Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз шумо бояд дар муносибат бо ҳамсар ором бошед. Бахшидан хуб аст, аммо мавқеи шахсии худро низ фаромӯш накунед. Беҳтараш аз танқид дурӣ ҷӯед, зеро дар ҷавоб худатонро низ танқид мекунанд. Қуввататон зиёд мешавад ва ҳар супоришро хуб иҷро мекунед. Роҳбари шумо метавонад шуморо пеши интихоб гузорад, ки қарорро зуд қабул кунед. Нимаи рӯз хастагӣ эҳсос мешавад.
Савр (20 апрел-20 май)
Рӯзи хуб дар касбу кор ва муносибатҳои ошиқона аст. Барои ҳамсар корҳои хушҳолкунанда анҷом диҳед. Оиладорҳо метавонанд муҳаббатро нав кунанд. Дар кор диққат парешон мешавад, кӯшиш кунед диққататонро ҷамъ кунед. Ба одамони бегона, ки пул пешниҳод мекунанд, бовар накунед. Эҳтимоли фиреб зиёд аст. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, хастагӣ ва кори вазнин ба шумо зарар меорад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз эҳтимоли пайдо шудани шахси писандида зиёд аст. Вақтро барои фикр кардан ва нақша сохтан ҷудо кунед. Хабарҳои ғайричашмдошт метавонад муносибатҳои оилавиро душвор кунад. Нокомии муваққатӣ шуморо аз по намеафтонад. Барои корҳои нав пуштибонии шахсони таъсиргузорро ҷӯед. Вазъи молиявӣ устувор мешавад, вале беҳтараш пулро беҳуда сарф накунед. Барои оромӣ истироҳат кунед ва асабро ором нигоҳ доред.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз пур аз ҳаракат ва корҳои зиёд аст. Шояд шумо дар пайи ҷустуҷӯи муваффақият ва муҳаббат бошед. Ба наздикон бештар диққат диҳед, онҳо аз бепарвоӣ меранҷанд. Барои пешрафт бояд вазъиятро дуруст арзёбӣ карда, дигаронро бо мулоиматӣ қаноатманд созед. Харҷи нолозим накунед. Вақтатонро бо дӯстону шиносон гузаронед. Агар аз кор бисёр хаста шавед, ҳаммом ё ваннаи гарм ороматон мекунад.
Асад (23 июл-22 август)
Имшаб сайри ошиқона зери моҳ хеле хуб хоҳад буд. Дар оила нофаҳмӣ ба ҷанҷол мерасонад, пешакӣ дар бораи сухан гуфтан ва рафтори худ фикр кунед. Дар касбу кор ба шумо малакаҳои нав лозим мешаванд, аз имкониятҳои нав рӯ нагардонед. Дар масъалаи молӣ танҳо ба маблағи худ такя кунед ва кӯшиш намоед, ки чизе захира кунед. Барои саломатӣ аз машқҳои вазнин ва кори зиёдатӣ дурӣ ҷӯед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Дар миёни дӯстони шумо марде ҳаст, ки нисбататон таваҷҷуҳ дорад. Агар муҳаббати худро пайдо карда бошед, бо дигарон бозӣ накунед, ин мушкил меорад. Гирифтани хабарҳои шодиомез, туҳфа ё мукофот имкон дорад. Мақомот меҳнататонро қадр мекунанд ва шояд пешниҳодҳои нав шавад. Аммо аз баҳсу ҷанҷол дурӣ ҷӯед. Эҳтиёт бошед: бемориҳои дарозмуддат имкон доранд, худро аз ҳад зиёд хаста накунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Рӯзи пур аз мулоқот аст, аммо шахси ҳақиқиро пайдо кардан душвор мешавад. Дар хона масъалаи “кӣ зӯри хона аст” метавонад боз сар шавад, масъулиятро дуруст тақсим кунед. Барои корҳои вазнин рӯзи мувофиқ нест, душманон метавонанд пушти саратон бад бигӯянд. Маблағи иловагӣ пайдо мекунед ва онро беҳтараш барои саломатӣ сарф кунед. Ба саломатӣ диққат диҳед, хатари фарбеҳӣ ва бехобӣ зиёд аст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Дар ҷодаи муҳаббат пешравӣ нест, шахси наздик метавонад шуморо ноумед кунад. Агар оиладор бошед, аз муносибатҳои пинҳонӣ дурӣ ҷӯед. Имрӯз душманон мехоҳанд шуморо ба ҷанҷол кашанд, вале агар ҳушёр бошед, ғолиб мебарояд. Барои хариду фурӯш рӯзи номувофиқ аст, аз сарфи пули калон худдорӣ кунед. Аз варзиши хатарнок ва сафарҳои ногаҳонӣ парҳез намоед, қаноатро дар корҳои хурд биҷӯед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Дар зиндагии шахсӣ шахсе пайдо мешавад, ки дилатонро ба худ мебандад. Ба корҳои душвор даст назанед, агар итминон надоред. Нимаи рӯзро ба хона ва аҳли оила бахшед. Дар кору вазъи молиявӣ вазъ беҳтар мешавад ва имкони пешрафт зиёд аст. Бо қарзҳо эҳтиёт шавед, маблағи зиёдатӣ нагиред. Барои саломатӣ ба худмуолиҷакунӣ даст назанед, дар ҳолати бемор шудан ба духтур муроҷиат кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз беҳтараш аз ошиқӣ дур бошед ва ба корҳои хонагӣ машғул шавед. Муносибатҳои нави ошиқона дурнамои хуб надоранд. Қарорҳои калон нагиред ва ба ҷанҷолҳо дохил нашавед. Дар касбу кор бо ҳамкорон ва роҳбар муносибатҳои хуб доред. Барои хариди хурд ва шартномаҳои молӣ рӯз муносиб аст. Дар ғизо маҳдудиятҳои сахт нагузоред, организматон калорияи бештар мехоҳад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Дар муҳаббат душвориҳо пеш меоянд, аммо бо сӯҳбати самимӣ онҳоро ҳал мекунед. Шумо мехоҳед чизҳои хатарнокро таҷриба кунед, вале эҳтиёт кунед, то муносибатҳо вайрон нашавад. Дар касбу кор кӯшиш накунед аз ҳад зиёд масъулият ба дӯш гиред, хаста мешавед. Пулро оқилона истифода баред, сарфи беҳуда накунед. Имрӯз меъда ва узвҳои ҳозима нозуканд, аз ғизои вазнин ва фастфуд парҳез кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат мушкилот сар мезанад, эҳтимол муносибат бо ҳамсар сард гардад. Аз сахтгирӣ дурӣ ҷӯед ва беҳтараш ба созиш бирасед. Имрӯз метавонед мавриди масхара қарор гиред, аммо онро ҷиддӣ нагиред. Аз хароҷоти нодуруст, махсусан пули калон, худдорӣ кунед. Ба субҳона аҳамият диҳед, барои саломатӣ муҳим аст. Хонаро бо гулҳои зинда оро диҳед, рӯҳатон ором мегардад.