35 years of independency
Хушдоман, агар беозор бошад...
14.11.2026
Оила
153

Хушдоман, агар беозор бошад...
Дирӯз дар хонаамон туйи арӯси доштем. Ҳамаи аҳли оила сарҷаъм буд. Ҳамсари додарам, ки ҳамагӣ 18 сол дошт ва аз туяшон нав шаш моҳ гузашта буд, ҳангоми ҷамъ намудани дастархон яку якбора пешпо хурда зарфҳои дар дасташ буда афтида пора-пора гаштанд. Як лаҳза ҳама хомӯш шуданду ба ӯ нигаристанд. Ранг аз сурати келини хонадонамон парид.
Модарам зуд ба наздаш омаду аз дасти келинамон бардошта ба по хезонда гуфт: “Духтарам зиқ нашав, натарс фидои сарат. Зарфҳо шикастаниянд. Дил нашиканад. Дил, ки шикаст, пайваст кардан мушкил. Худат хуб ҳастӣ ба дигараш фикр накун...”
Баъд як сухане гуфтанд, ки то ҳоло дар зеҳнам нақш бастааст. Гуфтанд, ки духтари мардум омадааст ба хонаи мо, ки оромиш дошта бошад, на ин ки аз як иштибоҳи хурд тарсад. Зиндагии ба тарс ба дарди касе намехӯрад.
Ҳамон вақт бо худ андешидам, ки чиқадар хуб аст, вақте одамони атрофат амнанд. Одамоне, ки бӯйи амният медиҳанд. Одамоне, ки канорашон аз иштибоҳ кардан наметарсем ва вақте мушкилиҳои зиндаги моро мефишораду мешиканад, онҳо як дардро аз дардҳоямон кам мекунанду бо худашон мебаранд. Захми забонро намедонанд. Суханҳояшон марҳаманду буданашон паноҳ.
Ин байти Ҳофиз ҳамон лаҳла ба ҳоли дилам тарҷумон шуд:
Мабош дар паи озору ҳарчӣ хоҳӣ бикун,
Ки дар шариати мо ғайр аз ин гуноҳе нест.
 
Гулбаҳор РАҲМОНОВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД