Arzon march 2024
Ҳалола
09.11.2019
Дилошӯб
3911

 

Пас аз сари модар

Беназир шашмоҳа буд, ки модари ҷавону пурармонаш бар асари саратони ҷигар ин даҳри дударро падруд гуфту сарнавишти ятимаки аз шири модар сер нашудаашро ба дасти қисмати бадфарҷом вогузошт. Беназир баъдҳо аз забони модаркалонаш фаҳмид, ки модараш омӯзгор будаасту ба хотири сиёсатмадори машҳури Шарқ Беназир Бҳутто номи ӯро Беназир гузоштааст. Вақте ки модари оқилааш мефавтад, бибию бобояш маҳз ҳамин тифлаки бегуноҳро сабабгори марги духтарашон дониста аз Беназири рӯ мегардонанд. Тифлакро бепоиқадам ва сархӯр номида, дигар суроғаш намекунанд. “Модарат ба дарди бедаво гирифтор буданашро медонист, маҳз бо ҳамин сабаб барои аз ин дунё бенишон нарафтан туро тавлид кард” мегуфт модаркалони падарияш Бибӣ-Зуҳро бо оби дида.

 


«Очаҷонма набаред! Ман бе очам чӣ кор мекунам?! Очаҷон, мана партофта нарав….»


 

Беназир симои модарашро ёд надошт. Модарандараш Саидаро оча мегуфт, вале шабҳо ҳамроҳи бибии меҳрубонаш мехобид. Моиндараш занаки хуб буд. Мисли дигар моиндарҳо ба Беназири ятим ҷабру зулм намекард. Вай аз падари омӯзгори Беназир як писару як духтар дошт. Беназир бародари ӯгаяш Хуршед ва хоҳаракаш Фирӯзаро дӯст медошт, онҳо низ бе апаҷонашон наметавонистанд. Саида ҳамшираи шафқат шуда кор мекард ва дастёри ягонааш ҳамин Беназир буд. Духтарча дар тарбияи Бибӣ-Зуҳрои хушрӯзгор калон шуда, барвақт сабақи зиндагӣ омӯхта буд ва ҳанӯз аз синни даҳсолагӣ тамоми кору бори рӯзгорро саришта карда метавонист.

Марги модаркалон

Беназир умед дошт, ки баъди хатми мактаби миёна табиб мешаваду ба аҳли деҳаашон хизмат мекунад.

-Ман, ки табиб шудам, дигар фишори шумо баланд намешавад,- аз рухсораҳои пурожанги модаркалони ҳоло ҳам соҳибҷамолаш бӯсида, орзу мекард духтарак.

Бибӣ-Зуҳро ба ҳамон оҳанг ҷавоб медод:

-Эҳа, то ту табиб мешавӣ, ки сабзаи сари гӯри ман як ваҷаб мешавад!

Аз ин суханони модаркалон дили Беназир ба дард меомаду чашмони зебояш ғарқи об мегаштанд. Бибиаш аз гуфта пушаймон шуда, сари набераи Беназирро ба оғӯш мегирифт ва аз пешонияш мебӯсиду тасаллиомез мегуфт:

-Мурам ҳам арвоҳам туро мададгор мешавад, ҷони бибӣ. Як умр аз худованд талабгори духтар будам, вале духтардор нашудам. Раҳматии бобоят хеле ҷавон аз олам рафтанд. Ман ба хотири падари ту дигар шавҳар накардам. Сабру матонатамро дида, билохира Худованд туро ба ман фиристод...

«Ҳар чӣ дилат хост, на он мешавад, ҳар чӣ Худо хост, ҳамон мешавад» гуфтани халқ беҳуда набудааст, як рӯзи сабзи баҳорон, вақте ки деҳаи Гулобод дар ҳақиқат гулобод шуда буд, модаркалони Беназир Бибӣ-Зӯҳрои меҳрубон баногоҳ чашмашро аз олам пӯшид. Сари мавти модаркалони меҳрубонаш Беназир он қадар ашк рехт, ки замину замон аз гиряаш тар шуд, вале тақдирро тадбир набуд.

 Васияти Бибӣ-Зӯҳро

Як рӯз пеш аз маргаш модаркалонаш аз Беназир хоҳиш кард, ки барояш ширбиринҷ пазад. Саидаю Беназир тушбера пухтанӣ буданд, вале ба хотири дили кампир ширбиринҷ пухтанд. Пас аз хӯрок Бибӣ-Зӯҳро ба келинаш рӯ оварда гуфт:

-Саидабегим, ҳазор раҳмат бар падару модарат, ки тӯли ҳамин қадар солҳо дили ятимаки маро наозурдӣ! Келинҷон, хоҳӣ, ки арвоҳам аз ту розӣ бошад, баъди маргам ба Беназир меҳрубон бош!

-Холаҷон, шумо чиҳо мегӯед?! Беназир ба ман ягон зарар нарасонад, барои чӣ ман ӯро хафа мекардаам?! Бечора духтарак рӯзи дароз меҷунбад, тамоми кору бори хона дар гарданаш, магар дили ман мешавад, ки чунин дастёри хушкору беминнатро хафа кунам? Мурданро фикр накунед, шумо ҳоло бардамед, Худо хоҳад, тӯйи набераю абераҳоятонро мебинед,-хушдоманашро тасаллӣ дод Саида.

Кампир суханҳои келинашро гӯш карда, сипас андешамандона ба писараш рӯ оварду таъкид кард:

-Шамсиддинҷон, писарам, ман мурда бошам ё зинда Беназирро хононед, бигузор духтаракам ба орзуяш расад, табиб шавад!

Дили Беназир аз суханҳои модаркалони азизаш сиёҳ шуд, вале он вақт эҳсос намекард, ки ин охирин васияти кампир аст. Танҳо пас аз марги Бибӣ-Зӯҳро духтарак фаҳмид, ки модаркалони биҳиштияш он шаб бо онҳо видоъ карда будааст.

  Дар талоши зиндагӣ

Пас аз марги модаркалон Беназири чордаҳсола аз зиндагӣ дилсард шуда бошад ҳам, вақт билохира дардҳояшро табобат кард. Падараш ба қавлаш вафо намуда, пас аз хатми мактаб ӯро ба филиали коллеҷи тиббии вилоятӣ, ки дар ноҳия кушода шуда буд, дохил кард. Аниқтараш худи духтар бо дониши баландаш шомили коллеҷ гашт. Модарандараш дар корҳои омӯзишӣ ба Беназир ёрӣ мерасонд.

Дар сари гӯри азизон

Рӯзе Беназир аз моиндараш хоҳиш намуд, ки ӯро ба сари қабри модараш барад. Саида ин хоҳиши духтарро иҷро кард, вале ҳамроҳи ӯ ба сари қабр рафтанро ба шавҳараш вогузошт. Падару духтар ба мошини кӯҳнаяки аз замони шӯравӣ меросмондаашон нишаста ба қабристони деҳа, ки аз хонаи онҳо дуртар воқеъ гашта буд, рафтанд. Онҳо аввал гӯри модаркалонашро зиёрат намуданд. Беназир лавҳи рӯи мазорро хонда номи азизи бибиҷонашро рӯи санги сард диду мисли абри баҳорӣ зор-зор гирист. Пас аз дуою фотиҳа хондан дар сари марқади кампир онҳо бо пайроҳаи морпечи қабристон, аз шафати қабрҳои наву куҳна гузашта, сари гӯре қарор гирифтанд, ки рӯи лавҳааш “Марҷони Аҳмад” навишта шуда буд. Беназир давоми навиштаҷотро хонда натавонист, зеро пардаи ашк пеши чашмони зебояшро пӯшонд.

-Ана ин хоки модарат, Беназирҷон,-падараш сари зону нишаста, ояте аз Қуръони маҷид тиловат намуд, сипас Беназирро дар сари хокдони модараш танҳо гузошта, худаш болои теппачае дуртар аз ӯ якпаҳлӯ зада ба атроф назар дӯхт. Аз панҷараи рангкарда, арчаи сабзу хуррам ва тозагии атрофи қабр маълум буд, ки падараш тез-тез гӯри модарашро хабар мегирад. Беназир бори аввал дар умраш сӯзишеро дар ҷигараш эҳсос намуд ва арчаяки сабзи сари гӯри модарро ба оғӯш кашида бо ашки шашқатор пичиррос зад:

-Салом очаҷон! Ин манам, Беназири ту, калон шуда омадам, то бо ту роз бигӯям. Маро бубахш, ки тули ин қадар солҳо аз ҳолат хабар нагирифтам.

Он рӯз Беназир то дергоҳ бо руҳи поки модараш гуфтугӯ карда, дилашро хеле сабук намуда ба хона баргашт.

Хандаи бахт

Беназир ба орзуяш расида табиб шуд. Хостгорони соҳибҷамоли хушахлоқ ва оқила аз мӯи сараш зиёд бошанд ҳам, падараш мехост Беназир ақаллан як сол кор карда, баъд ба шавҳар барояд. Духтар, ки хушкарда надошт, интихобро пурра ба қиблагоҳаш вогузор намуд. Рӯзе ба хонаашон Гуландом ном духтархолаи Саида меҳмон шуд. Гуландом дар пойтахт зиндагӣ мекард. Шавҳараш клиникаи шахсӣ дошту ҳамроҳи ҳамсараш ҳарду духтури дандон шуда кор мекарданд. Саида як бор Беназиру додаракашро ба хонаи қасрмонанди Гуландом бурда, як ҳафта тамоми пойтахтро тамошо дода буд. Беназир Гуландомро дӯст медошт, зеро ин зани меҳрубону хушлибос ва хушбӯй ҳамеша барояш ҳадяҳои зебо меовард. Куртаҳои пар-паргиребони ҳадянамудаи Гуландомашро пӯшида, духтарак замони кӯдакиаш дар назди дугонаҳояш аз холаи шаҳриаш ифтихор мекард. Ана ҳамин Гуландом барои писари ягонааш Наимҷон, ки Донишгоҳи тиббиро хатм карда, ҳамроҳи волидонаш кор мекард, Беназирро хостгорӣ намуд. Беназир Наимҷони эркатулфорро хуб мешинохт, ҳангоми ба меҳмонӣ рафтани онҳо Наимҷон “Боз ҳамин қишлоқиҳо омаданд” гӯён, сари дастурхон наменишаст. Волидонаш сарзанишаш кунанд ҳам, ин бачаи шаҳрӣ бо меҳмонони «қишлоқӣ» сари як дастурхон нишастанро ба гардан намегирифт. “Акнун йигити шаҳрӣ калон шуда, зани қишлоқӣ мегирифтааст?!” аз дил гузаронид Беназир, вале саволаш дар гулӯяш санг баст, зеро шарму ҳаёи духтарона нагузошт аз холааш инро пурсад. Волидонаш бошанд ҳатто ризоияти ӯро нопурсида, дарҳол Беназирро ба хешбачаашон фотиҳа намуданд ва санаи тӯйро муайян кардаанд...

(Давом дорад)

Зебунисои Эраҷ, ноҳияи Панҷ

Таснифи Дилошӯб      

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД