«Аз дасти моиндар рӯз надорам, маро дар деҳа фоҳиша баровардааст ин занаки морзабон» мегуфт Озода ва зор-зор мегирист.
Ин сатрҳоро бо хуни дил рӯи авроқи сафед меорам. Бароям ниҳоят мушкил аст саргузашти талхамро рӯйи саҳфа овардан. Қиссаи зиндагии ман он қадар пурсӯз аст, ки ҳатто қалам ба ҳоли зорам хун мегиряд.
Мори модаркуш
Ҳамагӣ 15 сол доштам, ки модарамро мор газиду аз заҳри ин хазандаи бераҳм ҷон ба ҷонофарин супурд. Он рӯзи наҳс модарам субҳи барвақт аз хоб хеста намозашро хонду сипас ба ман рӯй оварда гуфт:
-Духтарам, ҷону ҷигарам, имрӯз ман ҳамроҳи ҳамсояҳо алафдаравӣ меравам. Хонаро хуб нигоҳбонӣ кун!
Ҳарчанд дар хона танҳо метарсам гуфта зорӣ кардам, аз роҳаш нагашт. «Озодаҷон, ин дунё дунёи мубориза аст ва ҳар кас бояд барои хуш гузаштани ҳаёташ кӯшиш кунад. Худованд аз ту ҳаракату аз ман баракат гуфтааст, по рӯйи по гузошта дар хона бишинем, нон аз марғелон ғелон-ғелон шудан намеояд»,- гуфту аз дар баромад модарам. Ин вопасин дидор ва охирин суханҳое буданд, ки аз забони модарҷонам шунидам. Ҳамон рӯз қарибиҳои нисфирӯзӣ ҷисми беҷонашро ба хона оварданд ва хонаи ҳамеша ба тӯйхона монандамон мотамсаро гашт.
Заҳри танҳоӣ
«Очаҷонма набаред! Ман бе очам чӣ кор мекунам?! Очаҷон, мана партофта нарав….» нолидам, гиристам, рӯю мӯямро кандам, вале ба лобаю зориҳоям аҳамият надода, ҷисми беҷони модари ҷавонмаргамро рӯйи тобут гузоштанд ва рӯяш махмали сурх пӯшонда бурданд ба водии хомӯшон, ба ҷое, ки роҳи рафтан дораду роҳи баргаштан не!
Пас аз марги модар хона дар назарам гӯристон шуда монд. Шабу рӯз корам танҳо гиряву нолаю зорӣ буд. Падари бечораам ҳарчанд кӯшиш мекард, ки ҷойи модарамро бигираду ғамро аз дилам зудояд, муяссараш намегашт. Ҳар лаҳзаву ҳар соат мани ятимро хумори модар мегирифт, куртаҳояшро бӯй мекашидам, дари тамоми хонаҳоро кушода «очаҷон ту дар куҷоӣ?» гӯён, соатҳои дароз модар мекофтам. Девонаавзоъ шуда будам, мудом ба гӯшам аз ҳар кунҷи хона садои модарам мерасиду осемасар ҳама ҷоро такорӯ намуда, фиғон мекашидам, ки модарам куҷо рафт, охир ҳозир ҳамин ҷо буд-ку! Фиғону нолаам ҷигари хуншудаи падари бечораамро бештар хун мекард ва намедонист бо мани аз алам девонашуда чӣ кор кунад.
Моиндар
Падарам ҳоли зори маро дида, бо маслиҳати дӯстонаш ва хешу ақрабо дубора хонадор шуд. Рӯзе вай бо як зани тамоман бегона ба хона омад ва маро наздаш шинонду сару рӯямро силакунон гуфт:
-Озодаҷон, зиқ нашавӣ гуфта бароят очаи нав овардам! Илтимос, ин занро аз ҳамин рӯз эътиборан мисли модари худат дон. Духтаракам, очаи наватро ҳурмат кун, чунки вай туро мисли модарат нигоҳубин мекунад ва хору зор шудан намемонад…
Бечора падарам аз куҷо медонист, ки барои духтараш модар не, мори заҳрнокеро овардаасту минбаъд зиндагии фарзандаш ба дӯзахи ҳақиқӣ табдил меёбад.
Моиндарам симои аслиашро дарҳол нишон надод, аввалҳо вай ба ману падарам ниҳоят меҳрубон буд, вале баъдтар ниқобашро аз рӯяш гирифт. Аввал худакма ҷо кунам, сипас бо ту чиҳо кунам гуфтагӣ барин, баъди ба боварии падарам даромадан моиндарам рӯзи маро сиёҳ кард. Тамоми кору бори хонаро ба дӯшам бор карда, намемонд, ки мактаб равам. Моиндари таннозам пас аз ба кор рафтани падарам назди оина менишаст ва худро бо ҳавсала орою торо дода, ба шаҳр мерафту рӯзи дароз гум мешуд. Бегоҳ, ним соат пеш аз омадани падарам аз дар медаромад ва гӯшҳои маро сахт кашида таҳдидкунон мегуфт:
-Сағераи касофати падарлаънат, агар ба падарат шаҳр рафтани маро гӯйӣ, шармандаи ду оламат мекунам! Ба падарат ва хешу табор мегӯям, ки фоҳиша шудаӣ ва ман туро бо чашми худам дар оғӯши бачае дидам! Падарат туро оқ карда аз хона пеш мекунад! Аз гуруснагӣ мемурӣ!
Ягон гуноҳ надошта бошам ҳам, чашмам аз ин занаки худонотарс метарсид ва лаб фурӯ мебастам, то мабодо балоеро ба сарам набиёрад.
Аз хомӯшии ман истифода бурда, моиндарам ҳар рӯз нағмаҳои нав ба нав мебаровард. Акнун бо мошинҳои сиёҳшиша рафтуомад мекард ва ҳатто шабҳои набудани падарам мардҳои бегонаро ба хона меовард. Пурсам, ки чаро ба мошинҳои ношинос мешинед ва ин мардҳо кистанд, шаппотии обдор мехӯрдам ва дашномҳои болохонадор мешунидам аз моиндари фоҳишаи ҷаллодам ва боз мӯҳри хомӯшӣ бар лаб мезадам. Аниқ медонистам, ки моиндарам фоҳишагӣ мекунад, вале ин гапро ба падарам гуфта наметавонистам, чунки аз як тараф дубора хонавайрон шуданашро намехостаму аз тарафи дигар гумон надоштам, ки ба гапам бовар мекунад. Эҳсос мекардам, ки падарам дигар шудааст ва ҳар як сухани моиндарам барояш мисли қонун аст.
Моҷарои зану шавҳар
Рӯзе машғули дӯзандагӣ будам, ки овози ҷанҷоли падару моиндарам баромад. Падарам бо ғазаб сӯйи занаш дод зада мегуфт:
-Лозим шавад, туро ба соҳибонат бурда месупораму Озодаро не!
-Сағераат маро писанд намекунад! Корҳои хона ҳамааш дарди сар ману ин олуфтасатанги ту сарсарӣ мегардад! Духтарата ба сағерахона месупорӣ ё ба ягон хеши очааш бурда месупорӣ, баъд ман бо ту зиндагӣ мекунам. Ин корро накунӣ, умедата аз зиндагӣ кан…
-Духтари ман кӯдак нест, ки ту эзорчаҳоша шуста ҷонбезор шуда бошӣ! Духтари калон аст, худаш худаша саришта мекунад. Ман духтара бо як дунё азоб калон карда, хотири туи аҳмақ имрӯз бурда ба кӯча партоям?! Марги ту барин занаки худонотарс!
Ҷанҷоли падарам бо занаш билохира бо занозанӣ анҷомид. Падарам моиндарамро лагадкӯб кард. Хостам моиндарамро аз чанголи падарам халос кунам, вале аз ғазаб буд ё тасодуфан, ки лагадаш ба ман расиду даҳону биниам хуншор шуда, аз ҳуш рафтам. Вақте ки ба ҳуш омадам, падару моиндарам ҳамоно болои сарам моҷаро доштанд.
-Ба болои сағерабонӣ боз касалпоӣ намерасид! Ман соли дароз маслуқбонӣ карда намегардам,-гӯён моиндарам аз хона баромада рафт. Падарам бо нафрат ба сӯям нигариста неш зад:
-Ҳамааш аз рӯи ту касофат шуд, хонама вайрон кардӣ, акнун шодӣ кун!
Суханҳои нешдори падарам мисли корд ба устухонам расид ва «очаҷон, дар ин дунё ман ба касе даркор нестам. Рафтанӣ, ки будӣ, чаро маро бо худам набурдӣ» гӯён, зор-зор гиристам.
Гунаҳкори бегуноҳ
Сабаби маро нахостани моиндарам танҳо фоҳишагиаш буд, чунки ҳузури ман дар хона айши ӯро талх менамуд, вале падарам инро фаҳмидан намехост. Чанд маротиба найрангҳои занашро нақл карда бошам ҳам, ба гапам бовар накард. Дидам, ки падарам дурии занашро таҳаммул карда наметавонад, қарор додам, ки ба хонаи бародарони моиндари маккораам рафта бо гиряву зорӣ дубора ӯро ба хонаамон бар мегардонам. Тоби ашкрезии падарамро накарда, ночор боз рафтам ба дари он мор ва сар ба зер афканда гуфтам:
-Оча, мо хатоямонро дарк кардем. Падарам маро аз хонааш наронд, чунки дилаш ба фарзандаш месӯзад. Мо дар назди шумо гунаҳкори бегуноҳем, вале узр мехоҳем.
Моиндарам шод шуда неш зад:
-Пирсаги кафангадои падарат бе ман зиндагӣ карда натавонист?!
-Наметавонад оча, наметавонад! Хоҳиш мекунам, ба хона баргардед, падарам шуморо мунтазир аст.
Хулоса, ҳарду баҳскунон ба хона баргаштем. Падарам занашро дида мисли кӯдак гирист. Падарамро шод дида хурсанд шудам ва хам шуда ба бехи гӯшаш пичирос задам:
-Маро ба хонаи бепарасторон баред, намехоҳам ба шумо халал расонам!
Худи ҳамон рӯз маро ба хонаи бепарасторон бурда монданд.
Дар ятимхона
Маро дар хонаи бепарасторон хуш пазируфтанд. Аз он, ки ба ин даргоҳ афтидам, ҳам шод будаму ҳам ғамгин. Як умр таънашунавӣ ба ҷонам зада буд ва акнун аз ғурбати моиндар халос шуда, метавонистам бароҳат хобаму бароҳат хӯрам ва озодона нафас кашам, вале ғами дурии падар азобам медод. Падарам моҳе як маротиба маро хабаргирӣ меомад. Ҳамин тавр чанд сол дар хонаи бепарасторон зистам. Вақте ки ба бист қадам гузоштам, падарам аз шарми ҳамсояҳо маро дубора ба хонааш бурд.
Бозгашт ба дӯзахи моиндар
Гумон доштам, ки тӯли ин солҳо моиндарам одами дигар шудааст, вале гузашти айём ӯро золимтару бераҳмтар гардонда буд. Рӯзи дароз маро кор мефармуд ва ҳатто шабҳо ором хобидан намемонд. Бо ҳар баҳона моҷаро бардошта, маро мезад, мегазид ва мисли гурба бо ханҷол сару рӯямро мехарошид. Падарам бемор шуда буд ва дигар аз бистар бархоста наметавонист. Моиндари шаттоҳам мӯйсафеди беморро рӯз намедод, дашномҳои болохонадор медод ва ҳатто бо таёқ ҳам мезад. Аниқ медонистам, ки касалии падарам аз ҷодуст, чунки борҳо шоҳиди ҳилаву найранги моиндарам гашта будам. Ин занаки худонотарс ба падарам кирми харак ва ҳар гуна гӯштҳои бӯйгинро доругӣ аст гӯён мехӯронд. Рӯзе моиндарам телефони дастияшро фаромӯш карда ба куҷое ғайб зад. Телефонаш беист занг мезад. Аз тарси моиндари золиму бадзабон гӯшакро набардоштам. СМС-ҳои зиёд омадан гирифтанд. Кунҷковиам боло гирифту якеашро кушода хондам. Ҳуш аз сарам парид. «Ба бачаҳо супориш додам, харро куштанд. Майнаашро гирифтан бисёр душвор будааст. Пулро биёру заказата гирифта рав. Тезтар аз ҳамон маслуқи бӯгинат халос шав! Магар як умр касалибонӣ карда мегардӣ? Майнаи харро мехӯронӣ, масъалаи шӯят ҳал мешавад. Мӯйсафеда, ки ба он дунё гусел кардем, духтараша бизнес мекунем. Ҷони ширин, баъди аз ин касофатҳо халос шудан кайфу сафо карда мегардем» навишта шуда буд дар паёмак.
Ин сатрҳоро хондаму даҳонам воз монд. Тамоми вуҷудам аз тарс дириқ дириқ меларзид…
(Идомаи қиссаро пагоҳ, соати 21.00 интизор бошед!)