Sebiston new 2024 october
Зангир бошӣ, Россия рав!
2150

 

Бачаҳои тоҷик ба хотири кор кардани пули тӯй рӯ ба ғурбат меоранд, вале...

Баъди ба танзим даромадани анъана ва расму оинҳои миллӣ ҳаёти мардуми тоҷик ранги дигар гирифт, вале хонадоршавии мо, тоҷикон ҳамоно муаммоҳои зиёде дорад. Яке аз мушкилиҳои асосии ҷавонон маблағест, ки барои баргузор намудани тӯйи арӯсию домодӣ зарур мешавад. Барои кор кардани пули тӯй аксари домодшавнадагон роҳи Русияро пеш мегиранд.

Домодҳои оянда дар ғарибӣ чӣ ҳол доранд? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, мо тариқи интернет бо чанд ҷавони тоҷик, ки бо умеди бахт рӯ ба ғурбат овардаанд, ҳамсуҳбат гаштем, вале сароғоз ба мушкилоти маъмулии муҳоҷирон назар меандозем.

Йигити тоҷик чӣ кор мекунад?

Шумораи одамони соҳибмаълумот дар кишварамон сол то сол зиёд шуда истодааст, вале ҳатто ҷавони дипломдор дар Русия ва дигар кишварҳо на ҳамеша кори муносиб пайдо карда метавонад. Аксари йигитҳои тоҷик ба хотири чор танга пул кор кардан бо корҳои ба қавли маъмул сиёҳ (чёрнорабочий) машғул мешаванд, то дасти холӣ ба Ватан барнагарданд. Муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бештар ба ҳайси роҳрӯб, сагбон, боғбон, сохтмончӣ, ронанда ва дигар пешаҳои ба ҳамин монанд кор мекунанд. Маъмулан тоҷиконро дар он ҷойҳое ба кор мегиранд, ки аз ҳисоби худи халқи рус ва дигар миллатҳо талабгор ба чунин корҳо камтар аст...

“Кидат” разбор надорад?

Мушкилоти зиёде муҳоҷирони тоҷикро дар мулки бегона домангир мешавад. Мушкили аввал хараҷу мараҷ дар тахт кардани ҳуҷҷатҳо бошад, мушкили дуюм хавфи нагирифтани музди меҳнати сангини худ аст. Ҷавонмардони тоҷик дар баробари бо корҳои сиёҳ машғул шудан баъзан аз ҷониби корфармоёнашон “кидат” мешаванд. “Хозяин” кор мефармояд, вале баъди он ки хараш аз об гузашт, муҳоҷири бечораро “кидат” карда пул намедиҳад, чунки ӯ хуб медонад, касе ба доди ин марди бе пушту паноҳ намерасад, зеро аз мулки дигар омадааст...

“В отделе разберёмся!”

Ба чашми пулиси рус муҳоҷирони корӣ аз Осиёи миёна аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик низ баъзан мисли хор халида, ғаши онҳоро меоранд. Аксари муҳоҷирон аз шунидани ибораи маъмули маъмулии “в отделе разберёмся” аз забони кормандони пулис сахт метарсанд, чунки дилашон аз ҳуҷҷатҳое, ки дар даст доранд, чандон пур нест. Муҳоҷирон аксаран дигаронро восита карда, бо ошнобозӣ ҳуҷҷат тахт мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо ин ҳуҷҷатҳо қалбакӣ баромада, моҷароҳои зиёдеро ба сари соҳиби худ меоранд. Камтарин хато дар ҳуҷҷатгузорӣ ва ё як гуноҳи начандон бузург метавонад боиси гузоштани муҳри “депорт” дар шиносномаи муҳоҷир гашта, роҳи ӯро ба Русия ба муҳлати тӯлонӣ бандад.

Таҳқир мекунанд, мезананд, мекушанд!

Надонистани забон, ба осонӣ пайдо накардани ҷойи кор, мушкилот дар ҳуҷҷатгузорӣ, пулис ва “кидат” шудан аз ҷониби корфармо як дард, вале таъқиби миллатгароёни рус дарди дигари муҳоҷирон аст. Вохӯрӣ дар байни ҷангали касногузар ё ягон гӯшаи хилват бо миллатгароёни рус барои муҳоҷири тоҷик метавонад кулфатбор анҷом ёфта, боиси бераҳмона лату кӯб шудан, ба яғмо рафтани пулҳои бо арақи ҷабин кор карда ва ҳатто марги муҳоҷир гардад.

Муҳоҷирон чӣ мегӯянд?

Ашраф Солиев ба хотири ҷамъ кардани пули тӯй ба Русия рафтааст ва дар бораи зиндагиаш дар ин кишвар чунин мегӯяд:

-Шароити кор имсол дар Русия назар ба солҳои пешин хеле бадтар шудааст. Пештар ман дар аэропорт кор мекардам, вале бисёр фишор оварданд. Дидам, ки намешавад, ба кори дигар гузаштам. Ҳоло дар “Южние ворота” ба ҳайси савдогар кор мекунам. “Хозяин” бор меорад, ман бошам, он либосҳои занонаву мардонаро мефурӯшам. 35 ҳазор маош мегирам. Аз ин маблағ ҳар моҳ 5 ҳазор иҷорапулӣ медиҳам, қариб 5 ҳазор рубл барои патент сарф мешавад. Барои хӯрду хӯрок 6-7 ҳазор лозим аст. Ба 2 ҳазор рубл барои метро “карта” мехарам. Маблағи телефон ва дигар хароҷотҳоро ҳисоб кунем, ҳамагӣ 13000-15000 ҳазор мемонад. Нияти хонадоршавӣ дорам. Мехоҳам аввал хонаю дарамро обод карда, баъд зан гирам. Барои ҳамин дар шикамам нони серӣ нахӯрда, пуламро ба хонаамон ба ноҳияи Шаҳринав фиристода истодаам, то ки маводи сохтмонӣ харида, то баргаштани ман сохтмони хонаро ба анҷом расонанд. Бо ин ҳол пули тӯйро кай ҷамъ мекунам, намедонам...


Вақте келинам бо коре машғул мешавад, ба назарам чунин менамояд, ки хеле ноуҳдабаро аст.

 


 

Сино Бобоҷонов:

Хунатро мемаканд, агар...

Сино Бобоҷонов дар хиёбони Вернадсий зиндагӣ мекунад. Ин ҷавони тоҷик, ки муддати 5 сол боз дар Русия муҳоҷир аст, мегӯяд:

-Ман дар “вулканизатсия” устои мошин шуда кор мекунам. 40 ҳазор рубли русӣ маош мегирам. Ростӣ, 20-25 ҳазораш ба зиндагии худам-пули иҷора, хӯрду хӯрок, телефон ва ғайра сарф мешавад. Маблағи боқимондаро ба хона мефиристам, то ки барои тӯй ҷамъ кунанд. Муҳоҷиронро дар ин ҷо ғам дода, сари ҳар қадам ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш мекунанд. Худо накарда чеҳраат ба корманди пулис маъқул нашавад, бо баҳонаи он ки “регистратсияат” фалшивий аст, хунатро мемакад, то бо онҳо ҳафту ҳашт карда, бегуноҳиатро исбот мекунӣ, ки ба шиноснома муҳри “депорт” мезанад ва бо ҳамин 5-10 соли дигар пою қадаматро ба ин кишвар гузошта наметавонӣ...

Абубакр:

Бо умеди зангирӣ шарманда шудам

Абубакр аз ноҳияи Рӯдакӣ буда, чанд сол боз ба Русия рафта меояд. Вақте аз ин ҷавони тоҷик сабаби рӯ ба ғурбат оварданашро пурсон шудем, чунин қисса кард:

-Ман ба хотири кор кардани пули тӯй донишгоҳро партофта ба ин ҷо омада будам. Муддати ду сол дар сохтмон кор кардам. Дар ҳавои 40% хунук, ки саг аз хонааш намебаромад, дар сохтмон бетон мешӯридем, хишт мекашондем, корҳои вазнинро иҷро мекардем. Бо азобҳои бисёр пули тӯйро кор карда ба Ватан баргаштам, вале падару модари арӯс 16000 сомонӣ талаб карданд. Ба ғайр аз ин оши халқ, базм дар тарабхона, талбон ва даҳҳо хароҷоти калони дигари калон. Маҷбур шудам, ки бо фоиз қарз гирам. Хулоса, тӯйро бо қарзу қавола гузаронидему баъди ду моҳ боз роҳи Русияро пеш гирифтам, чунки қарзро кандан лозим буд. Аввалҳо ҳамааш хуб буд, вале баъд рафтори арӯсам тағйир ёфтан гирифт. Пас аз шаш моҳ фаҳмидам, ки дар занам тариқи интернет бо як буққа шинос шуда, ба ман хиёнат мекардааст. Модарам худаш як шаб онҳоро қапида, раиси маҳалла ва ҳамсояҳоро даъват кардааст.

Ҳамин тавр талоқи зани фоҳишаамро додам. Дилам аз оламу одам ях барин хунук шудааст, вале чӣ бояд кард. Ба қавли маъруф шод бояд зистан, ношод бояд зистан!

 

РС:

Аз ин ба баъд шумо метавонед наворҳои видеоӣ ва қиссаҳои ҳаёти дар ғарибӣ ба сар бурдаатонро тариқи ВАЙБЕР ва ИМО ба рақами 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 фиристед. Сарнавишти шумо дар бахши “Муҳоҷир”-и сомонаи ОИЛА-ТЧ ҷой дода мешаванд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД