Sebiston new 2024 october
Ҳалола(Қисми 2)
10.11.2019
Дилошӯб
2920

 

“Акнун йигити шаҳрӣ калон шуда, зани қишлоқӣ мегирифтааст?!” аз дил гузаронид Беназир, вале саволаш дар гулӯяш санг баст, зеро шарму ҳаёи духтарона нагузошт аз хола инро пурсад. Волидонаш ҳатто ризоияти ӯро нопурсида, дарҳол Беназирро ба хешбачаашон фотиҳа намуданд ва санаи тӯйро муайян карданд.

Қудои саховатманд

Гуландом як ҳафта пас аз фотеҳа барои Беназир чунон ҷиҳозе овард, ки аз диданаш даҳони мардуми деҳа воз монд. Сарупои арӯс пурра аз либосҳои навбаромади ҳанӯз чашми қишлоқиҳо надидаю зару зевари гаронбаҳо иборат буд. Хушдомани шаҳрии Беназир “Шумоён ташвиш накашед, аз косаю табақ сар карда, то қолин, палосу мебел ҳама чизи барои зиндагӣ заруриро барои келину писарам ман худам кайҳо тайёр карда мондаам” гӯён, нагузошт, ки волидони арӯс барои духтарашон ҳатто як болиштчаи зардӯзӣ ё гулдӯзӣ бидӯзанд.

Насиҳати моиндар

Ҳамин тавр Гуландому шавҳари серпулаш ҳам дар деҳа ва ҳам дар шаҳр тӯйи бошукуҳ ороста, зери навои карнаю сурнай бо рақсу бозию нишот Беназири соҳибҷамолу зеборо ба хонаашон оварданд ва фариштаи деҳотӣ маликаи қасри табибони сарватманди шаҳрӣ гашт. Саида ҳангоми хайрухуш Беназирро ба гӯшае кашида насиҳат кард:

-Беназирҷон, духтарам, Наимҷон бачаи яккаю ягона ва эркаи падару модараш аст. Гуландом аз байни духтарҳои бешумор туро барои ахлоқи накӯят интихоб кард. Маликаи як қасри бошукуҳ шуда аз чангу хоки қишлоқ халос мешавӣ. Корҳои хонаатро хизматгор ба ҷо меорад, вазифаи ту танҳо дили шавҳаратро ёфтан асту халос ҷонам. Хусуру хушдоманат туро тоҷи сар мекунанд, агар писарашонро хушнуду хушбахт карда тавонӣ...

Аз ин насиҳатҳои очааш дили Беназирро даҳшат зер кард. Бечора арӯсак ҳайрон монд, ки дили як ҷавони эркаи шаҳриро чӣ гуна ба даст меоварда бошад , зеро нигоҳи сарди домодро ҳатто дар сари тахти бахт дар тарабхона эҳсос намуда буд.  

Омад ба сарам…

Рӯзи сеюми тӯй тӯйдорон охирин меҳмонро гусел карданд. Кайҳо шом фаро расида буд, вале аз домод ҳанӯз дарак набуд. Гуландом Беназирро ба ҳаммом роҳбаладӣ карда ба дасташ хилъати зебои хонапӯширо доду гуфт:

-Духтарам, дурустакак ҳаммом кун ва ба танат атру хушбӯиҳо пошида ба хонаи хобат гузашта омадани Наимҷонро мунтазир шав. Имшаб шаби аввалин шумост.

Беназир шармида ба ҳаммом даромад. Оби гарму гуворо хастагии серӯзаи арӯсакро баровард. Вақте ки вай хилъаташро пӯшида аз ҳаммом баромад, аллакай хушдомани меҳрубонаш дар рӯйи мизи хонаи хобашон барои онҳо чою асал, қанду қандалот ва мағзу мавиз гузошта буд. Беназир мӯйҳояшро хушконида шона мекард, ки дар кушода шуда Наимҷон вориди хона гашт. Домод бе ягон гапу ҳарф мӯйҳои то хами зону парешони арӯсаки аз ҳаё лола барин сурхшударо ба кафи дастонаш печонида Беназирро ба худ наздик овард ва ҳарисона лабу даҳонашро бӯсиду пасон дағалона рӯи рахти хоб афканда ком бардошт. Пас аз ҳисси ҳайвониашро қонеъ намудан домоди шаҳрӣ тамасхуромез хандида гуфт:

-Хаёл мекардам, ки аз қишлоқиҳо ҳамеша бӯйи таппак меояд, тозааш ҳам будааст-ку?!

Ин гапи шавҳараш ба дили Беназир мисли тири сӯзон расид. Пас аз чанде садои хурроккашии домод баланд шуд ва арӯсак бо дили пур аз алам болиштеро аз рӯи диван гирифта рӯи қолин дароз кашид. Мурғи хаёлаш Беназирро ба кӯчаҳои сарбастаи зиндагӣ мебурд.

Субҳи аввалини ҷавонӣ

Вақте ки арӯсак чашмони аз гиря варамидаашро кушод, кайҳо субҳи сапед дамида буд. Хост ба берун баромада чун одати арӯсони деҳот ҳавлӣ рӯбад, вале марди боғбон аллакай ҳавлиро рӯфта дар боғ ҷунбуҷӯл дошт. Марзия-холаи хизматгор бошад наҳорӣ омода мекард. Беназири арӯсак ба Марзия-хола салом дода дасту рӯяшро шуст ва ба хонааш даромада либосҳои арӯсияшро пӯшиду ба ошхона баргашт. Онҳо дукаса дастурхон кушоданд.

-Духтарҷон, рафта Наимҷонро бедор кун, ки аз кор дер намонад,-тарсомез гуфт Марзия-хола.

Беназир ба хонаи хоб даромада китфи Наимҷонро ҷумбонида оҳистаяк ӯро бедор карданӣ шуд:

-Хезед, ки аз кор дер мемонед.

Наимҷон аз ин лутфи арӯсак дар ғазаб шуда ӯро бо шаст тела доду фарёд зад:

-Дафъ шав аз назарам маймун! Хӯҷаина бинанд-а!

Домоди золим боз кӯрпаро ба сараш кашиду арӯсак бо чашмони пуроб аз дар баромад.

Ҷабри тақдир

Аз ҳамон рӯзи аввали арӯсӣ, ки барои дигарон чун моҳи асал ёд мешавад оғоз ёфт ҷабру ҷафои шавҳари худхоҳу дағали Беназир. Хусуру хушдоманаш ӯро дӯст медоштанд, вале дили Наимҷон ҳеҷ ба арӯсаш гарм намешуд, ки намешуд. Беназир ба хотири меҳрубонии хусуру хушдоманаш бо умеди меваи ширин бор овардани дарахти сабр лату кӯб ва номеҳрубониҳои шавҳарашро хомӯшона таҳаммул менамуд, вале ҳолаш рӯз то рӯз бадтар мешуду беҳтар не.

Бадбахтӣ пайи бадбахтӣ

Тӯли як соли зиндагӣ арӯсак аз шавҳар ягон бор сухани хуб нашунид, бар замми ин, падари азизаш дар садамаи автомобилӣ ҳалок шуда, дунёро дар назари Беназири бадбахт тиратар намуд. Акнун додару хоҳараконаш бо кӯмаки Гуландом зиндагӣ мекарданд. Боре Беназир назди моиндараш аз ҷафоҳои шавҳар ва лату кӯби зиёдаш қисса карда, маслиҳат пурсид. Саида дар ҷавоб гуфт:

-Духтарам, фикри аз шавҳарат ҷудо шуданро беҳтараш ба сарат набиёр, чунки ман туро қабул карда наметавонам. Рӯзи ду сағираи худамро базӯр мебарам, боз хоҳарат калон шуда истодааст, ту аз шавҳарат ҷудо шавӣ, бахти ӯро дар хатар мегузорӣ!

3 талоқ

Наимҷон шабҳо дер меомаду ба Беназир заррае ҳам аҳмият намедод, умуман писандаш намекард. Аксаран дар назди занаш ба хонумҳои бегона занг зада, соатҳо хушгӯию навозишашон мекард. Муаттараҷон, Наргисҷон, Мадинаҷон, Матлубаҷон ва ҷонҳои дигар ҳамсуҳбатҳои доимиаш буданд. Боре Беназир меҳрубониҳои шавҳарро ба Муаттара ном як фоҳиша, ки ӯро хушдоманаш чун танфурӯши қаллобу майхораи радди маърака медонист, шуниду тоқат накарда гуфт:

-Ин қадар худатонро дар назди як фоҳиша обу адо мекунед!

Вай танҳо ҳамин қадарашро ёд дорад, вақте ки ба худ омад, аллакай дар бемористон мехобид ва ҷисмаш сангину дардманд буд. Хушдоманаш дар болои сараш ашк мерехт ва ба ҳуш омадани ӯро дида, оҳиста дар бехи гӯшаш пичиррос зад:

-Мо ба духтурҳо гуфтем, ки ту ҳангоми тирезашӯӣ афтидаӣ.

Пас аз ин воқеа асабҳои Беназир хароб шуданд, акнун вай ба дағалиҳои шавҳараш бо дағалӣ ҷавоб мегуфт ва табиист, ки дар ҷавоб шаттаю шаллоқ мехӯрд. Боре пас аз чунин як «бархӯрди шадид» Наимҷон дар сари ҷаҳл занашро се талоқ кард. Беназир бефарқ ба ӯ нигариста гуфт:

-Хайрият, аз ту халос шудам…

Хусураш Наимҷонро чанд шаппотӣ зада аз дар берун кард, хушдоманаш бошад, пеши пойҳои Беназир афтода хоҳиш намуд, ки аз хона баромада наравад, онҳо ягон чораашро меёбанд. Беназир бори аввал ба чашмони хушдоманаш нигариста гуфт:

 


Ба ҷуз як бародар падарам дигар такягоҳе надошт, бинобар ин, дарҳол сӯйи хонаи амакам давидам, то аз фоҷиа огоҳаш намоям.


 

-Холаҷон, ду сол боз ман қариб ҳар рӯз мушту лагад мехӯрам, аммо лаб зери дандон гирифта ба шумо шикоят намекунам. Писаратон маро дӯст намедорад, бар замми ин Худованд ба мо фарзанд надод. Акнун ман сеталоқа ҳастам ва дар хонаи шумо истоданам ҳаром аст. Беҳтараш маро ҷавоб диҳед, то аз пушти зиндагии бечорагии худам шавам. Бигзор, писаратон ягон зани писандидаашро ёфта хонадор шавад.

-Беназирҷон, духтаракам, Наимҷон туро дӯст медорад, вале Худо ба вай чунин хулқу хӯйи зишт додааст, худат мебинӣ, ки ба мо низ меҳрубон нест. Илтимос, як бораки дигар хотири маро бин,-илтиҷо намуд хушдоманаш бо чашмони аз ашк лабрез...

(Давом дорад)

Зебунисои Эраҷ, ноҳияи Панҷ

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД