Formula novemver 2024
Касалии пес даво дорад?
3126

 

Салом! Ман Санавбар, сокини ноҳияи Ғончӣ. Чандест, ки сахт азият мекашам. Гап сари он аст, ки дар баданам бо сабабҳои ба ман номаълум доғҳои сафед пайдо шудаанд.

Ба назарам чунин менамояд, ки ҳама ба ҳоли ман механданд. Аз шарм ёрои ба ягон ҷо меҳмонӣ рафтан намекунам. Чанд бор барои ташхис ба назди табибон рафтам. Маро муоина намуда гуфтанд, ки ба витилиго гирифтор шудаам ва бояд ба тақдир тан диҳам. Акнун ягона умедам ба ҳафтаномаи «Оила» ва табиби машҳури мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев аст. Наход ягон гиёҳи муъҷизаноке набошад, ки маро аз ин доғҳои дилхарош халос кунад?

Санавбар, аз н. Ғончӣ

Посух

Лакка ё доғҳои сафед дар пӯст бар асари норасоии пигменти меланин пайдо мешаванд. Синтези меланин дар ҷигар сурат мегирад ва баъди ҷараёни ҳосилшавӣ ҷониби пӯст роҳ мепаймояд, вале баъзан ин раванд бо ягон сабаб вайрон шуда, дар натиҷа пигменти меланин ба баъзе нуқтаҳои бадан намерасад. Ин боиси пайдо шудани доғҳои сафеде мегардад, ки дар илми тиб онҳоро витилиго ном мебаранд. Омилҳои пайдоиши ин беморӣ гуногунанд, аз ҷумла заъфи аъзои дохилӣ аз қабили иллатҳои ҷигар, ғадуди зери меъда, ғадуди болои гурда, ғадуди сипаршакл, инфексия, ҳамчунин кирми лямблия боиси пайдоиши чунин доғҳо гашта метавонанд. Илми тиб бо ҳама қудраташ ин бемориро мисли псориаз илоҷнопазир эълом доштааст, вале ман дар китобҳои қадимӣ чанд роҳи дармонашро пайдо намудам. Гузаштагони донишмандамон ин дардро бо воситаи гиёҳҳои нодире аз қабили оқирқирҳо, раҷул-ул-ғуроб ва занҷабил табобат мекарданд. Ман замоне ин гиёҳҳоро аз Кирмоншоҳ ва Куҳи Бесутун оварда будам ва се беморро бо воситаи ҳамин давоҳо табобат кардам. Якеашон доктори илми кимиё, дуввумӣ як хонуми узбекистонӣ ва саввумӣ ҷавоне буд аз шаҳри Қурғонтеппа. Ҳарсеашон пурра шифо ёфтанд.     Имрӯз дар табобати ин беморӣ ҷавзи ҳиндӣ, нилуфар, саъди куфӣ, мастакӣ, киндир, мехак, афсантин, турбид ва ғайраро истифода мебарем. Тарзи тайёр кардани даворо намегӯям, чунки ёфтани ин гиёҳҳо барои одами одӣ бисёр мушкил аст. Шумо метавонед ҷиҳати рафъи омилҳои дохилӣ, ки боиси пайдоиши ин беморӣ гаштаанд, гиёҳҳои момирон, чойкаҳак, чоқла, решаи аир, риши ҷуворӣ, чилбуғум ва кокутиро ҷӯшонида нӯшед, вале барои пурра табобат намудан бояд ба табиб муроҷиат намоед.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Джахонгир 2019-07-26, 18:56
Асалому алайкум ин бемори витилиго дар Узбекистон табобат шидестай дар Точикистони азизимон дар гарм чашма табобат мешавад
Посух
Аниса 2019-10-06, 19:36
Касалии пес табобат оё мешавад агар табобат шавад номер ё сурогаатонро нависед илтимос
Посух
ибодулло 2023-05-23, 17:17
дарвоз
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Джахонгир 2019-07-26, 18:56
Асалому алайкум ин бемори витилиго дар Узбекистон табобат шидестай дар Точикистони азизимон дар гарм чашма табобат мешавад
Посух
Аниса 2019-10-06, 19:36
Касалии пес табобат оё мешавад агар табобат шавад номер ё сурогаатонро нависед илтимос
Посух
ибодулло 2023-05-23, 17:17
дарвоз
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД