Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз шояд бо шахсе шинос шавед, ки зуд дилатонро мебарад, вале ин эҳсос дер давом намекунад. Корҳои таъмирӣ табъи дилатон анҷом намеёбанд. Гарчанде хоҳиши кор кардан надоред, баъзе масъулиятҳоро бояд ба охир расонед. Аз харидани хона ё мошине, ки ҳуҷҷатҳои шубҳанок доранд, худдорӣ кунед, хавфи зарари молӣ вуҷуд дорад. Аз асабонӣ шудан ва корҳои вазнин худдорӣ намоед, қалби худро эҳтиёт кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Эҳтимол шумо ба рафтори шахси дӯстдоштаатон шубҳа мекунед. Пеш аз хулоса баровардан, бо ӯ сӯҳбат кунед, шояд ин шубҳаҳо беасос бошанду дӯстдоштаатон бегуноҳ бошад. Муътадил нигоҳ доштани ҳолати рӯҳӣ осон намешавад. Ба кори худ диққат диҳед ва аз амалҳое, ки хотиратонро парешон мекунанд, канора гиред. Имрӯз нақшаҳо метавонад ногаҳон тағйир ёбанд. Аз хӯрдани зиёдатӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Шумо аллакай барои беҳтар шудани муносибатҳои ошиқона кӯшиш кардаед, акнун вақти он аст, ки натиҷаро эҳсос кунед. Саргарми кор шуда, эҳтимол ба аҳли хона диққати кофӣ намедиҳед. Нақшаҳо бо эҳтимоли зиёд амалӣ мешаванд ва вазъи молӣ беҳтар мегардад. Бо одамони дилпур ҳамкорӣ кунед, онҳо ба шумо барои муҳофизати маблағҳоятон кумак мекунанд. Аз хӯрдани хӯроки равғанин ва дуддодашуда худдорӣ намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз шахсони танҳо метавонанд шиносоии ҷиддии ошиқона пайдо кунанд, ки ба муносибати пойдор мубаддал гардад. Эҳтимол хоҳиши иваз кардани муҳити атроф ё одамони наздикро мекунед. Бо ҳамкорон муносибати дуруст барқарор кунед. Ҳангоми харид эҳтиёткор бошед, хавфи фиреб ё дуздӣ вуҷуд дорад. Аз ҳад зиёд худро бо кори вазнин азоб надиҳед.
Асад (23 июл-21 август)
Имрӯз байни шумо ва шахси дӯстдошта нофаҳмӣ ба миён меояд. Кӯшиш кунед, ки сари вақт онро ҳал кунед. Қисми зиёди корҳои хона ба дӯши шумо меафтанд. То бегоҳ муҳити ором фаро мерасад. Барои муваффақ шудан дар касбу кор, эҷодкорӣ ва андешаи дурустро якҷо истифода баред. Вақти хубест, ки одатҳои бадро тарк карда, реҷаи хӯроку хобро риоя намоед.
Сунбула (22 август-23 сентябр)
Барои он ки муносибатҳои ошиқонаи шумо хуб ҷараён гиранд, асабро ором нигоҳ доред. Аз одамоне, ки бо суханҳои манфӣ ба шумо таъсири бад мерасонанд, дурӣ ҷӯед. Ҷанҷол бо наздикон метавонад тӯлонӣ шавад, беҳтараш баҳсҳоро оғоз накунед. Имрӯз душвориҳо зиёданд, масъулиятҳо ҷамъ шудаанд ва эҳтимоли иштибоҳ вуҷуд дорад. Ба ваъдаҳои пулии одамони ношинос бовар накунед. Агар вазн кам кардан хоҳед, вақти мувофиқ аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз шахси наздик шуморо бо як кори гуворо шод мекунад. Муносибатҳои ошиқона хуб пеш мераванд. Агар масъалае шуморо ба ташвиш меорад, онро нодида нагиред, роҳи ҳалашро бо наздикон маслиҳат кунед. Вақти худро бо аҳли оила гузаронед. Агар вақтҳои охир хаста шуда бошед, имрӯз истироҳат кунед. Барои корҳои эҷодӣ рӯзи мусоид аст. Дар харҷ эҳтиёт кунед ва аз қабули доруҳои сахттаъсир худдорӣ намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз шиносоӣ, сӯҳбатҳои самимӣ ва сафарҳои ошиқона ба шумо эҳсоси хуб мебахшанд. Корҳои хонагӣ тамоми вақтатонро фаро мегиранд. Барои иҷрои нақшаҳо вақти муносиб нест. Беҳтараш барои оянда бо дӯстон ва наздикон нақша кашед. Дар нимаи дувуми рӯз масъулият бештар мешавад. Дар бораи оянда фикр кунед, вале бо руҳияи нек ва ором.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз кӯшиш кунед асабониятатонро нишон надиҳед, беҳтараш ҳиссиёти худро дар дил нигоҳ доред. Эҳтимоли ба миён омадани баҳс дар оила вуҷуд дорад. Дар кор низ монеаҳо пеш меоянд ва шояд лозим шавад, ки донишатонро зиёд кунед. Бо вуҷуди ин, рӯзи пур аз шодӣ аст. Орзуҳои деринаатон метавонанд амалӣ шаванд. Вақти хубест барои беҳтар кардани сару либос ва вазъи саломатӣ.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз шояд бо касе вохӯрии ошиқона дошта бошед, ҳама чиз аз шумо вобаста аст. Муносибат бо наздикон осон нест, вале бояд пуртоқат бошед. Нимаи аввали рӯз барои шиносоии нав ва муоширати муфид муносиб аст. Шахсони таъсиргузор метавонанд ба шумо кумак кунанд. Агар даромадатон намерасад, роҳҳои кори иловагиро ҷӯед. Ба бемориҳои худ диққат диҳед, агар лозим шавад парҳез ё реҷаи худро тағйир диҳед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Ҳаёти шахсии худро бо дигарон муҳокима накунед. Ба одамоне, ки мехоҳанд ба ҳаёти шумо дахолат кунанд, роҳ надиҳед. Ба наздикон диққати бештар диҳед, шояд ба кӯмак ё маслиҳати шумо ниёз доранд. Имрӯз дар касбу кор бояд хеле эҳтиёткор бошед. Беҳтараш сарфу харҷи худро санҷида қабул кунед. Аз қарзгирӣ ва қарздиҳӣ худдорӣ намоед. Истироҳат ва хоб ба шумо фоидаи зиёд мерасонад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Романтика дар зиндагӣ кам шудааст? Пас худатон пешқадам шавед ва як кори зебо анҷом диҳед! Оиладорҳо имрӯз метавонанд корҳои хонагӣ ва мушкилоти хурдро ҳал кунанд. Шояд дар суханони ҳамсар сардӣ эҳсос кунед. Ба кори дастаҷамъона тайёред, аммо баъзе корҳо метавонанд ба таъхир афтанд. Агар имкони нави шиносоӣ ё пешниҳоди хубе пайдо шавад, истифода баред. Ба худ истироҳат диҳед, хастагии зиёд ба саломатӣ зарар мерасонад.