ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2025
1765

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Низоъ бо дӯстдошта паси сар мешавад, орзуҳоятон амалӣ мегарданд. Дар хона тағйирот ворид кардан мехоҳед, вале на ҳама ҷонибдор мешаванд. Корҳоятон ҷамъ шудаанд, то дер кор карданатон лозим мешавад. Аз муомилаҳои пулӣ дурӣ ҷӯед, то фиреб нахӯред. Энергия ноустувор аст, қувватро беҳуда сарф накунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Андуҳро муҳаббат рафъ мекунад, бо ҳамсаратон вақти бештар гузаронед. Корҳои хонагӣ оромӣ мебахшанд, масалан тозагӣ ё таъмир. Бозорро бодиққат омӯзед, то шартномаҳои хуб ба даст оред. Имрӯз даромад ба даст меояд, масъалаҳои тиҷоратӣ муваффақ мешаванд. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, аз шитобкорӣ канора гиред.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Ба худ иқрор шавед, ки ба хотири дӯстдоштаатон ҳама корро мекунед ё не? Имрӯз муносибат бо наздикон қавитар мегардад. Қуввататон зиёд аст, корҳои деринтизорро ба анҷом расонед. Оромиву устуворӣ ба шумо муваффақият меоранд. Саломатӣ сарвати бузург аст, онро ҳифз намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Сабратон зиёд аст, мушкилоти хурдро бо шарик ё дӯстдошта ҳал мекунед. Эътимоди шумо дигаронро ҷалб мекунад ва намунаи ибрат мегардед. Бемории ҳамкор нақшаҳоятонро тағйир дода метавонад. Фикрҳои манфӣ мушкил меоранд, беҳатарш фикрҳои хуб кунед. Хастагӣ эҳтимол дорад, бештар истироҳат кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз имкони таҷрибаи нав бардоштанро доред ва аз кори худ лаззат мебардоред. Дар хона эҳтимоли рашк ва низоъ вуҷуд дорад. Ҳамкорон мехоҳанд роҳбарро хурсанд кунанд, шумо ҳам иштирок кунед. Пул мушкили ҷиддӣ намешавад, вале эҳтиёт хуб аст. Нақша созед, то ҳаётатон тартиб бигирад. Барои беҳдошти саломатӣ бештар дар ҳаракат бошед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Ба ишораҳои сарнавишт диққат диҳед, бахусус дар ҷодаи муҳаббат. Бо дӯстону ҳамфикрон сӯҳбат кунед, фоида меёбед. Аз субҳ мушкиливу масъалаҳои зиёд асабатонро ноором мекунанд. Пулро сарфакорона истифода кунед, аз харҷи зиёдатӣ парҳез намоед. Энергияи зиёд иммунитетро заиф месозад, эҳтиёт шавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар танҳо бошед, барои пайдо кардани бахт худатон қадами аввалро гузоред. Ба касе, ки намехоҳад, кумак накунед. Масъалаҳои молиро сари вақт ҳал намоед. Кӯшиш кунед, ки қарзҳоро дар вақташ баргардонед, вагарна обрӯятонро мерезонанд. Аз оташ ва хатарҳо эҳтиёт кунед. нисбати дарди дандон бетаваҷҷуҳ набошед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Муносибати ошиқона метавонад шуморо сахт асабӣ намояд, барои баромадан аз мушкилот бо ақл қарор гиред. Ба наздикон диққати бештар диҳед, онҳо муҳиманд. Аз дасисаҳо канорагирӣ кунед ва ба маслиҳат гӯш диҳед. Иқбол ба шумо бозмегардад ва муваффақ мешавед. Стресс меъдаро бемор мекунад, ором бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ҷодаи ишқу муҳаббат ба овозаҳо зуд бовар накунед, вагарна сахт пушаймон мешавед. Имрӯз вақти ростгӯӣ нест, эҳтиёт кунед. Ба корҳои асосӣ диққат диҳед, корҳои дуюмдараҷаро фаромӯш кунед. Пешниҳодҳои ҷолибро аз даст надиҳед. Бо наздикон бошед, то стресс кам гардад. Барои оромии асабҳо беҳтараш вақтро дар танҳоӣ гузаронед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дӯстдоштаатон шуморо бо меҳру муҳаббат фаро мегирад. Нофаҳмиҳои хонаводагӣ тадриҷан поён меёбанд. Имрӯз барои таҳсил ва кор рӯзи хуб аст. Шахси ҷасур ба дастовардҳои молӣ мерасад.
Энергияро ба корҳои созанда равона кунед. Бо нафаре, ки дигаронро дар назди шумо бадгӯӣ мекунад, дӯстӣ накунед. Нисбати дарди миён беэътиноӣ накунед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Шумо дар интихоби бахти худ саргардонед, зудтар бояд қарор қабул кунед. Дар хона низоъҳои хурд метавонанд калон шаванд. Дар касбу кор лоиҳаи ҷолиб ба даст меоред. Аз хатогиҳо дарс гиред, ҷой иваз накунед. Кинаҳоро бубахшед, то рӯҳ сабук гардад. Вақте расидааст, ки аз пайи ташхису табобат шавед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Муносибати ошиқона бо шахси ошно эҳтимол дорад. Бо дӯстдошта нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд. Дар кор ду баробар бештар муваффақ мешавед. Имрӯз имкони даромади иловагӣ доред. Иммунитет суст аст, ба худ истироҳат диҳед. Хусусан дар ҳамин шабу рӯз ба шамолхӯрӣ имкон надиҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД