Зани ҷавону шӯйи пир (ҚИСМИ 4)
2142

Вохӯрӣ бо хешони шавҳар

Ватани бобоии Ниёз як деҳаи кӯҳманазари зебое будааст. Хонаи дуошёнаи мо миёни боғе воқеъ буд, ки аз поёнаш дарёчаи шӯхоб мегузашт. Дар ин хона моро кампири хушдоманаму авсунҳоям пешвоз гирифтанд, ҳар кадоме алоҳида барои ман пойандоз густурданду садқаю балогардонам мешуданд, ки Ниёзи онҳоро падар кардаам. Кампири хушдоманам бо як содагии кӯҳистонӣ гуфт:

- Ай дар қадат садқа, духтаре, ҳолӣ кӯдакай.

Ман дар як фурсати кӯтоҳ бо хешовандони шавҳарам забон ёфтаму одами худӣ шуда мондам. Хушдоманам аввалҳо гумон мекардааст, ки писари миллионерашро кадом духтари шӯху балое ба дом афкандааст, аммо аз дидани ману шунидани қиссаи зиндагиям маро дӯст дошта монд. Палонҷам низ ба диданам омад ва бо самимият дуо кард, ки Ниёзро соҳиби писар кунад. То ҷое медонистам, Ниёз талоқи ӯро дода бошад ҳам, барояш хона бунёд намуда, нигоҳубинаш мекардааст. Ин зан як писари додарашро гирифта калон карда истода будааст.

Чун моҳи зоданам фаро расид, Ниёз модарамро ба хонаамон овард, модарам низ дар як муддати кӯтоҳ барои хешони шавҳарам одами худӣ шуда монд. Фурсаташ фаро расиду ман шоҳписаре ба дунё овардаму сари шавҳарамро ба осмон расонидам. Қариб як моҳ тӯю тамошо ва мавҷи табрикот давом кард, ману писарамро духтури махсусе, ки шавҳарам аз пойтахт оварда буд, нигоҳубин мекард. Чиллаам баромаду худам ҷавон ҳам бошам, мустақилона аз уҳдаи нигоҳубини кӯдакам мебаромадам. Ниёз барои чанд ҳафта маро ба пойтахт овард. Акнун мо дар ду ҷо зиндагӣ мекардем, дар пойтахт ва дар деҳа…

Бонуи тиллоӣ

Солҳо мегузаштанду ман эҳсос мекардам, ки ҳамсарам бо вуҷуди он ки барои ману писарам тамоми шароитро фароҳам оварда, маро ба қавли хешу таборам ба «бонуи тиллоӣ» табдил додааст, вале занбози гузарост. Ин марди серпул ҳамеша барои ҷавон мондани худ кӯшиш карда, аз хизмати беҳтарин табибони косметолог истифода мебарад. Ба мӯю буруту абрӯвонаш ранг мемолад, хулоса ба худаш аҳмияти зиёд медиҳад. Писарамон донишҷӯйи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи аврупост, ман як духтараки бозории пойлуч акнун тамоми давлатҳои Аврупоро дидааму зиндагии шоҳона дорам. Таъриф намекунам, вале ҳатто зукоми оддӣ шавам, ҳамсарам маро ба Ҳиндустон ё ба Олмон барои табобат мебарад.

Аз занбозии ҳамсарам рашке намекунам. Вай май нанӯшад, сигор накашад, шодмонии ягонааш занбозӣ бошад, бигузор кардан гирад, ҳама давлату сарваташ дар дасти ман, бо садои ҳоям бале мегӯяд, ба ман боз чӣ даркор?!

ДИЛОСО

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД