Arzon march 2024
Оила
3480

 

Ман Ҳуснигул, сокини ноҳияи Деваштич. Мехоҳам қиссаи зиндагии худро ба шумо нақл кунам. Шавҳарам бо балвои модараш барои чор сомонӣ маро се талоқ кард.

Ҳамон рӯзи наҳс барои аҳли оила ордбирён пухта истода будам, ки хоҳарам ба телефони шавҳарам Насим занг зада, хабари бемор шудани падарамро расонд. Шавҳарам аз тирезаи хонаи хоб маро фарёд карда, гуфт, ки аз модараш 4 сомонӣ роҳкиро гирифта, ба аёдати падарам равам. Либосҳоямро пӯшида, ба назди хушдоманам даромадам, то роҳпулӣ гирам, вале кампир қиёматро қоим карда, дод зад:

-Арӯс шуданатро ҳанӯз 5 моҳ нашуда, аллакай чанд бор шуд, ки бо баҳонаи касалии очаву додо ва хоҳару додаронат ба хонаатон меравӣ. Мемурӣ, ки ба ҷойи дайдугӣ лойи андова шӯрида, деворҳоро андова кунӣ, то ки дар зимистон аз барфу борон хона чаппа нашавад. Келин шуда, хизмати хонаводаи маро накунӣ, туро ба сарам мезанам...

Дидам, ки гап фоида надорад, дигар чизе нагуфта аз хона баромадам. Хушдоманам ҳеҷ ором нагирифта, ҳамоно девонавор дод мегуфт:

 


 

Пеш аз «ман ҳаргиз хиёнат намекунам» гуфта, даст ба кундаи сина задан ба саволҳои ин санҷишнома ҷавоб диҳед, он гоҳ то куҷо булҳавас ё содиқ буданатонро мефаҳмед.

 

 тдж: https://oila.tj/news/shumo-ba-amsaraton-khienat-mekuned

 


 -Мӯр, ту номард, занат аз ҳозир туро хар карда савор шудааст...

Шавҳарам доду фиғони модарашро шунида аз хона баромад ва тарафи маро гирифта гуфт:

-Падараш бемор шудааст, чор сомонӣ диҳед, рафта ӯро хабар гирад!

Маро пуштибонӣ намудани писарашро дида, хушдоманам мисли модашери захмӣ бештар ба ғурридан даромада, фиғон кашид:

- Занкалони бекорхӯҷа, ба хона як тини пучак намебиёрию боз амр мекунӣ, ки ба занат роҳкиро диҳам! Вай ба ман чӣ хизмат кардааст, ки пул диҳам? Ба ҷои зани таннози ту мани кампир бо ҳамин қомати хамзадаам худам ҳавлӣ мерӯбам, хамир мекунам, хӯрок мепазам? Мард шуда, ту як бор мепурсӣ, ки занат чӣ кор карда мегардад. Кораш фақат хӯрдану хобидан аст, боз ман ба ин арӯси танбал пул диҳам будааст-а. Хестӣ, ки хобӣ, падараш мурад ҳам, як тин намедиҳам...”

Насим бо шунидани дӯғу пӯписа ва таънаю маломати модараш аз ғазаб девона шуда, ба ман дарафтод. Зор-зор гириста қасам хӯрдам, ки модараш дурӯғ мегӯяд, ҳама кору бори хонаро худам мекунам, агар бовар накунад, рафта ошхонаро бинад, косаю табақ шӯстагӣ, хӯрок кайҳо пухтагӣ ва ҳама чиз ҷо ба ҷо аст, аммо ба гӯши шавҳарам дигар ягон гап намедаромад. Алами суханҳои талхи модарашро аз ман гирифта, Насим чунон лату кӯбам кард, ки дар баданам ягон ҷойи обод намонд. Аҳли оила ҳама дастҳо дар миён ин манзараро тамошо мекарданд ва касе ҳатто кӯшиши халос намудани маро намекард. Хушдоманам аз чунин ранг гирифтани ҳодиса курта-курта гӯшт гирифта, писарашро балво медод, ки “хуб кардӣ, зан, мурдакӯб кун, алови чашми занро аз арӯсиаш нагирӣ, тори сарат мебарояд...”

Вақте ки ба рӯят туф мекунанд...

Бо сару рӯи кафида ба хона даромада, як шабу як рӯз гиря кардам. Хушдоманам дид, ки берун намебароям, бо шаст дари хонаамро кушода даромаду “ҳамин 4-сомонӣ саратро хӯрад, маҳ гир, рафта додата хабар гиру пагоҳӣ дар хона шав” гӯён, мисли он ки луқмаеро бо дили нохоҳам дар назди саги дайду мепартоянд, пулро ба пешам партофт. Аламам омад, гуфтам, ки палаш ба ман дигар даркор нест. “Касофат, ту боз ба ман гап мегардонӣ?!” гӯён, модаршӯям ба рӯям туф карда, баромада рафт...

Махав

Баъди ин моҷаро шавҳарам як ҳафтаи дароз бо ман гап назад, хушдоманам бошад, мудом аз таги нохун чирк кофта, борони дашному ҳақоратро ба сарам мерехт. Дигар аъзоёни оила низ аз ман ҳазар мекардагӣ шуданд, гӯё махав бошам, касе бо ман дар сари як дастурхон нишаста нон намехӯрд...

Бе иҷозат ба беморхона рафтаму...

Ҳамин тавр аз байн як ҳафта гузашт. Хоҳарам боз занг зада, хабар дод, ки ҳолати падарам ниҳоят вазнин шудаасту дар шуъбаи эҳёгарӣ-реаниматсияи беморхона хоб аст. Медонистам, ки агар пурсам, боз ҷангу ҷанҷол ва занозанӣ сар мешавад, барои ҳамин ба касе чизе нагуфта, аз кисаи шавҳарам 4- сомонӣ роҳкиро гирифтам ва роҳи беморхонаро пеш гирифтам.

Аҳволи падарам ниҳоят вазнин ва тамоми хешу табор дар пушти дари беморхона буданд. Ба ҷойи он ки домод шуда хабаргирӣ равад, шавҳарам ҳар замон занг зада, маро дашному ҳақорат медод, ки барои чӣ ту аз ману модарам напурсида, ба касалхона рафтӣ...

Меҳмонҳои нохонда

Падарам як ҳафта беҳушу беёд буд, аз ҳамин сабаб, ман танҳо баъди 10 рӯз ба хонаи шавҳарам баргашта тавонистам. Барои он ки маро ҷанг накунанд, модарам ҳамроҳам ба хонаи хушдоманам рафт, то ки вазъиятро ба онҳо фаҳмонад, вале касе ба пешвозаш набаромад. Модаршӯям дар хонаи дарун пинҳон шуда, ба наберааш гуфтааст, ки ба ин меҳмонҳои нохонда бигӯ, ки бибиам саҳар ба меҳмонӣ рафт. Модарам то бегоҳ баргаштани хушдоманамро интизор шуда, навмед баромада рафт...

 


 

Гулнисо Маҳмудова мегӯяд: “Писарамро 3 табар заданд, чашмони ҷияни 14-солаамро кофта, ҳардуро ба дарё патофтанд ва дар ин ҳама Алиҷон ном як бачаи 15 соларо гунаҳкор медонанд. Ман ба ин шубҳа дорам, зеро

 

 


 

 

3 талоқ барои 4 сомонӣ

Модарамро гусел карда, нав поямро аз дари хона дарун монда будам, ки касе ба сарам як мушт фаровард. Аз ин зарбаи ногаҳонӣ мувозинатамро гум карда, ба замин афтидам. Шавҳарам бо як мушт қаноат накарда, гаштаву баргашта бо лагат ба сарам мезад ва маро дашномҳои қабеҳ дода, мегуфт:

-Ахмақи ҳайвон, то кай ман аз рӯйи ту аз модарам таъна мешунавам... Модаршӯям шатта хӯрдани маро дида, аз хурсандӣ бе доира рақс мекард.

Бо сару рӯйи пурхун нолишкунон гуфтам, ки падарам бемори вазнин буд, охир шумо чӣ хел инсон ҳастед, ки маро намефаҳмед. Модаршӯям писарашро балво дода гуфт:

-Ин падарлаънат одам намешавад. Се талоқаш кун, дафъ шуда равад, як моҳ пас духтари очааш мучӣ накардагиро ба ту гирифта надиҳам, аз пушти падарам нестам...

Насим аз ин ваъдаи модараш хурсанд шуд ва “ба ту кӣ иҷозат дод, ки напурсида, аз киссаи ман 4-сомонӣ бигирӣ” гӯён, маро се талоқ кард...

 

Ғам болои ғам

Гириста-гириста ба хона занг задам ва ин хабари шумро расондам. Бародаронам мошин оварда, кӯчу банди маро бор карданд ва мани сиёҳбахтро ба хонаи худамон бурданд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бо шунидани хабари хонавайронии ман аҳволи падарам дубора бад шуд. Даву този бисёре карда бошем ҳам, дигар касе ба дардаш даво наёфт ва баъди 20 рӯзи бева шудани ман падарам бо дили пурдард ин дунёро абадан падруд гуфт.

Ман дар тамоми бадбахтиҳои ба сарам омада модаршӯямро гунаҳкор меҳисобам, агар ӯ писарашро балво намедод, барои 4 сомонӣ шуда, оилаи ману Насим вайрон намегашт ва шояд падарам низ зинда мемонд. Худо ҷазои чунин модарони беандешаро, ки ба хотири дупула гап шуда, хонаи фарзандашонро бо дасти худашон вайрон мекунанд, диҳад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Сомонҷон 2019-08-17, 13:35
Мутаасифона имруз дар ҷомеаи мо ин гуна шахсони беандешаву хушдоманҳои сангдил зиёданд.Ҳар як хушдоман дар ҷои келин духтари худашро монда тассавур кунад.Бо вайрон кардани лонаи парранда дили кас месузад,наход модар хонавайронии писари худро хоҳад,то ҳол ангушти ҳайрат мегазам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Сомонҷон 2019-08-17, 13:35
Мутаасифона имруз дар ҷомеаи мо ин гуна шахсони беандешаву хушдоманҳои сангдил зиёданд.Ҳар як хушдоман дар ҷои келин духтари худашро монда тассавур кунад.Бо вайрон кардани лонаи парранда дили кас месузад,наход модар хонавайронии писари худро хоҳад,то ҳол ангушти ҳайрат мегазам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД