри имкон пул мефиристод.

 Хандаи бахт
Мувофиқи нақша аввал Шукрия, баъд Эраҷро ҷарроҳӣ карданд. Хушбахтона амалиёт бобарор гузашт. Он рӯз барои пайвандони ҳарду рӯзи ид буд. Модарон, хоҳару додарон ва дигар хешу ақрабои Шукрияву Эраҷ аз шодӣ дар куртаҳошон намеғунҷиданд, ки худованд ба ҷони ҷавони ин зану шавҳар раҳм карда, бо шарофати дастони пурэъҷози табибон ба ҳарду умри дубора ато намуд. Худованд дар ояте аз Қуръони карим ба бандагонаш ваъда додаст: «Дуову илтиҷо кунед Маро, то (дуои) шуморо иҷобат созам» ва тақдири Эраҷу Шукрия делели равшани ба ваъдааш вафо намудани Парвардигори олам аст. Ба Худованд такя кунед, Офаридгор мушкили шуморо албатта осон мегардонад, чуноне, ки мушкили ин зану шавҳарро осон ва зиндагиашонро пурнишот гардонд.

                           Ҳамдамов Мирзоҳамдам

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД