Sebiston new 2024 october
 Зан метавонад шавҳарашро талоқ диҳад?
1845

 

Як хешамон бо шавҳараш сахт ҷанг шуда, гиребони мардакашро гирифт ва талаб намуд, ки талоқашро диҳад, вале мард ҷавобашро надод. Кор ба ҷое расид, ки зани ба шӯр омада дар байни мардум шавҳарашро талоқ дод.

Фаҳмидан мехостам, ки бо “талоқат кардам” гуфтани зан зиндагӣ вайрон мешавад ё не?

Мавзуна, шаҳри Душанбе

Посух
Талоқ дар дасти мард аст. Зан сад бор “талоқат кардам” гӯяд ҳам, то мард ҷавобашро надиҳад, зан озод ва зиндагӣ вайрон намешавад, чунки Худованд талоқи занро қабул надорад. Сабабаш дар он аст, ки ҳангоми никоҳ кардан зан тану нафсашро мебахшаду мард қабул мекунад. Вақте қабул кард, пас вай соҳибмулк аст ва тану нафси зан дигар дар ихтиёри худаш нест. Мард то талоқ надиҳад, зан талоқ намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД