sebiston july new
Асабоният занро безурриёт месозад?
2034

 

Фишори руҳӣ ва ҳолати яъсу ноумедӣ дар рӯйи зан осори худро мегузоранд. Олимон бар он андешаанд, ки вақте бар асари стресс сатҳи ҳормонҳо дар ҷисми зан меафзояд, зан ба назари мард безеб менамояд, чунки пӯсташ пажмурда гашта, аз синну солаш хеле пиртар метобад. Биёед бубинем, ки фишори руҳӣ ба ҳусну ҷамол ва саломатии зан боз чӣ зарар мерасонад.

 

Асабоният безурриёт мекунад

Олимони фин аз донишгоҳи Турку иброз доштаанд, ки стресс қодир аст қобилияти фарзанддоршавии занро маҳв намояд. Аз ҳамин хотир ҳам зану ҳам мард ҳангоми ҷустуҷӯи ҳамсафари ҳаётӣ беихтиёр ба он нафароне таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ки аз асабоният ва фишори руҳӣ орӣ бошанд.

Масуниятро паст месозад

Бояд гуфт, ки мард ба зани масунияти баданаш паст таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд, вале аз зани асабаш хароб мисли махав ҳазар мекунад. Бонувон бошанд ба марди масунияти баданаш баланд таваҷҷуҳи бештар доранд. Барои давом додани насл шарт нест, ки ҳам марду ҳам зан масунияти баланд дошта бошанд.

Душмани зебоӣ

Равоншиносон муайян сохтанд, ки дар тамоми ҷаҳон мардҳо мехоҳанд бо зани аз худашон ҷавонтар умр ба сар баранд. Ягон мард дар паҳлӯи худ зани бемору бечораҳолро дидан намехоҳад. Зани руҳафтодаву маъюсро мардҳо ҳамчун безурриёт қабул мекунанд, бинобар ин, мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки барои ҳар майда-чӯйда асабӣ шуда, худро бармаҳал пир насозед. Фаромӯш накунед, ки асабоният душмани асосии ҳусн аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД