Sebiston new 2024 october
Ҷазои рӯзахӯр, зинокор ва талоқи телефонӣ аз назари Ҳоҷӣ Мирзо
3111

 

-Шунидам, ки касе дар моҳи шарифи Рамазон вафот кунад, рост ба ҷаннат меравад. Он дам зинокор бошад чӣ? 
Фотима,шаҳри Душанбе

Посух: -Бузургворе дар ин бора гуфтааст: «Парвардигоро маро марг диҳӣ, қабул дорам, агар зиндагонӣ диҳӣ, онро низ қабул дорам. Марг диҳӣ, марги боимонам деҳ, рӯзи одинаву моҳи рамазонам деҳ.» Марге, ки бо имон бошад хуб аст, вале беимон бошад....
Сагҳо низ дар моҳи шарифи Рамазон мемуранд. Худованд ба ҳама бандагонаш марги боимон диҳад.

Худованд онҳоеро, ки муртакиби гуноҳи кабира мешаванд, азоби алим мекунад. Инсон бояд худаш хулоса барорад: ман, ки тоқати як хори дар поям халидаро надорам, ба ҷазои Худованд чӣ гуна тоқат хоҳам кард?!

 -Марде, ки дар масҷиди панҷвақта ба эътикоф (гӯшанишин) нишастааст, метавонад, барои хондани намози ҷумъа ба масҷиди ҷомеъ равад?
Акбари Аскар, ноҳияи Айнӣ

 Посух:Дар даҳ рӯзи охири Рамазон дар масҷид эътикоф нишастан суннат аст. Касе эътикоф бишинад, барояш беҳуда аз масҷид баромадан ҷоиз нест. Танҳо барои қазои ҳоҷат, вузӯ, ғусл ва хондани намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеъ метавонад, аз масҷиди маҳалла берун барояд. Баробари тамом шудани намоз бояд ба масҷиди худаш баргардад. Агар дар масҷиди ҷумъа баъди намоз таваққуф кард, эътикофаш фосид мешавад. Камтарин муддати эътикоф нишастан аз назари Имоми Аъзам (р) як рӯз аст ва дар даҳаи охири Рамазон як рӯз ҳам дар масҷид истодан эътикоф ҳисоб меёбад. Ҳангоми эътикоф нишастан, шахс метавонад, дар масҷид ғизо хӯрад (шому саҳархӯрӣ) ва бихобад.

 -Касе, ки шаби қадр бедор мешинад, аз кадом амал савоби зиёд мегирад?Абдуваҳоб аз деҳаиВорухи Исфара.

 Посух:-Дар шаби қадр намозҳои нафл хондан, тиловати Қуръон кардан, шунидани амри маъруф, зикру дуо кардан савоб аст. Ибни Аббос (р) ривоят мекунанд, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар касе дар шаби қадр ду ракаъат намоз хонад ва дар ҳар ракаъате баъд аз сураи «Фотиҳа» 7 маротиба сураи «Ихлос» хонда, баъди салом 70 бор «Астағфируллоҳи раббӣ ва атубу илайҳ» гӯяд, ҳанӯз аз ҷой барнахоста бошад, ки Худованд ӯрову падару модарашро мағфират кунад. Он банда то ҷойи худро дар биҳишт набинад, аз дунё намеравад.

 -Касалии қанд дорам. Ҳалқам дам ба дам хушк мешавад. Метавонам рӯза дораму халқамро фақат бо об тар кунам ё обнӯшӣ мумкин нест?
Бибихол, сокини маҳаллаи Гипроземи пойтахт.

 Посух:–Дар ҷавоби ин савол Худои меҳрубон дар ояти 184, сураи Бақара фармудааст, ки “фа ман кона минкум маризан”. Касоне, ки тоқати рӯза доштан надоранд, на ҳалқ тар кунанд ва на парво кунанд, ки пеши Худо гунаҳгор мешаванд, чунки Худои меҳрубон барои маризон рухсат додааст, ки рӯзаҳояшонро хӯранд. Дар давоми оят мефармояд, ки “фа иддату мин айёмин ухар”. Пас, вақте ки бемор сиҳат ёфт ва мусофир муқим шуд, он гоҳ рӯзаашро медорад. Ин ҷавоб барои тамоми касонест, ки тоқати рӯза доштан надоранд. Сарфи назар аз он, ки касали қанд аст, дарди меъда дорад ё рӯда, табибҳои ҳозиқ агар гӯянд, ки барои ҳамин одам рӯза доштан мумкин нест, рӯза нагирад. Бемороне, ки рӯза намедоранд, бояд ҳар рӯз ба миқдори садақаи фитр садақа кунанд.

 -Кӯдаки ширмак дорам ва ҳомиладорам. Рӯза надорам гуноҳ намешавад?
Мавҷуда аз ноҳияи Ҳисор.

Посух: -Гунаҳгор намешавед. Зане, ки кӯдаки ширхора дорад, агар шираш ба кӯдакаш нарасад (шир аз ғизо пайдо мешавад) ва занҳои ҳомилае, ки гирифтани рӯза боиси вайрон шудани саломатии худу фарзандашон мегардад, метавонанд рӯзаашонро хӯранд ва баъди он ки аз ин вазъият баромаданд, рӯзаи қазоӣ доранд.

 -Устоям ва дар зери офтоби тафсон дар сохтмон кор мекунам. Рӯзаро дар фасли зимистон гирам, қабул мешавад?
Фаррухрӯз, сокини ноҳияи Вахш.

 -Бародарони усто агар “ман дар зери офтоб кор мекунам” гуфта рӯзаро хӯранд, дар назди Худованд гунаҳкор мешаванд, чунки дар шариат ин узр ҳисоб намешавад. Дар ин моҳи муборак беҳтараш аз корҳои сохтмонӣ истироҳат намуда, рӯза доред ва ба хондани Қуръон машғул шавед, то савоб бигиред. Як моҳ барои Худо кор кунед, албатта баракаташро дар ёздаҳ моҳи дигари коратон мебинед.

 -Намозҳоямро мехонам, рӯза медорам, боз чӣ кор кунам, ки савоб гирам?Оқилҷон Нозиров, шаҳри Исфара, деҳаи Чилгазӣ.

 Посух:- Дар як ҳадис омадааст, ки ба зимаи ҳар мусулмон як миқдор садақа додан зарур аст. Расули Акрам (с) ҳамеша дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсони зиёд мекарданд. Шахсе арз намуд:
-Эй Расули Худо (с) касе мол надошта бошад, чӣ кор кунад?
Расули Худо (с) фармуданд:-Бояд ба даст меҳнат карда, ҳам зарурати худро бароварда созад ва ҳам садақа намояд.
Нафаре пурсид:-Эй Расули Худо (с), агар касе узр дошта бошаду меҳнат карда натавонад-чӣ?
Расули Акрам (с) гуфтанд:-Бояд ҳоҷати мусулмонеро барорад, ки ин ҳам садақа аст.
Боз шахсе пурсид:-Эй Расули Худо (с), агар инро ҳам натавонад-чӣ?Расулуллоҳ (с) фармуданд:-Сухани нек гӯяд… Агар инро ҳам натавонист, ба касе зарар нарасонад, ки барои ӯ ин ҳам садақа аст.
Бояд садақаву эҳсон аз моли ҳалол карда шавад. Худованд садақаеро ба даргоҳаш қабул мекунад, ки ҳалол бошад.
Суфёни Саврӣ (р) мефармояд: «Касе ки моли ҳаромро садақа кард, гӯё либосашро пок мекунад ва он либос бе об пок намешавад. Гуноҳ ҳам бе моли ҳалол бахшида намешавад!»
Дар ин моҳи муборак ибодати нафл баробари фарз савоб аст. Савоби фарз 70 дараҷа зиёд мешавад.

 -Солҳои охир бо сабабу баҳонаҳои ночиз мардони тоҷик занҳояшонро талоқ медиҳанд. Мехостам, назари исломро ба ин масъала бидонам.
Фаррух, сокини н. Ҳисор.

 -Ҳазрати Муҳаммад (С. С) фармудаанд: «Бадтарин ҳалолаҳо назди Худованд талоқ аст» Талоқро шариат сахт маҳкум менамояд. Вақте ки мард калимаи талоқро ба забон бигирад, Арши Аъзам ба ларза медарояд.

 -Мард дар хоб занашро талоқ диҳад, талоқ воқеъ мешавад?
Насим, ноҳияи Ашт.

(Идомаашро пагоҳ соати 14-00 дар сомонаи мо интизор бошед!)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД