Рӯзи дигар Раъно маро ҳамроҳаш ба хонаи савдогаре бурд. Мо аз он ҷо либосу атриёт, хулоса ҷиҳози арӯсии маро харидорӣ намудем. Баъд аз тиллофурӯше ороишоити тиллоӣ харидему ба хона баргаштем.
Дар се рӯз ду хонаи барҳаво пур аз сарулибоси ман буданд. Ба ин хонаи панҷҳуҷрадори зебо оҳиста-оҳиста одат кардам, хонаи хобро ҳамроҳи Раъно дигар гуна, хеле зебо оро додем. Пеш аз омадани Ниёз Раъно машшотаро ба хона даъват кард, ман пас аз ба тартиб овардани сару рӯям худамро нашинохтам, ба парии афсонавӣ монанд будам. Машшота - зани ӯзбеки хомфарбеҳ ба ман ороиши рӯю мӯйро фаҳмонд, вале Раъно шӯхӣ кард, ки Барчиной, акнун ту зуд-зуд меҳмони ин хонавода мешавӣ…
Ба тахту бахти худам назар мекардаму каҳрамони афсонаҳо Золушка ба ёдам мерасид. Ниёз аз сафар баргашта, тағйироти ману хонаро дида хурсанд шуд. Ҳамин тавр, ман аз шаби аввал ба шавҳарам дил бастам…
Хурсандии беинтиҳо
Пас аз як моҳи оиладорӣ дар вуҷудам тағйироте эҳсос кардам. Ниёз духтурзанеро ба хона овард ва маълум шуд, ки ман ҳомила шудаам. Хурсандии шавҳарам ҳадду канор надошт, ӯ дар ошёнаи сеюм як ошёна аз худамон боло барои модарам хона харид ва ӯро ба ҳамсоягиамон кӯчонд. Акнун модарам шабу рӯз дар наздам буду додараки панҷсолаам Орзуҷон низ. Мо маърака ороста, тамоми хешу таборамро зиёфат додем. Ҳамсарам ба модарам пул дода фармуд, ки барои ҳама сарупо гирад, апаам низ зуд-зуд ба хабаргирии мо меомад. Шавҳарам барои хурсандии ман шуда шавҳари апаамро дар яке аз корхонаҳояш ба кор гирифта, ба ӯ низ дар бинои шафат хона харид. Ман дигар ягон мушкил надоштаму эркагӣ карда, аз зиндагӣ ҳаловат мебурдам. Тифли батнам нав шашмоҳа шуда буд, ки Ниёз гуфт:
- Ман мехоҳам писарам дар замини падариям ба дунё биёяд, ман барои писарам ду сол пеш қаср сохта будам, ман туро ба қишлоқ мебарам.
Ҳарчанд инро намехостам, вале модарам насиҳат кард, ки шавҳарат чизе гӯяд, гапи ӯ, зеро Ниёз барои мо хизмате мекунад, ки ҳатто писар ба модараш намекунад! Аз ин гапи модарам хандаам омад, зеро шавҳарам аз ӯ чанд сол калонтар буд...
(Давом дорад)
ДИЛОСО
Таснифи Нисо ХОЛИД