Ман Зебинисо, муҳоҳирзани тоҳик. Тӯли ҳафт сол аст, ки ҳамроҳи шавҳару духтари 15 солаам дар Русия зиндагӣ мекунем.
Шукр, аз чизе танқисӣ намекашем, вале рафтори фарзандам маро маҷбур кард, ки ба Оила муроҷиат намоям. Духтарам Сано дар синфи ҳаштум мехонад. Ману шавҳарам, ки дар ферма кор мекунем, духтарамон ҳар рӯз баъди дарс ба наздамон меояд. Борҳо таъкид намудам, ки ба ҳайвонҳо наздик нашавад, вале духтарам чашми ҳамаро хато карда, нарҳол ба оғили гӯсфандон медарояд.
Шояд шумо дар ҳайрат афтида гӯед, ки хайр чӣ, магар дар парвариши чорво ба волидонаш кӯмак намудани духтар ягон бадӣ дорад?! Гап сари он аст, ки духтари мо на барои коҳу алаф додан ба чорво, балки барои бӯсобӯсӣ намудан бо гӯсфандон ба оғилхона медарояд. Аввалҳо ман аз ин кораш бехабар будам, вале як рӯз тасодуфан ба оғил даромада бо чашми худам дидам, ки чӣ тавр духтарам лабонашро ба лаби гӯсфанд гузошта бо завқ ҳайвонро бӯсида истодааст. Бовар кунед, ҳуш аз сарам парида қариб инфаркт шуда будам. Хостем Саноро ба Маскав фиристем, то аз ҳайвонот дур гашта ин кори бадашро партояд, вале доду фиғон бардошт, ки агар маро аз ферма дур кунед, худамро мекушам. Духтарамро ба духтур бурдем, ташхис карда гуфтанд, ки ягон дард надорад, беҳтараш ӯро ба ягон равоншинос нишон диҳед, аммо равоншиносон ҳам илоҷашро ёфта натавонистанд. Ба вай на гап таъсир мекунад, на мушту лагад, сад бор мегӯям, ки ҳой аҳмақ, охир гӯсфанд ҳайвон аст, ҳар хел касалиҳои гузаранда доштанаш мумкин, аммо боз чашмамро хато карда мисли Лайлӣ дар ҷустуҷӯйи Маҷнуни чорпояш ба оғил медавад. Шунидам, ки Турсуной Зокирова дар Русия беморонро қабул мекардааст, бо умед ин номаро навиштам, ки шояд ин зани назаркардаи худованд ба дарди фарзанди ман даво меёбад. Апаи Турсуной, илтимос, ба фарёди мо бирасед, вагарна духтарам дар назди худову халқ шармандаю бе обрӯ мешавад!
Зебунисо аз Русия