1xbet
Сабаби сӯхтори “Яккасарой” шарҳ дода шуд
26.06.2025
Oila.tj
1704

Сардори идораи сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд Фаррух Юсуфӣ сабаби сӯхтори шадиди тарабхона ва қаҳвахонаи «Якксарой» (собиқ киштии «Темурмалик»)-ро шарҳ додааст.

“Санаи 19.06.2025 соати 15:50 дақиқа дар тарабхона ва қаҳвахонаи «Якксарой», собиқ киштии «Темурмалик» воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Р. Набиев №51 А ҳодисаи нохуши сӯхтор ба амал омада, соати 16:05 дақиқа ба нуқтаи алоқаи қисм аз ҷониби кормандони қаҳвахона хабар дода шуд.

Баъди қабули хабар соати 16:10 дақиқа аввалин нақлиёти оташнишонӣ ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор ҳозир шуда, ба хомӯш намудани он шуруь карданд. Ҳангоми сӯхтор 80%-и масоллеҳи зудоташгирандаи сохтмонии киштӣ ба масоҳати умумии 400 метри мураббаъ, ки дохили он низ бо ҳар гуна масолеҳи синтетикӣ ва чӯб ороиш дода шуда буд, сӯхта корношоям гардид. Ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ як қисми ҳуҷраҳои ёрирасони киштии «Темурмалик» ба маблағи умумии 150 000 сомонӣ эмин нигоҳ дошта шуд.

Сӯхтор соати 17:30 дақиқа пурра хомӯш карда шуд”,- мегӯяд Юсуфӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД