Тӯйи арӯсии 250 ҷуфти ҷавон дар Ғазза
Рӯзи 6-уми ноябри соли равон дар соҳили баҳри Миёназамин дар маҳалли «Maritime Club»-и Ғазза тӯйи арӯсии бошукӯҳе барпо гашт, ки овозааш дар саросари ҷаҳон паҳн гаштааст. Дар ин рӯз якбора 250 ҷуфти хушбахт либоси арӯсу домодӣ ба бар намуда, бо баргузории як тӯйи дастаҷамъона паймони ишқу муҳаббат ва ақди никоҳ бастанд.
Барои мардуми Ғазза, ки бар асари ҷангу хунрезиҳо ранҷу азобҳои зиёдеро аз саргузаронида, ҳамакнун оқибатҳои ҷангро бо душворӣ паси сар мекунанд ва бо мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ин тӯйи дастаҷамъона ба рӯйдоди фараҳбахше табдил ёфт, ки умеди зиндагиро дубора дар қалби онҳо фурӯзон месозад.
Қуръакашӣ барои интихоби домод
Ин тӯйи бошукӯҳ бо дастгирии Амороти Муттаҳидаи Араб дар доираи ташаббуси башардӯстонаи «Найтии шуҷоъ — 3» (Operation Gallant Knight 3) баргузор гаштааст. Барномаи мазкур бо номи «Либоси шодӣ» (Thawb Al-Farah) маъруф аст.
Яке аз ҷузъиёти ҷолибтарини ин чорабинӣ тарзи интихоби ҷуфтҳо мебошад. Ба иттилои расонаҳо, барои иштирок дар ин тӯй 11 ҳазору 622 нафар дархост пешниҳод кардаанд. Пас аз санҷиши ҳуҷҷатҳо ва шартҳои иштирок, 1335 довталаб ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта, дар натиҷаи қуръакашӣ 250 домод интихоб шудаанд.
Ҳамин тавр, 250 ҷуфт имконият пайдо карданд, ки тӯйи худро дар як маросими бошукӯҳ баргузор намоянд.
Арӯси гулпӯш
Бап навиштаи расонаҳо арӯсакон бо либосҳои сафеди арӯсӣ ва баъзеашон бо либосҳои миллии фаластинӣ, ки бо гулдӯзиҳои зебо оро дода шуда буданд, ба саҳна ҳозир шудаанд, домодҳо бошанд, бо либосҳои расмии сиёҳ ва рӯймолҳои рамзии фаластинӣ. Мошинҳои бо парчами Фаластин ва гулҳо ороёфта ба маросим шукӯҳи бештар бахшиданд.
Дар фазои тантанавӣ мусиқии миллӣ садо дода, иштирокчиён бо рақсу бозию сурур ин рӯзи фаромӯшнашавандаро таҷлил намуданд.
Шодии арӯсӣ дар пасманзари мушкилоти зиндагӣ
Ин тӯй танҳо як маросими маъмулии издивоҷ набуд. Он дар шароите баргузор шуд, ки ҷанг, хароб шудани манзилҳо, муҳоҷирати маҷбурӣ ва мушкилоти иқтисодӣ зиндагии ҳазорон сокини Ғаззаро душвор гардонидаанд. Бисёре аз ҷавонон бо сабаби надоштани имконияти молиявӣ ва шароити муносиб наметавонистанд зиндагии мустақили оилавиро оғоз намоянд.
Тибқи гузоришҳо, баъзе аз иштирокчиёни ин тӯй хонаҳои худро аз даст додаанд ва ҳанӯз дар ҷойҳои муваққатии зист зиндагӣ мекунанд. Яке аз домодҳо бо номи Саид Ал-Наҷҷор гуфтааст, ки манзили оилаашон хароб гардида, онҳо ҳоло дар хайма зиндагӣ мекунанд. Домоди дигар Муҳаммад Қувайдир низ аз мушкилоти манзилӣ ва вазъи душвори иқтисодӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки имкони иҷора ё харидани хонаро надорад.
Кори хайр аввалу анҷом надорад
Қобили зикр аст, ки ин аввалин иқдом дар доираи барномаи мазкур нест, пеш аз ин, моҳи декабри соли 2025 дар шаҳри Хон-Юнус барои 54 ҷуфт ва моҳи апрели соли 2026 дар Дайр-ал-Балаҳ барои 300 ҷуфт тӯйҳои дастаҷамъона баргузор гардида буданд. Маросими ахир сеюмин чорабинии бузург дар доираи ин ташаббус ба шумор меравад.
Ин рӯйдод бори дигар нишон дод, ки ҳатто дар шароити бисёр душвор ҳам инсонҳо орзуи зиндагии осоишта, оиладорӣ ва ояндаи беҳтарро аз даст намедиҳанд. Барои ҷавонони Ғазза ин рӯз на танҳо оғози зиндагии оилавӣ, балки лаҳзаи эҳсоси умед, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҷомеа буд, зеро оиладорӣ танҳо баргузории тӯй нест, балки оғози як зиндагии нав аст.
Нӯшин Искандарзода