Formula september
Домоди генерал занашро дар қимор бой дод
3370

Ишқи кӯдакӣ
Зевару Баҳрулло дар як деҳа таваллуд шуда, дар як мактаб мехонданд. Баҳрулло дар синфи болоӣ мехонду Зевар аз ӯ ду синф поёнтар, вале ҳамдигарро чунон дӯст медоштанд, ки ҳама дар мактаб онҳоро Лайлию Маҷнун мегуфтанд. Баъди хатми мактаби миёна Баҳрулло ба Донишкадаи аграрӣ дохил шуд, Зеварро бошад падару модараш хондан намонданд. Талабгорони ин духтари мисли гул зебо ва панҷ панҷааш ҳунар аз мӯйи сараш бештар буданд. Аз тарси он ки ягон ҷавони чолоки дигар маҳбубаашро аз худ накунад, вай волидонашро ба хонаи онҳо хостгорӣ фиристод, аммо падари Зевар хостгориро рад кард. Зевар бойдухтар буд, Баҳрулло бошад аз оилаи камбағал, аз ҳамин сабаб назари волидони духтар ин бачаи ба қавли худашон почакандаро намегирифт.

 Ҷудоӣ нолаҳои зор дорад
Баҳрулло ҳафт маротиба ба хонаи Зеварино хостгор фиристода бошад ҳам, дили волидони духтарро ба даст оварда натавонист ва билохира ба тақдир тан дода, умед аз ишқ барканд. Падару модараш барои ӯ аз як оилаи мисли худашон камбизоат арӯс ёфтанд ва тӯйи хоксоронае ороста, сари писарашонро ҷуфт намуданд. Ҳамсараш ягон камбудӣ надошта бошад ҳам, Баҳрулло ӯро дӯст намедошт, аммо ба хотири волидони пираш лаб зери дандон гирифта, чунон вонамуд мекард, ки гӯё хушбахт аст...

 Қасами бахтсӯз
Хабари зан гирифтани Баҳруллоро шунида, Зевар мисли ҳезуми тар дарун ба дарун месӯхт. Зиндагӣ дар назари ӯ рангу маъниашро гум карда, дигар зистан намехост. Чанд бор ҳатто хост даст ба худкушӣ занад, вале янгаҳояш аз нияти ӯ бохабар шуда, садди роҳаш гаштанд. Барқасди падару бародарони сангдилаш, ки ӯро зӯран аз ёраш ҷудо карданд, Зевар қасам хӯрд, ки дунё ба охир расад ҳам, ғайри Баҳрулло ба ягон кас намерасад.

Қариб ҳар ҳафта хостгорон дари хонаашонро мекӯфтанд. Аксари талабгоронаш аз оилаҳои бою бадавлат ва бачаҳои ба қавле ояндадор буданд, аммо Зевар худро ба девонагӣ зада, таҳдид мекард, ки агар ба тӯй розигӣ диҳанд, худашро дар байни ҳавлӣ оташ зада мекушад. Волидонаш аз тарси аз даст додани духтари ягонаашон ҷуръат намекарданд, ки ба ягон хостгор ҷавоби мусбат диҳанд...
Ҳамин тавр солҳо турнасон гузаштанду умри Зевар ба домони сӣ дакка хӯрд. Овозаи дар ишқи Баҳрулло сӯхта хокистар шудани духтари ягонаи раис на танҳо дар деҳаи худашон, балки дар тамоми ноҳия паҳн гашта, дигар касе бо нияти хостгорӣ дари хонаашонро намекӯфт...

Дарахти бе самар
Баҳрулло соҳиби хонаву дари обод бошад ҳам, нахли умраш самар надод. Дар бадали даҳ соли зиндагӣ занашро ба куҷоҳое, ки набурд, вале на ягон табиб ба дардаш даво ёфта тавонисту на ягон духтур. Ҳама бо як овоз мегуфтанд, ки хунҳояшон як ҳастанд, агар ҷудо шуда оилаҳои нав барпо намоянд, ҳарду бачадор мешаванд, дар акси ҳол умрашонро мисли дарахти бе самар бе фарзанд хоҳанд гузаронд. Баҳрулло борҳо хост талоқи занашро дода оилаи нав барпо намояд, аммо падару модараш иҷозат надоданд. Ҳамсараш бисёр ҷавонзани меҳнатӣ, меҳрубон ва хоксор буд, аз ҳамин сабаб дили пиру кампир намешуд, ки келинашонро аз дар берун намоянд..

 Боғи биҳишт
Зиндагӣ саройи ду дар аст ва хоҳ-нохоҳ ҳар як инсон рӯзе шарбати талхи маргро чашида ин дунёи бевафоро падруд мегӯяд. Волидони Баҳрулло низ пасопеш аз дунё гузаштанду хона якбора холӣ шуд. Баъди сари падару модараш вай дигар ба ҳаёти бе рангу бе бӯйи бе фарзанд тоқат карда натавониста бо баҳонаи коркунӣ ба Русия рафт. Дар мулки мардум сарпаноҳ ёфтан амрест маҳол, аз ҳамин хотир Баҳрулло дар бӯстонсаройи яке аз генералҳои номдори рус боғбон шуд, то ки бе малол зиндагӣ кунад. Азбаски дар Донишкадаи аграрӣ хонда буд, забони дарахтонро хуб медонист. Вай дар як муддати кӯтоҳ бӯстонсаройи генералро ба боғи биҳишти сабзу хӯрам табдил дода, ба дили аҳли оилаи ин марди воломақом ҷой гирифт.

 Домоди генерал
Баҳрулло ҷавонмарди тануманд ва хушпайкар буд. Духтари генерал аз нигоҳи аввал ба ин марди сиёҳчашму сиёҳабрӯи меҳнатӣ дил баста, ошиқи зори Баҳрулло шуда монд. Генерал ба ишқи духтари ягонааш зид набаромада, аз ҳисоби худаш тӯйи калоне орост ва сари онҳоро ҷуфт намуд. Дар рӯзи тӯй хусури номдору сарватмандаш ба Баҳрулло мошини гаронбаҳои хориҷӣ туҳфа кард. Аз меҳрубонии падарарӯсаш дили Баҳруло боғ-боғ шукуфта, Худоро шукр мегуфт, ки билохира ӯро ба муроди дилаш расонда, ба қатори одамони қудратманд даровард. Вай тариқи телефон талоқи зани тоҷикашро дод, то ки дили Наташа ва хусураш пур шуда, минбаъд ба ӯ боз ҳам меҳрубонтар гарданд.

 Гирдоби бало
Баъди духтари генералро ба занӣ гирифтан Баҳрулло дигар дасташро ҳатто ба оби хунук намезад. Вай бо воситаи ёру ошноҳояш як гурӯҳи калони бачаҳои тоҷикро ба кор ҷалб намуда, саробонии онҳоро бар дӯш гирифт. Барои ин хизматаш ҳар моҳ аз онҳо “доля” мегирифт. Ҳамин тавр дар як муддати кӯтоҳ Баҳрулло аз як ҷавонмарди одӣ ба бойбачаи мағруре табдил ёфт, ки назараш одаму оламро намегирифт. Акнун ӯ шабҳоро дар диско-клуб ва тарабхонаҳо саҳар намуда, то метавонист дилхушӣ мекард.

“Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ” гуфтани халқ беҳуда нест, оҳиста-оҳиста ҷӯраҳои авбош ва бероҳааш Баҳруллои замоне меҳнатдӯст ва покдилу поквиҷдонро аз роҳи рост бароварданд. Вай ба маводи мухаддир дил баста, ошиқи шайдои героин шуда монд.

 Шикасти зиндагӣ
Овозаи бевафоию духтарбозии шавҳараш тез-тез ба гӯши Наташа расад ҳам, дандон ба дандон гирифта тоқат мекард, вале вақте ба гера нишастани Баҳруллоро фаҳмид, косаи сабраш лабрез гашт. Шавҳари ношукраш ба ҷойи аз паси кор шудан зару зевар ва пулу моли ӯро бо ҳар роҳ аз худ намуда, дар қимор бой медод ва сарфи нашъа мекард. Рафтори ноҷавонмардонаи Баҳруло ба дили Наташа зад ва барои ҷудо шудан худаш ба суд ариза навишта, шавҳарашро аз дар берун кард...

 Моҷарои қимор
Баъди аз Наташа ҷудо шудан Баҳрулло дар кӯча монда, чӣ кор карданашро намедонист. Вай ҳатто пуле надошт, ки ягон хонаро иҷора гирифта, одамвор зиндагӣ кунад. Шабҳоро гоҳ дар хонаи як ҷӯрааш саҳар мекарду гоҳ дар хонаи дигарӣ, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бар замми ба героин нишастанаш дар қимор пули калон бой дода буд ва қарздорон ҳар рӯз ба сараш омада, таҳдид мекарданд, ки агар пулро надиҳад, сарашро аз танаш ҷудо мекунанд...

 Ошиқи маккор
Баҳрулло чанд рӯз майна об кард, ки чӣ тавр аз ин гирдоби бало худро берун кашад ва билохира “ёфтам” гӯён, даст ба телефони мобилиаш бурд. Вай чанд рӯз пеш тасодуфан бо як ҳамдеҳаашон вохӯрда, фаҳмида буд, ки Зевар то ҳол ба шавҳар набаромадааст. Баҳруллои маккор ба Зевари ошиқ занг зада, чунон гапҳои ширине зад, ки дили духтар обу адо шуд ва то ҳол ба ӯ моил буданашро эҳсос намуда гуфт:

-Зеварҷон, ғайр аз ту ман ягон касро дӯст дошта натавонистам. Хотири ишқи покамон ҳатто талоқи занамро дода, расман аз ӯ ҷудо шудам. Дар дилат, агар як зарра ишқу муҳаббат монда бошад, ба наздам биё, лонаи бахтамонро дар ҳамин ҷо месозем. Русия мамлакати азим аст ва имкониятҳои зиёд дорад. Ман дар ин ҷо обрӯю эътибор пайдо кардам, ёру рафиқони зиёд дорам, онҳо намемонанд, ки ба пойи ману ту хоре халад. Худо хоҳад, малика барин зиндагӣ мекунӣ...
Зевари дар ишқ обу адошуда бо шунидани ваъдаи васл аз забони ишқи аввалину охиринаш қабат-қабат гӯшт гирифта, аз хурсандӣ бе болу пар парвоз кардан мехост...

 Тӯйи бе домод
Дар ин миён падару модари Зевар аз дунё гузашта, барои акаву янгаҳояш вай як нонхӯри зиёдатӣ шуда буд, аз ҳамин хотир вақте фаҳмиданд, ки Баҳрулло ба хоҳарашон пешниҳоди хонадоршавӣ кардааст, дарҳол розигӣ доданд. Аввал бародари калонӣ шарт гузошт, ки домод омада хоҳарашро бо тӯю тамошо ва бо риояи расму русуми тоҷикӣ гирифта барад, аммо Баҳруллои маккор қасам болои қасам мехӯрд, ки агар ба Тоҷикистон барои овардани арӯс равад, ҷойи корашро аз даст медиҳад. Вай аз худ ошиқи шайдо тарошида мегуфт:

-Шумо Зеварро ба тайёра шинонда гусел кунед, ман худам ӯро дар фурудгоҳ пешвоз мегирам ва намемонам, ки ба мӯяш ғубор бишинад. Ман ҳам мусалмон ҳастам ва ҳаргиз бе никоҳ ба ӯ даст намерасонам. Худо хоҳад, як тӯйи зебо ороста бо риояи тамоми қонуну қоидаҳои индунёиву ондунёӣ зану шавҳар мешавем..
Пайвандони Зевар ба ваъдаҳои осмонии Баҳруллои машенник дода шуда, худашон як тӯйи бе домод оростанд ва ба ҳаққу ҳамсояву хешу табор ош дода, хоҳарашонро бо либосҳои арӯсӣ ба Русия ба назди домод гусел намуданд...

 Сароби бахт
Дар фурудгоҳ Баҳрулло Зевари мисли ғунчаи гул зебою шукуфонро пешвоз гирифта ба хонае, ки танҳо барои се рӯз иҷора гирифта буд, бурд. Рӯйи миз пур гӯшту кабоб ва ширинию хӯрданиҳои бомаза буд. Баҳрулло арӯсашро хуб зиёфат дода, чунон суханҳои ширин мезад, ки гумон мекардӣ ишқи Маҷнун дар пеши ишқи вай ҳеҷ аст. Зевари ташнаи бахт хонаи зебою барҳаво ва меҳрубониҳои ошиқашро дида, аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, аммо...

 Меҳмонҳои нохонда
Шаб фаро расид ва чевари вақт ба сари шаҳри зебо пардаи сиёҳ кашид. Муллобачае чанд соат пеш омада онҳоро никоҳ карда рафт. Зевари хомхаёл бовар дошт, ки ниҳоят пас аз солҳои дарози интизорӣ шаби васл фаро расида, онҳо аз ишқи худ коми дил хоҳанд ситонд, аммо авзои домод ким-чихел парешон менамуд. Зевар инро аз шарм дониста, аҳамият намедод, вале як вақт садои тақ-тақи дар баромад. Баҳрулло парешонҳолона аз ҷояш бархоста ба долон баромад ва бидуни он ки чизе бипурсад, дарро боз кард. Ба хона шаш марди шикамкалон зада даромаданд. Бо дидани мардони бегона Зевар дасту по хӯрда, саволомез ба Баҳрулло нигарист, вале домод нигоҳашро аз вай гурезонда бо овози ларзон гуфт:

-Зеварҷон, ман ҳозир як ҷо рафта тез меоям. Ин ҷӯраҳои ман ҳамин ҷо мемонанд, ту натарс, ман зуд бармегардам...
Зевари ғофил аз он ки Баҳруллои номард барои адо намудани қарзаш шаби аввали ӯро ба ин мардони гургсират бахшидааст, бо аломати ризо сар ҷунбонд...

 Даҳшат дар шаби висол
Шаби васл барои Зевари наварӯс ба дӯзахи ҳақиқӣ табдил ёфт. Он шаш буққа ягон лаҳза ӯро ором нагузошта, то саҳар ҳамакаса ба номусаш таҷовуз намуданд. Зевари бечора аз дарду ранҷ ва даҳшат аз ҳуш рафт. Он даррандагон то метавонистанд нафси ҳайвониашонро бо тамоми усулҳо қонеъ намуданд ва чун диданд, ки арӯсак дигар на даст мекашаду на по, аз тарси он ки духтар ба ин азоби алим тоб наоварда, мурдааст, рӯ ба гурез ниҳоданд...

 Фариштаи наҷотбахш
Субҳдам хизматгорзан барои тоза кардани хона омада, Зевари урёнро дар рӯйи хона беҳушу дарёфт ва ҳуш аз сараш парид. Вай набзи занро ба дасташ гирифт, то фаҳмад, ки зинда аст ё мурда. Набзи арӯсаки ноком оҳиста-оҳиста мезад. Ҷон дар рамақ доштани занро дида, Олгаи фаррош дарҳол ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зад.

Табибон ба зудӣ расида омаданд ва Зеварро бо ҳоли табоҳ ба беморхона бурданд. Муддати ду ҳафта дар шуъбаи эҳёгарӣ хобида Зевар каме ба худ омад. Захмҳои танаш андак-андак шифо меёфтанд, вале захми сӯзоне, ки шаби даҳшатангези висол дар дилаш гузошт, давоёбанда набуд. Зевар аз тарсу ваҳшате, ки он шаби наҳс аз сараш гузашт, ақлу ҳушашро аз даст дода, хаёлию девонаавзоъ шуда буд. Табибон чанд маротиба хоҳиш карданд, ки рақами телефон ягон шахси наздикашро диҳад, то занг зада аз фоҷиаи ба сараш омада пайвандонашро огоҳ созанд, аммо Зевар ҳарчанд кӯшиш мекард, ягон рақамро ба ёд оварда наметавонист....

 Бозгашт ба Ватан
Олга аз рӯйи раҳму инсоф баъди аз беморхона баромадан Зеварро ба хонааш бурд. Муддати ду моҳ бо ин зани меҳрубон зиста, духтар камтар ба худ омад ва рақами телефони яке аз бародаронашро ба ёд овард. Олга ба акаи Зевар занг зада, ҳодисаи ба сари хоҳараш омадаро мухтасар баён намуд. Бародарони Зевар худи ҳамон рӯз чипта харида ба Русия парвоз карданд. Бо шунидани рӯзи сиёҳи ба сари хоҳарашон овардаи Баҳруллои номард онҳо ба даҳшат афтида, қасам хӯрданд, ки сари ӯро аз танаш ҷудо мекунанд, вале тӯли даҳ рӯз тамоми гӯшаю канорҳои шаҳрро кофта бошанд ҳам, аз домоди беномуси занфурӯш ягон ному нишон наёфтанд. Замин гӯё сӯрох шуда, Баҳруллои макорро ба комаш фурӯ бурда буд.

Бародарони Зевар баъди ҷустуҷӯҳои зиёди бе натиҷа умедашонро аз ёфтани Баҳрулло канда, чиптаи ҳавопаймо хариданд ва хоҳарашонро гирифта ба Ватан баргаштанд.

Шикастадил
Имрӯз Зевар дар канори пайвандонаш зиндагӣ дорад, вале баъди ҳамон ҳодисаи даҳшатангез одамгурез ва дамдузд шудааст, на касеро дидан мехоҳаду на шунидан. Ягон марди бегона аз дар дарояд, дарҳол чашмони Зевари тақдирсӯхта беҷою ало-було шуда, мисли барги бед дарақ-дарақ ба ларза медарояд...

 Т. Азиз
Р/S
Хонандагони азиз, қиссаи мазкур бофтаю сохта набуда, аз ҳаёти як духтари тоҷик гирифта шудааст, ки бо умеди бахт ба Русия рафта, ба чунин рӯзи сиёҳ гирифтор шудааст. Вақтҳои охир шумораи одамоне, ки надидаю нафаҳмида фарзандонашонро ба ҷойҳои дур ба шавҳар медиҳанд, хеле зиёд шудааст. Сарнавишти талхи Зевари бадбахтро мо ба он хотир дар саҳифаи газета ҷой додем, ки ба дигарон дарси ибрат шавад ва пеш аз ба коре иқдом намудан сад бор андеша намоянд. Беҳуда нагуфтаанд: Аввал бубин ҷойи худ, сипас бимон пойи худ. Қадаматонро дониста гузоред, то ки тақдир ба шумо чунин бозиҳои тақдирсӯзро раво набинад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД