arzon replenishment
Саргузашти талхи Бобои Файз (Қисми2)
5974

 

Муштариёни азизи сомонаи Оила! Дирӯз мо пораеро аз қиссаи талхи сарнавишти Бобои Файз манзури шумо гардонда будем. Инак, идомаи саргузашти ин пири барнодилро пешкашатон месозем.

Файзиддин хуб медонист, бо тамоми овоз дод гуфта гурезад ҳам, аз чанги ин саги бадҳайбати аз гург ҳам калон халос шуда наметавонад, аз ин рӯ, ба тақдир тан дод ва “сарнавишти мани бе падар ҳамин будааст, ки дар қабристон луқмаи як саги дайду шавам» гӯён, чашмонашро пӯшида, ба марги ваҳшатзо тайёр шуд. Селоби ашк беихтиёр ба рӯйи рухсораҳои ятими сарсахт мерехт, аммо…

Бовар кардан ба ин муъҷиза душвор аст, вале дили саг ба ҳоли ин ятими аз бекасӣ дар гӯристон хуфта сӯхт ё Худованд луқмаи ҳайвони ваҳшӣ шудани ятимчаро намехост, ки ҷонвари гурусна чанде ба рӯйи Файзиддин назар карду баъд остини ӯро раҳо карда, давида рафт.

Файзиддин Худоро сад бор шукр гуфт, ки аз марги яқин ӯро халос кард ва баъди аз ин даҳшат андак ба худ омадан аз ҷояш бархоста, аз қабристон баромад…

Файзиддин Худоро сад бор шукр мегуфт, ки аз марги яқин ӯро халос кард. Вай баъди аз ин даҳшат андаке ба худ омадан аз ҷояш бархоста, аз қабристон баромад…

Овораю сарсон

Дар роњ Файзиддин бо дӯсти ҳамтақдираш Ботурхон вохӯрд ва ду ятим ҳарчи бодо бод гӯён, ба поезде, ки ҷониби Вахш мерафт, савор шуда, тақдири худро ба дасти парвардигор супурданд. Файзиддин намедонист, ки тақдир ӯро боз ба куҷоҳо мебарад, вале ба як чиз сахт бовар дошт, модоме, ки Худованд ӯро дар қабристон аз чанголи он саги бадҳайбат зиндаю саломат халос кард, пас бояд зинда монда, он рисолатеро, ки офаридгор бар дӯши ӯ ниҳодааст, иҷро кунад...

Риштаи хаёлоти Файзиддинро овози пулчинак барканд, ки маблағи сафарро аз мусофирон ҷамъ мекард. Ботурхон роҳпулии худашро дода дар нимаи роҳ фаромад, Файзиддин бошад, ҳатто як пайса надошт. Пулчин ба ғазаб омада аз китфаш гирифт ва хост ӯро поезд берун созад, вале мӯйсафеди дар рӯ ба рӯйи Файзиддин нишаста, ки қирғиз буданаш аз чашмони танг ва чеҳраи турконааш аён буд, бо ишораи даст ӯро нигоҳ дошта бо забони шикастаи тоҷикӣ гуфт:

-Бачаро ба ҳолаш мон, пулашро ман медиҳам!

Мӯйсафед роҳкирои Файзиддинро дода, меҳрубонона аз аҳволаш пурсон шуд. Файзиддин, ки аз меҳрубонии ин пирамарди ношинос ба риққат омада буд, саргузашти талхашро ба ӯ ҳикоят кард. Шабҳоро дар қабристон саҳар кардани бача ва қариб луқмаи саги дайду шуданаш раҳми мӯйсафеди қирғизро овард. Вай шиками Файзиддинро бо фатири равғанию қандчой сер карда, гуфт, ки молу ҳоли зиёде дорад ва омода аст, ки Файзиддинро чӯпон бигирад, агар ӯ ба ин кор майл дошта бошад. Барои бачае, ки дар ин дунё ба ғайр аз Худованд дигар ягон такягоҳу мададгор надошт, ин пешниҳоди мӯйсафеди қирғиз туҳфаи илоҳӣ намуд ва бе дудилагӣ розӣ шуд....

Хатои чӯпон

Ҳамин тавр Файзиддин чӯпони мӯйсафеди қирғиз шуд. Рӯзи дароз дар дашту биёбон аз паси бузу гӯсфандон давида гаштану дар гармою сармо дар зери ҳавои кушода хобидан бисёр азиятовар бошад ҳам, хотири як пора нон ва як пар либосе, ки Амир-бобо медод, Файзиддин ба ҳама азобҳои чӯпонӣ тоқат мекард. Муддати як сол куҳ ба куҳ аз паси рамаи калони мӯйсафеди қирғиз давида, ӯ ягон бор аз душвории кори чӯпонӣ шиква намекард. Файзиддин хизмати Амир-боборо бо ҷону дил ба ҷо оварда, кӯшиш мекард, ки ба моли ӯ ягон зиён нарасад, аммо як рӯзи шум яке аз гӯсфандон бемор шуд. Барои он ки мол ҳаром намурад, Файзиддин зуд дасту остин барзада гӯсфандро сар зад ва бегоҳ ба хона овард. Амир-бобо молҳояшро аз ҷонаш бештар дӯст медошт ва гӯсфанди сарбуридаро дида дуд аз димоғаш баромад. Дар ҳоле, ки аз чашмони тангаш шарораҳои оташ мепариданд, мӯйсафеди қирғиз фиғон кашид:

-Маки гӯсфандро нодуруст задаӣ, ятими пойлуч, ин гӯшти ҳаром ба кӣ лозим?!

Вай ҳанӯз фурсати лаб кушодан наёфта панҷаи мисли оҳан сахти Амир-бобо дар рӯяш нақш баст. Дар чашмони Файзиддин аз алам донаҳои ашк ҳалқа заданд. Мӯйсафеди қирғиз ба ҳоли ӯ заррае раҳм накарда, дар ҳамон намози шом чӯпонбачаро бо шиками гурусна аз хонааш пеш кард....

Н-осуда куҷо равад, ки осояд

Файзиддин шабро дар дашти кушод саҳар карда, баробари дамидани субҳ бо чашми гирёну дили бирён рӯ ба водӣ овард. Раҳораҳ вай зери лаб ин рубоиро зам-зама кард:

Набудам сер аз шир, модарам мурд,

Маро бар доя доданд, доя ҳам мурд.

Маро бо шири буз омӯхта карданд,

Зи толеи бадам бузғола ҳам мурд.

Қарибиҳои нисфирӯзӣ ба назди палаке расид, ки бӯйи хуши тарбузу харбузањои пухтааш ба атроф паҳн гашта, дилро мерабуд. Файзиддин ду рӯз боз ба даҳонаш чизе набурда буд ва шикамаш аз гуруснагӣ танбӯр менавохт. Ба машомаш расидани ин накҳати гуворо иштиҳояшро ончунон қозгир намуд, ки чӣ хел ба полези бегона даромаданашро худаш ҳам нафаҳмида монд. Вай осемасар як тарбузи калонро аз навда ҷудо карда ба сари роҳ баромад. Тарбузро чунон бо шаст ба замин зад, ки чор пора шуд. Файзиддин дар ҳамон рӯйи роҳ нишаста бо иштиҳо ба хӯрдани тарбуз сар кард. Ҳанӯз нисфи тарбузро нахўрда буд, ки садои палакбон баланд шуд:

-Эй аблаҳ, ту кистӣ, ки дар рӯзи равшан дуздӣ карда, боз дар пеши назари ман тарбузи дуздидаатро бароҳат хӯрда истодаӣ?!

Файзиддин аз тарс дасту по хӯрда, чӣ кор карданашро намедонист. Вай ҳатто маҷоли аз ҷояш ҷумбидан надошт. Лаҳзае нагузашта палакбон дар болои сараш рост шуд ва ҳамчунон бо дағдаға пурсид:

-Ту кистӣ мегӯям? Барои чӣ ба палаки ман даромада бе иҷозат тарбузро кандӣ? Магар ин палаки бобоят аст, ки дилат чӣ коре хоҳад, кардан мегирӣ! Ягон чиз гӯё охир! Ё аз тарс забонатро фурӯ бурдӣ?!

Файзиддин ҷуръат намекард, ки сарашро бардошта ба чашмони палакбон нигоҳ кунад...

(Идомаашро пагоҳ соати 14-00 интизор шавед! )

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
джамшед 2019-06-20, 19:45
мураду монад !!! якбора то ихираша навис тамом !! шарт аст хамин 2чумла навишта давомаша фардо интизор шавед гуфтан
Посух
Анвар Султон 2019-06-21, 01:46
Рости ин киссаро хонда ашкхоям шашкатор аз чашмонам чори шуданд.Наход,ки бобои Файз чунин рузхои сахтро аз сар гузаронида бошанд.Дар олам инсон асту пешравиву ободкори ,сохтану омода кардан пешаи уст.Хеч гох мухточеро озор надихед вакто ки дидед ё вохурдед аввалан бо мулоимат дили уро бояд бифахмид.
Посух
Абдулло 2019-06-21, 09:54
Ранги ки сериали турки накунед , ки матн бемаъне мешавад. Хамаашро якбора навис .!
Посух
Мумин 2019-06-21, 17:08
Барои чи давомаш нест
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
джамшед 2019-06-20, 19:45
мураду монад !!! якбора то ихираша навис тамом !! шарт аст хамин 2чумла навишта давомаша фардо интизор шавед гуфтан
Посух
Анвар Султон 2019-06-21, 01:46
Рости ин киссаро хонда ашкхоям шашкатор аз чашмонам чори шуданд.Наход,ки бобои Файз чунин рузхои сахтро аз сар гузаронида бошанд.Дар олам инсон асту пешравиву ободкори ,сохтану омода кардан пешаи уст.Хеч гох мухточеро озор надихед вакто ки дидед ё вохурдед аввалан бо мулоимат дили уро бояд бифахмид.
Посух
Абдулло 2019-06-21, 09:54
Ранги ки сериали турки накунед , ки матн бемаъне мешавад. Хамаашро якбора навис .!
Посух
Мумин 2019-06-21, 17:08
Барои чи давомаш нест
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД