Arzon march 2024
Никоҳи духтарони тоҷик бо мардҳои хориҷӣ аз назари Ҳоҷӣ Мирзо
3073

 

-Мард дар хоб занашро талоқ диҳад, талоқ воқеъ мешавад?
Насим, ноҳияи Ашт.

-Мард дар хоб занашро талоқ дода, дар бедорӣ аз ин хабар надошта бошад, талоқ воқеъ намешавад.

 -Тамоми воизон дар бораи қарзҳои зан дар назди шавҳар мегӯянд. Шавҳар ҳам дар назди зан ягон уҳдадорӣ дорад ё не?
Аҳлиддин, ноҳияи Вахш.

Посух:-Ҳазрати Муҳаммад (с) ба Абубакри Сиддиқ хитоб карда гуфтанд: «Эй Абубакр, агар мард бо чеҳраи кушода ба ҳамсараш нигоҳ кунад, савоби озод кардани як ғулом ба ӯ дода мешавад!»

Пеш аз ҳама мард бояд бо занаш хушрафтор бошад.
Ҳаққи дуюм ин аст, ки мард ҳамсарашро ризқи ҳалол диҳад. Либосе, ки барои зан мехарад, бояд аз пули ҳалол бошад.
Сеюм: ҳамсарашро ахлоқи ҳамида омӯзонад ва чӣ будани ҳарому ҳалолро таълим диҳад.
Расули Акрам фармудаанд: «Сахтарин азоб дар қиёмат он аст, ки аҳли оилаи худро ҷоҳил нигоҳ дорад.»

 -Дини мубини ислом дар хусуси мардҳое, ки занашонро бо баҳонаҳои ночиз мезананд, чӣ фармудааст?
Амиршо, ноҳияи Панҷ

 Посух: -Дар «Саҳеҳ»-и Муслим омадааст, ки паёмбари Акрам (с) фармуданд: «Занонро лату куб накунед! Ҳар касе занашро бесабаб мезанад, ман, ки пайғамбарам, рӯзи қиёмат душмани ӯ хоҳам буд.»
Марде, ки занро бесабаб мезанад, гӯё бар Худо ва Расул исён кардааст.

 -Шахсоне ҳастанд, ки 11 моҳ намоз намехонанду дар моҳи Рамазон намозхон мешавад. Намози чунин ашхос қабул мешавад?
Идибек, ноҳияи Ваҳдат.

 -Ба шарофати моҳи шарифи Рамазон бетавфиқтарин одам ҳам рӯй ба намоз меорад ва ба масҷид меравад. Шахсе, ки дар ин моҳ дар дилаш хоҳиши ба масҷид рафтан пайдо мешавад, бигзор равад. Худо дар дили бандааш меҳр меандозаду аз пайи саҷдаву намоз мегардад.

 -Бисёр одамонеро мебинам, ки танҳо дар рӯзи ҷумъа либосҳои тоза пӯшида, рӯй ба масҷид меоранд. Назари Ҳоҷиро ба ин худнамоиҳо донистан мехостам.
Фахриддин, шаҳри Душанбе.

 Посух:-Дар ин бобат Хоҷа Камол гуфтааст:
Ба масҷид аз ту куҷо як саҷдаи воҳид.
Ба як одинаи зоҳир ба шаш рӯзи дигар фосиқ.
Ба ҷавонон ҳаминро гуфтаниям:
Камол он аст, ки аз худ бошӣ огаҳ,
Чӣ дар хилват, чӣ дар роҳат, чӣ дар раҳ,
Ҳама вақт Худо ёрумададгори ҷавонон бошад.

 -Таровеҳи мардон аз таровеҳи занҳо фарқ дорад?
Дилбар,ноҳия Мастчоҳ

 Посух:-Занҳо ҳам 20 ракат намози таровеҳ мехонанд. Фарқият танҳо дар он аст, ки имоми занҳо дар мобайн меистад.

 -Пас аз Рамазон тӯйи арӯсӣ дорам. Дар байни ду ид никоҳ кардан дуруст нест мегӯянд, Шумо ба масъала чӣ назар доред?
Нигора, ноҳияи Шаҳринав

 Посух: -Раво набудани никоҳ дар байни ду ид дурӯғ ва бофтаи мардум аст. Бемалол тӯй кардан гиред. Ба хурофот дода нашавед.

 -Агар одам дар моҳи Рамазон се рӯз бе узр рӯзаашро хӯрад, ҳатман 6 моҳ рӯзаи каффорат гирифтанаш лозим меояд?
Аслам, шаҳри Панҷакент.

 -Аллома Қозӣ Саноуллоҳ дар китоби «Мо лобуда минҳу» чунин овардааст: «Агар дар як Рамазон рӯзаи чандрӯзаро фосид кунад, дар сурате, ки барои рӯзи аввал ё дуюм каффорат надода бошад, барои ҳамаи рӯзҳо як каффорат кофист. Агар каффорат аз ду Рамазон лозим бошад, каффорати ҳар Рамазонро ҷудогона мепардозед.»

Ба саволатон ҷавоб чунин аст, ки шахси чанд рӯзи Рамазонро хӯрда бояд 60 мискинро таъом диҳад ё пайиҳам ду моҳ рӯза дорад. Ин каффорат аст, илова бар ин бояд 3 рӯз рӯзаи қазоӣ дорад.

 -Савдогарам ва ташвишам хеле зиёд аст. Соле фақат як моҳ дар давраи Рамазон намоз мехонам. Ҳамсояам маро «Дузди намоз» мегӯяд ва муътақид аст, ки намози маро Худованд қабул надорад. Дар Рамазон ҳам намоз нахонам?
Меҳриниссо, савдогари бозор.

 -Дар ҳақиқат касонеро, ки фақат дар моҳи Рамазон намоз мехонанд ва онҳоеро, ки гоҳ намоз мехонанду гоҳ намехонанд, ба истилоҳи тоҷикӣ “дузди намоз” мегӯянд. Намозе, ки қадру манзалат оварда, дар қиёмат дастгир мешавад, ин гуна намоз нест. Ин ба монанди ҳамоне аст, ки кас вақте аз пову пар мемонад, баъд ба тоату ибодат рӯ меорад ва ба масҷид меравад. Ин гуна ибодат аз рӯйи шавқу рағбат ва тавфиқ набуда, аз ноумедӣ аст. Кас бояд ҳама вақт намоз хонад.

 -Никоҳи духтари тоҷик бо ҷавони ғайри тоҷик, масалан дурага, рус ё тотор равост?

(Идомаашро пагоҳ соати 14.00 дар сомонаи мо интизор бошед!)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД