arzon replenishment
Моиндари бадтар аз мор (Идомаи қисса)
2406

  (Идомаи қисса)

«Ба бачаҳо супориш додам, харро куштанд. Майнаашро гирифтан бисёр душвор будааст. Пулро биёру заказата гирифта рав. Тезтар аз ҳамон маслуқи бӯгинат халос шав!

Магар як умр касалибонӣкарда мегардї? Майнаи харро мехӯронї, масъалаи шӯят ҳал мешавад. Мӯйсафеда, ки ба он дунё гусел кардем, духтараша бизнес мекунем. Ҷони ширин, баъд аз ин касофатҳо халос шудан кайфу сафо карда мегардем» навишта шуда буд дар паёмак. Ин сатрҳоро хондаму даҳонам воз монд. Тамоми вуҷудам аз тарс дириқ дириқ меларзид.

 

Таъсири ҷоду

Вақте ки каме ба худ омадам, падари дар ҷогаҳ хобидаам ба ёдам расид ва базӯр худро кашолакунон хона даромадам. Мӯйсафед рӯйи бистари чиркин хоб буд. Ҳоли зорашро дида аламам бештар рӯ зад. Дар дил ба моиндарам ҳазорон бор лаънат хондам, ки қасди ҷони чунин марди беозорро дорад ва гардани падарамро гирифта зор-зор гиря кардам. Падарам ба ҷойи сабаби гиряамро пурсидан бо чашмони сарду бегона ба ман нигариста, қиқир-қиқир ба ханда даромад. Ҳайрон шудаму зеҳн монда ба рӯяш нигаристам. Чашмонаш ким-чихел беҷо буданд, гӯё ҷини ноаёне дар ҷисмаш ҷой гирифта бошад. Ваҷоҳаташ ба назар бисёр даҳшатангез менамуд, симояш ба дили кас ваҳм меовард. Мӯйсафед масхараомез ба ман нигариста ҳамоно қиқир-қиқир механдид, эҳсос кардам, ки моиндарам аллакай корашро кардаасту падарам аз ақл бегона шудааст. Фиғонам ба фалак печид.

 


Сағераи касофати падарлаънат, агар ба падарат шаҳр рафтани маро гӯйӣ, шармандаи ду оламат мекунам! Ба падарат

VxUsWhPx1aXOoiizz6aaad7F18XLYtayl7WOCWD4


 

Бародар, ки душман шуд…

Ба ҷуз як бародар падарам дигар такягоҳе надошт, бинобар ин, дарҳол сӯйи хонаи амакам давидам, то аз фоҷиа огоҳаш намоям. Амакам зери ҳавозаи ток дар рӯйи кати чӯбин ҳамроҳи зану бачаҳояш хӯрок мехӯрд. Янгаам маро дида дарҳол қошу қавоқ андохт. Аз авзои беҷои зани амакам дарёфтам, ки аз дидани ман шод нест. Янгаи зихнаам гумон дошт, ки ман аз хонаи падарам гурехта ба хонаашон омадааму нонхӯри зиёдатӣ ва дарди сарашон мешавам. Дили дардмандам аз нигоҳи нафратбори янгаам дардмандтар гашт ва оҳи сарде кашида, моҷарои паёмаки ба телефони моиндарам омадаро як ба як ба амакам гуфтам. Гумон доштам, ки бародари беморашро соҳибӣмекунад ва худи ҳозир рафта моиндарамро зери шатта мегирад, вале хаёлам хом баромад. Амакам бо қошу қавоқи овезон падарамро дашном дода гуфт:

-Ҳоли вай даюс аз ин бад шавад! Чандин бор гуфтам, ки занат беҷогардӣ мекунад, ҳамсояҳо ӯро дар шаҳр бо мардҳои бегона дидаанд, вале гапамро гӯш накард. Мардум то ҳол ба ҳоли дадаи занкалонат механданд. Садқаи пуштибонӣ шавад, аблаҳ! Ту ҳам рав, дафъ шав! Дигар ягонтаатон ба чашмам натобед, ман аз дидори ҳамаатон безорам!!!

Даст ба гиребон

Бо сари хаму дили ранҷур ба хона баргаштам. Моиндарам ба падарам хӯрок медод. Даҳону биниашро бо рӯймоле баста буд. Ба дилам алов афтиду наздиктар рафтам. Бӯйи бади дилбеҳузуркунандае ба машомам расид. Хун аз ғазаб ба сарам зад ва чолокона косаро аз дасташ кашида гирифтаму фарёд задам:

-Ба падарам чӣдода истодаӣ? Ин чӣхӯрок аст? Бӯйи бад аз куҷо меояд? Падарамро ҷоду хӯронда куштан мехоҳӣ, фоҳиша?!

Моиндарам чунон ба ғазаб омад, ки қисир-қисири дандонҳояш баръало ба гӯш мерасид. Вай мисли модагурги гурусна ба ман дарафтода, рӯю мӯямро ханҷол зад. Ҳарду шудем ҷанг. Моиндарам маро мезаду ман ӯро. Азбаски вай нисбат ба ман ду баробар фарбеҳтар буд, зӯрам намерасид. Мондарам маро зери по карда, мурданивор лагадкӯб намуд. Ҳамсояҳо доду фиғонамонро шунида давида омаданд ва маро аз чанголи ин шағол халос карданд. Моиндарам худашро мӯсичаи бегуноҳ тарошида маро дар назди ҳаққу ҳамсояҳо бад мекард. Мардум ба гапаш бовар карда, маро насиҳат мекарданд ва «моиндари бечораат туву падари беморатро нигоҳубин мекунад, чаро ин тавр мекун» гуфта, маломат менамуданд. Ҳарчанд сабаби моҷароро мегуфтам, касе ба гапам бовар намекард. Як аламам сад алам шуд ва даст афшонда аз хона баромадам.

Дар сари гӯри модар

Гирёну нолон бо сару рӯи хуншор ба қабристон давидам. Гӯри модарамро ёфта худро болои марқадаш партофтаму фиғон кашидам. Хоки гӯрашро ба сарам бод дода, навҳа мекашидам ва оҳ модар, чаро мани бетолеъро бо худ набурдӣ, ман дар ин дунё якаву танҳо чи кор мекунам, гуфта менолидаму менолидам. Намедонам чанд соат гириста «очаҷон аз дасти моиндар рӯз надорам» гӯён нола кардам. Аз гиряву нолаи бисёр хаста шуда, сарамро рӯйи гӯр монда хобам бурда мондааст. Хоб дидам, ки моиндарам дар даст табар ба сӯям медавад. Гурехтам. Моиндарам «ба дастам афтӣ, реза-реза мекунам» гӯён аз пасам медавид. Нафасгир шуда метохтам, то ҷон ба саломат барам. Ногоҳ ба чоҳе афтидаму фарёде баровардам. Аз тарс аз ҷоям хеста дар болои сарам посбони қабристонро дидам. Вай сари маро сила карда маро ором кард. Манн аз тарс дарақ –дарақ меларзидам. Забонам гӯё дар комам часпида буд.

Мӯйсафед ба манн аз шишае об дод. Каме ором гашта бошам ҳам аз даҳшати хоби дидаам ба худ наомада будам.

Амаки посбон ба гап даромад:

- Ман ба падарат гуфта будам, ки ба ин аҷуза оиладор нашавад. Ба сухани ман бовар накард. Маро девона хонд. Бале ман дар он вақт чун девонаҳо будам.

Чӣхел? Магар Шумо модари ӯгаи маро мешинохтед?

- Аз ман дида кассе ӯро зиёдтар намешинохт. Охир ӯ ҳамсари манн буд. Мани деҳоти ошиқи зори ӯ шуда будам. Барои ба даст даровардани дили ин зан аз тамоми хешу таборам дурр шудам. Ман мактаби миёнаро тамом карда ба донишгоҳ дохил шудам. Донишҷӯи аълохоне будам. Ҳангоме, ки дар курси чоррум мехондам моро ба таҷрибаомӯзӣба мактаби ноҳияи назди шаҳр яъне ҳамин деҳа оварданд. Манн дар таҳсил бачаи фаъол будам. Худо ҳусру малоҳатро барои манн арзонӣдода буд. Бори аввал ба синфи 10 даромадам. Манн омӯзгори фанни забон ва адабиёт будам. Омӯзгорони таҷрибадори мактаб пеш аз ба дарс даромадан маро огоҳ карда буданд, ки хонандагони ин синф хеле шӯх мебошанд. Манн бояд эҳтиёт кунам. Аз духтарон дида писарон шӯхтар ҳастанд. Манн, ки ба дониши худ боварӣдоштам бод или пур ба синф даромадам. Ба синф даромадам. Хонандагон ба эҳтироми манн аз ҷояшон хестанд. Мавзӯи дарс аз эҷодиёти Ҷалол Икромӣбуд. Маълумот дар бораи асари Ҷалол Икромӣ«Тирмор» буд. Ман асарҳои ин нависандаро дӯст медоштам. Дар бораи асар маълумот додам, хусусан дар бораи Шамсия, яке аз қаҳрамонҳои асар гап мезадаму хонандагон гӯшу ҳуш шуда буданд. Нохост яке аз писарон:Шамсия дар ҳама ҷой духтари ганда будааст-гуфт.

Яке аз духтарон аз ҷояш хеста китоби дар болои миз бударо бардошта ба сари он бача зад. Дар синф садои доду фарёд баланд шуд. Ба чӣқадар азобе синфро ором кардам. Духтари ҷабрдида гиря мекард. Дилам ба ҳолаш сухт. Писарбачаро сарзаниш кардам. Садои занг баланд шуд. Талабагон ба берун тохтанд. Шамсия гирякунон дар паси парта менишаст. Ба назди ӯ рафта ӯро ором кардам. Вай аз ҷояш хеста гирякунон сарашро ба болои китфонам гузошт. Ман чунинашро умедвор набудам. Хайрият касе ба синф надаромад ва ин ҳолро надид. Ман, ки бори аввал сари духтарро дар болои китфонам медидам дилам ба таппиш даромад. Сарашро сила карда ором намудам. Духтари зебое буд. Баъди ин ман доим фикру хаёлам дар он духтар буд. Шамсия низ маро нағз дида монд…

 

(Идомаи қиссаро пагоҳ, соати 21.00 интизор бошед!)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД