Дар музофоти Гуйчжоуи Хитой кӯдаки даҳсола аз ошёнаи 20 афтида зинда монд.
Ӯ аз тирезаи кушода саракӣ ба болои тирезаи мошин афтода болиште, ки дар дохили мошин гузошта шуда буд, ӯро аз марг наҷот додааст. Тавре табибон мегӯянд, ягон ҷои кӯдак нашикаста танҳо ҳангоми афтидан як раги хунаш кафидааст.
Бо вуҷуди ин, ба ҳаёти кӯдак ягон хатар таҳдид намекунад.
Ба ҳамин монанд ҳодисаи дигаре дар Ню-Йорк рух додааст. Томас Мэйгилли 22- сола аз ошёнаи 40-ум рост ба нишастгоҳи ақиби мошини болокушода афтада, зинда мондааст.