Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз аз сар задани рӯйдодҳое, ки қаблан шуморо асабӣ мекарданд, парвое намекунед. Агар муҳаббататон якранг ва дилгир шуда бошад, фурсати хубе ҳаст, ки онро боз ҳам ширинтар созед. Дар муносибатҳои ошиқона муҳим он аст, ки ба якдигар фишор наоред. Агар дар ҷои кор ба вазифаи беҳтар ноил гардидед, тавре меҳнат кунед, ки арзанда буданатон собит гардад. Аз истеъмоли хӯрокҳое, ки пештар истеъмол накардаед, худдорӣ намоед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз хеле нозук ҳастед, як гап метавонад асабиятон кунад. Аз шӯхии беҳуда бо дӯстдоштаатон худдорӣ кунед, вагарна байнатон нофаҳмӣ сар мезанад. Дар кор бо одамони сергап эҳтиёт шавед, гапи гуфтаатонро овоза мекунанд. Эҳтимол касеро, ки дӯсти худ мешуморидед, сабаби мушкилиҳоятон гардад. Аз ҳар гап ранҷиданро бас кунед, ҳама дар зиндагӣ мушкилӣ доранд.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Дар наздикӣ муҳаббати нав метавонад пайдо шавад, худатонро омода кунед! Имрӯз фурсати хубест, ки ба намуди зоҳириятон диққат диҳед. Дар оила мумкин аст баҳсҳои пулӣ сар шаванд, пеш аз харҷи калон бо ҳамсаратон маслиҳат кунед. Агар фикри наве доред, аввал хуб андеша кунед ва бо касе, ки таҷриба дорад, маслиҳат кунед. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ эҳтиёт кунед, эҳтимоли осеб диданатон вуҷуд дорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз аз шахси дӯстдошта меҳру муҳаббати зиёд мебинед. Гӯё айёми асал дубора бармегардад! Дар чунин рӯз масъалаҳои хонагӣ ва корӣ аҳамияти камтар доранд. Оромии хона дар дасти шумост, бо наздикон боэҳтиром бошед, нороҳат накунед. Дар кор эҳтимол душманони пинҳонӣ аз содагии шумо истифода баранд. Агар руҳафтода шавед, бо намоз, оромиш ва фикрҳои нек ҳолататон беҳ мешавад.
Асад (23 июл-23 август)
Муҳаббат на ҳамеша дар дидори аввал ошкор мешавад, шитоб накунед, аввал инсонро хуб шинохта, баъд дил диҳед. Имрӯз асабӣ мешавед ва эҳтимол қаҳру ғазаби худро ба сари дигарон мерезед. Беҳтараш бо мардум камтар муомила кунед. Агар нисбати ҳамкори худ дар дил кина дошта бошед, оштӣ шавед, вагарна корҳоятон пеш намераванд. Ба мушкилоти молии дигарон дахолат накунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз шиносоии навро ба фардо монед. Аз ишқбозӣ дар ҷои кор фоида нест, он оқибати нохуш меорад. Дар хона душвориҳо эҳтимол доранд, аммо бо сабру меҳр рафъ мешаванд. Дар ҷои кор шуморо назорат мекунанд, бояд ҳунару истеъдоди худро исбот кунед. Ба одамони шубҳанок бовар накунед, эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Барои саломатӣ вақти хуб аст, парҳез кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Шояд имрӯз фикр кунед, ки шахси дӯстдошта дигар инсони пешина нест. Шубҳаҳоятон зиёд шудаанд. Беҳтараш имрӯзро танҳо гузаронед, зеро бо дигарон забон ёфтан каме душвор мешавад. Дар ҷои кор аз гуфтори беҳуда эҳтиёт шавед, ҳар як гап метавонад ба роҳбар расад. Аз ҷиҳати молӣ фурсат хуб аст, вале хароҷоти ғайричашмдошт низ имкон доранд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз ба фикру рафтори дигарон зиёд аҳамият надиҳед. Нисфи рӯзро бо хешу табор гузаронед, онҳо аз дидори шумо шод мегардонад. Ба кори нав шуруъ накунед, аввал иштибоҳҳои кӯҳнаро ислоҳ кунед. Вазъи молиявӣ метавонад ноустувор шавад, пулро эҳтиёт кунед. Барои солимии қалб аз ҳар гуна фикрҳои бад дурӣ ҷӯед. Нафаронеро, ки табъатонро хира месозанд, аз зиндагии худ дур созед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз вақти ишқбозии нав нест, муҳаббати зудгузар метавонад ба саратон мушкилоти зиёде оварад. Агар муҳаббати шумо сард шуда бошад, фикр кунед, ки кай охирон маротиба ба дӯстдоштаи худ меҳру таваҷҷуҳ нишон додед. Дар ҷои кор вазъ беҳтар мешавад, бо ҳамкорон ҳамдигарфаҳмӣ бештар мешавад. Агар касеро ранҷонда бошед, узр пурсед, насиҳати ӯ ба фоидаи шумост. Дар бораи пули кам ғам махӯред. Ба худтабобатӣ машғул нашавед, ба духтур муроҷиат кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз барои шиносоии нав ва ҳатто пайдо кардани дӯстдошта фурсати хуб аст. Нафароне, ки дар фикри барпо намудани оила ҳастанд, фурсати муносиб фаро расидааст. Агар аз таҳти дил кор кунед, пеши роҳатон кушода мешавад. Қарз нагиред, он баракатро аз рӯзгоратон мепаронад. Рӯз барои оғози парҳез, варзиш ва ғамхорӣ ба саломатӣ бисёр мувофиқ аст, тағйиротро аз имрӯз оғоз кунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Шахси дӯстдошта ба шумо бовар дорад ва омодааст тамоми фармудаҳоятонро иҷро кунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки тамоми гилаҳоро якбора бигӯед. Имрӯз комилан бо кор банд мешавед ва барои наздикон вақт намеёбад. Бо вуҷуди серкорӣ ба мушкилоти аҳли оила диққат диҳед. Аз истеъмоли ғизои зиёдатӣ ва «фастфуд» худдорӣ кунед, меъдаатон нозук аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз шояд ошиқи касе шавед ё дили касеро ба худ ҷалб кунед. Дар хона масъулият бештар мешавад, бояд ба наздикон диққати бештар диҳед. Аммо ин кор бароятон хуш аст. Дар ҷои кор бо ҳамкорон нофаҳмӣ имкон дорад, кӯшиш кунед, ки баҳсро ба ҷанҷол нарасонед. Шумо барои наздикони худ маблағи зиёд сарф мекунед, вале ниёзҳои худро ба эътибор намегиред.