Sebiston new 2024 october
Қасоси арвоҳ
3528


Назокат-модари се фарзанд, се духтарчаи гул барин зебо буд ва онҳоро аз ҷонаш ҳам бештар дӯст медошт.

Мабодо ягонтои онҳо бемор шаванд ӯ хурду хобро фаромӯш мекард, назди фолбин мерафт, табиб меовард, духтурро ҷеғ мезад, ба дорухона медавид. Хулоса сарашро ба ҳазору дар зада ба дарди фарзандаш даво меҷуст. Бо гузашти айём худаш ногаҳон ба бистари беморӣ афтода монд. Рӯз то рӯз бемориаш вазнину нафаскашиаш душвортар мешуд. Беҳолу бемадор гашта буд. Духтарчаҳои дӯстрӯякаш як дақиқа ҳам аз сари болини модар дур намерафтанд. Онҳо оби дида рехта илтиҷо мекарданд:

-Оча, очаҷон, моро партофта наравед, бе шумо мо чӣ кор мекунем?
Аммо ба гӯши модар чизе намефорид, дардаш вазнин буд. Назокат танҳо гоҳ-гоҳ чашмонашро кушода ба рӯи духтарчаҳояш нигоҳ мекарду халос.
Як шаб ким-кадом қувваи ноаёне гӯё ба ӯ рӯҳу мадори нав бахшида бошад, ғайричашмдошт аз ҷояш хеста, шавҳарашро ба наздаш даъват намуд ва рост ба чашмонаш нигариста гуфт:
-Отаи Рафоат, ман мемирам. Имшаб хобама дидам. Аз ту танҳо як илтимос дорам духтарҳоямро нағз нигоҳубин кун, намон ки ягон кас онҳоро озор диҳад.
Назокат инро гуфту сарашро ба болин ниҳод ва оҳиста чашмонашро пӯшиду дигар накушод…
Аз марги Назокат нав шаш моҳ гузашта буд, ки шавҳараш Иброҳим аз қишлоқи ҳамсоя як зани 2-кӯдакдори аз шавҳараш баромадагиро ёфта гирифт. Аз ҳамон рӯзе, ки ин занак ба остонаи хонаи Иброҳим пои номуборакашро гузошт, рӯзи сафед барои се духтари Назокат шаби тор табдил ёфт.
Бисёр зани бераҳму бешафқат, шаттоҳу золим буд моиндарашон. Рӯзи дароз духтаронро азобу шиканҷа дода кор мефармуду нони серӣ намедод. Моиндари золим ятимони бечораро дуои бад карда дашномҳои қабеҳ медод, ки ногуфтанӣ, вале бо духтарони худаш меҳрубону ғамхор буд. Акнун дар хонаи Иброҳим духтарҳои зани наваш Маликаю фарзандони худаш канизак гашта буданд…
Як шаби фасли зимистон духтарҳои Иброҳим дар гирди сандалии хунук ташнаву гурусна бо чеҳраи зарду хотири парешон, бо ашки чакону қалби бирён, бо дили пур аз аламу ҳасрат нишаста буданд, ки якбора дар кушоду шуду модарашон аз дар даромад. Моиндар не, модари худашон Назокати худораҳматӣ дар тан пироҳани сапсафед ба назди онҳо омада буд.
-Оча! Оча!-Ба чашмони худ бовар накарда, аз ҷояшон бархостанд духтарҳо.
-Ту пеши мо омадӣ? Ту намурдаӣ?!
Духтарҳо мехостанд худро ба оғӯши модарашон партофта, аз сару рӯяш бибӯсанду азобу ранҷу ғамашонро нақл кунанд, вале, модар худро ба канор гирифта гуфт:
-Наздик наоед! Ба ман расидан мумкин нест.
Иброҳим садои духтаронашро шунида, аз хонаи шафат баромаду ҳамсари раҳматиашро дида дар ҷояш бо даҳони боз шах шуда монд. Назокат бо ғазаб ба чашмони шавҳараш нигарист:
-Наход, падар нисбати фарзандонаш ин қадар бераҳм бошад? Аз ғазаби Худо битарс, сари инҳоро сила кун! Инро гуфту Назокат аз хона баромад.
Ҳама аз қафояш баромада диданд, ки чи тавр ӯ оҳиста-оҳиста ба рӯи барфи тунуки навборида қадам гузошта, ғайб зад, вале дар рӯи барф ягон нақши пай намонда буд….
Донахон Эгамбердиев, омӯзгор

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
беном 2019-07-13, 14:17
Афсонаҳои зӯр медонисти муаллим
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
беном 2019-07-13, 14:17
Афсонаҳои зӯр медонисти муаллим
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД