Gazprom july 2025
Марги дорбоз (ҚИСМИ 2)
233

Ҷамол домони гиряро сар дод. Ин ҷавонмарди тануманди болбаланд мегирист. Гиряаш аҷоиб, ба суханронияш монанд буд. Ҳамчун кӯдак мегирист, бекина, оҷизона ва таъсирбахш. Бо гиряи худ ба дили муфаттиш раҳм оварданӣ ва гиряи худро пинҳон карданӣ ҳам набуд. Вай оддӣ, чӣ тавре ки ҳарф мезад, гиря мекард.

- Ором шавед,- гуфт муфаттиш.- Худро ба даст гиред. Агар шумо ӯро ба худкушӣ расонда бошед, беҳтараш иқрор шавед. Маҷмӯи маводи ба даст оварда онро тасдиқ менамояд. Агар шумо ин ҷиноятро содир накарда бошед, пас худро муҳофизат намоед. Рад кунед, фаҳмонед, тахмини худро пешниҳод намоед…

Муфаттиш фикри худро барои он баён кард, ки дар ин фоҷиаи баамаломада гуноҳи Ҷамол исботгардида ба ҳисоб мерафт. Ҳолати кор ба чунин хулоса меовард, ки танҳо Ҷамол дар худкушии Ҷамила гунаҳкор аст, на каси дигар. Сафаров дар тааҷҷуб буд, ки Ҷамол гуноҳро ба гардан нагирифта, далелҳоеро ба забон меовард, ки барояш ҳалокатовар буданд.

- Вақте ки Ҷамила ба сирк ба кор омад, ман чун ҷавонони дигар ба хушомадзанӣ даромадам. Ҳазлу шӯхӣ мекардам. Гап мепартофтам. Ҳар гуна имову ишора мекардам,- гумонбар бо тамкин ба додани баёнот оғоз намуд.- Хулоса, чун дигар дилбохтагон ман ҳам мехостам дили ин нозанинро ба даст орам. Бо гузашти муҳлате ҳис кардам, ки париваши шӯхи беқарор ба ман майл пайдо кардааст. Мо акнун пинҳону ошкоро мулоқотҳои худро барпо мекардем.

Хуб дар хотир дорам, ки пас аз намоиши ҷашнии моҳи май ман бо чанд рафиқам дар ошхонаи корхона хӯрок хӯрдем. Зиёфат бо истеъмоли чанд шиша шароб гузашт. Сархуш шудам. Аммо на ба он дараҷае, ки ақламро бой дода бошам. Ба ҳуҷраи ороишии Ҷамила наздик шуда, қарор додам, ки ба наздаш дароям. Ӯ маро интизор будааст. Дарҳол худро ба гарданам овехт ва табиист, ки мо шабро бо ҳам гузарондем…

Ҷамол хомӯш шуд. Сукут хеле давом кард. Ранги рӯяш тағйир ёфт. Гоҳ сафеди пахтагин мешуду гоҳ сурхи лолагун. Муфаттиш интизор буд ва боварӣ дошт, ки гумонбар ба гуноҳаш иқрор мешавад.

- Пагоҳ бокира набудани духтарро фаҳмида чизе нагуфтам ва аз ҳамон муддат худро аз ӯ канор гирифтам. Ҷамила баръакс талаб мекард, ки вохӯрию мулоқотҳои маҳрамонаро давом диҳем. Дилсардии ман оташи хашму ғазаби ӯро аланга медод ва мавриди рӯ ба рӯ шудан ҳатман ба ҷанҷолу хархаша мегузашт, моҷаро бардошта, бо суханҳои таҳқиромез шаъну шарафи маро паст мезад. Ҳатто гоҳ-гоҳе кор ба гиребонкашӣ табдил меёфт. Борҳо ба ҳама эълон мекард, ки ҳамин «Райкин» оқибат ӯро мекушад…

(Давом дорад)

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД