Arzon march 2024
Домулло Зиё чанд зан ва чанд арӯс дорад? (Видео)
14.05.2019
Р. Азимӣ
2888

 

Тӯли ду ҳафтаи охир мухлисони сериали «Муллои замонавӣ» пай дар пай ба идораи сомонаи «Оила» занг зада хоҳиш мекарданд: «Илтимос, дар бораи «Калтакалос» ба мо маълумот диҳед!».

Хоҳишу дархости хонандагонамон барои мо дар ҷои аввал меистад, аз ин рӯ сомонаҳои интернетиро хеле такорӯ кардем, то дар бораи офарандаи ин нақши аҷиб маълумот пайдо намоем. Инак, мо шуморо бо Мулло Зиё ё «Калтакалос» аз сериали нави туркӣ аз наздик шинос мекунем.

Муаррифнома:

Ному насаб: Темур Акар
Соли таваллуд: 01-01-1979, 37-сола
Ҷои истиқомат: Адапазӣ, Туркия
Касб: актёр
Жанр: мазҳака, драма, филмҳои даҳшатангез (ужас)
Машғулияти дӯстдошта: футбол ва истироҳат дар ҳамоми туркӣ

Дузд ё домулло?
Дар оғоз каме дар бораи сериали «Муллои замонавӣ» ба шумо маълумот хоҳем дод.
Аслан ин сериал «Ҳидоят» ном дорад, вале аз сабаби он ки филм дар бораи як муллои ба қавле «современний» нақл мекунад, дар байни тамошобинон бо номи «Муллои замонавӣ» машҳур гаштааст. Қаҳрамони асосии филм дузди бисёр чусту чолокест бо лақаби «Калтакалос». Пулиси шаҳри Истамбул барои дастгир намудани ин дузди ашаддӣ тамоми чораҳоро андешида, гурӯҳи калони фаврӣ -ҷӯстуҷӯӣ ташкил мекунад, аммо дастгир намудани Калтакалос ҳеҷ ба ин гурӯҳ муяссар намегардад. Ҳар дафъа Калтакалоси айёр чунон моҳирона комиссар ва дигар аъзоёни гурӯҳро фиреб медиҳад, ки ҳомиёни қонун пушти дасташонро мегазанд. Барои он ки таъқибгарон ӯро нашиносанд, вай либосҳои як руҳониро дуздида мепӯшад ва мисли муллоҳо риш мемонад. Мардум Калтакалосро бо либосҳои сафед дида, домулло гумон мекунанд ва дар наздаш таъзим намуда дасташро бо ихлос ва эҳтироми зиёд мебӯсанд, ғофил аз он ки ӯ на руҳонӣ, балки як марди фиребгару шайтон аст. Рӯзе Калтакалос аз таъқиби пулис гурехта, дар хонаи Акрамбойи миллионер, ки яке аз машҳуртарин мардони маҳал ба шумор меравад, паноҳ мебарад. Акрамбой дар дилаш танҳо як орзу дорад-ба шавҳар додани набераи нозанинаш Зуҳро, вале ошиқаш ин зебосанамро сахт ранҷонидаасту намехоҳад риштаи тақдирашро бо ӯ пайвандад. Роҳи ягонаи наҷот ёфтани домодшавандаи дигар аст. Ана дар ҳамин лаҳзаи бисёр ҳассос Калтакалос ба хонаи Акрамбой медарояд ва Зуҳрои фариштахисол ӯро ҳамчун шавҳаршавандааш ба бобояш мешиносонад. Ҳаёти қаҳрамонҳои сериал пур аз таззодҳои гуногун ва ҳодисаҳои филм бисёр тезу тунданд, ки кас ангушти ҳайрат мегазад. Калтакалос бо ҳушёриву доноияш гоҳ тамошобинро механдонаду гоҳи дигар дили бинандаро ба ларза меорад, ки ҳамин ҳоло тамоми сирру асрори Домулло Зиё фош мешавад, вале ҳар дафъа ба ин марди зирак муяссар мегардад, ки ҷон ба саломат барад. Зиндагии Калтакалос пур аз макру фиреб ва ҳиллаву найранг аст, аммо дар байни ин ҳама дурӯғ як ҳақиқати бузург ниҳон аст ва он ишқи Мулло Зиё ба Зуҳрост. Давоми филмро нақл намекунем, то шуморо аз кайфияти тамошои қисматҳои баъдинаи сериали «Муллои замонавӣ» маҳрум насозем. Акнун меоем сари мавзӯи асосиамон-зиндагии офарандаи нақши Калтакалос ё Мулло Зиё.

 Сағераи машҳур
Темур Акар яке аз машҳуртарин актёрони Туркия ба ҳисоб меравад. Ин ҳунарманди хушсурату хушзавқ фаъолияташро дар соҳаи синамо ҳанӯз аз соли 2004 оғоз намуда, дар 10 филм нақшҳои асосиро бозидааст. Темур 1-уми январи соли 1979 дар шаҳри Адапази Туркия ба дунё омадааст. Аслан миллаташ гурҷист. Ҳангоми ҳомиладории модараш оилаи онҳо аз шаҳри Батунии Гурҷистон ба Адапазии Туркия рахти сафар бастааст. Падараш корманди роҳи оҳан буда, замони кӯдакии Темур аз дунё гузаштааст. Темурро модараш тани танҳо ба воя расонда бошад ҳам, ин сағераи хушбахт бо шарофати ҳунараш ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расида тавонист.

alt

 Ошиқи саҳна
Темур ҳунӯз замони кӯдакӣ аъзои театри ҳаваскорони мактаб буда нақшҳои аҷоиб меофарид. Тамошобинони аввалинаш ҳамсинфон ва ҷӯраҳои ҳаммактабаш буданд. Нигоҳҳои пур аз меҳру ҳаваси онҳо дар дили Темури хурдакак орзуву ҳаваси актёр шуданро бедор карда буд. Пас аз хатми мактаб Темур ба театр-студияи «Адапазӣ» ба кор даромад, аммо соле баъд ин театр-студия фаъолияташро қатъ намуд. Сабаби қатъ гаштани фаъолияташ он буд, ки мардум ба театр таваҷҷуҳ надоштанд. Дар намоишномаҳо толор ҳамеша қариб, ки холӣ буд ва маъмурияти театр намедонист аз куҷо ба ҳунармандон пул ёфта диҳад, то зиндагиашонро пеш баранд.

 Лотореяи бахтовар
Бо баста шудани театр-студия актёрҳо бе кор монда дар кӯчаҳо қартабозӣ карда мегаштанд. Шояд имрӯз мову шумо аз мавҷудияти Темур Акар ном актёри бисёр бо ҳунар ғофил мемондем, агар як рӯзи сарди поиз аз шаҳри Истамбул ба Темур барои иштирок намудан дар наворбардории филми нав даъватнома намеомад. Ин даъватнома барои Темур лотореяи бахтовар гашта, роҳи ӯро ба олами синамо васеъ кушод ва номи Темур Акарро дар саросари олам машҳур сохт. Коргардонҳои зираки синамо дар симои Темур гӯё кони зар ёфта бошанд, ӯро тез-тез ба филмҳои нав ба навашон даъват мекарданд. «Рақси шағолҳо», «Мехоҳам мисли ту…», «Дилак», «Муҳаббат бо забонҳои дигар» аз зумраи машҳуртарин филмҳое ҳастанд, ки Темур Акар нақшҳои асосиро бозидааст.

 Офарин, Калтакалос!
Филмҳояш ба ин ҷавони саропо ҳунар диплому грамота ва ҷоизаву шоҳҷоизаҳои зиёде овардаанд, аммо ягон нақшаш ба андозаи «Муллои замонавӣ» дар байни мардум маҳбубият пайдо накарда буд. Баъди ба фурӯш баромадани ин филм номи аслиаш гӯё аз ёди ҳама рафта бошад, ӯро танҳо бо номи қаҳрамони офаридааш садо мекунанд. Имрӯз натанҳо тамошобинон ва бегонаҳо, ҳатто дӯстони наздиктаринаш ҳам Темур Акарро дар кӯча бубинанд, хурсандона нидо мекунанд: «Офарин, Калтакалос!!!»
7586re

Вақте аз Темур мепурсанд, ки чаро туро Калтакалос мегӯянд, табассум карда мегӯяд: «Аслан дар сенария ин хел гап набуд, коргардон ба хотири хандаовар шудани филм ин лақабро ба ман часпонд. Кино хонаи очаат нест, ки нозу нуз карда шинӣ, дар майдончаи наворгирӣ коргардон мисли подшоҳ аст, ҳар чи гӯяд, хоҳ маъқул бошад, хоҳ не, маҷбур ҳастӣ, ки мурда-мурда ҳамонро кунӣ. Лақаби Калтакалос аввал ба ман писанд набуд, вале дилу бедилон қабул карда бошам ҳам, баъд ба он одат кардам ва ҳатто ин ном ба ман маъқул шуда монд. Хайр чӣ, калтакалос ҳам як ҷонвари офаридаи худованд аст-ку!»

 Домоди сад арӯс
Темур аз даврони ҷавонияш духтарбоз буд. Чеҳраи зебо ва қаду қомати баландаш мисли оҳанрабо духтаронро ба сӯйи худ мекашид. Зебосанамҳои зиёде дар атрофаш парвонавор давр мезаданд ва ӯ ҳам ба муҳаббати бонувони фариштарӯй бо муҳаббат ҷавоб медод. Маҳбубаҳояшро ҳатто пайдо шудани ангуштарини никоҳӣ дар ангушти Темур аз ӯ хунук накард, ҳатто шабу нимашаб духтарҳо ба ӯ занг зада, соатҳо чақ-чақ мекарданд. Зангҳои телефонии духтарони ошиқ ин марди ҳунарро се маротиба хонавайрон намуданд. Модараш тарафи Темурро гирифта мегӯяд: «Писарам бо духтарҳои зебо суҳбат карданро дӯст дорад ҳам, ба оилааш ҳеҷ гоҳ хиёнат намекард, аммо келинҳоям аз пашша фил сохта, бо рашки беҳудаашон ба решаи бахти худ табар заданд…»

Темур Акар ба занҷаллобӣ ном баровардааст, вале аз ин заррае ғамгин нест, чунки баъди ба фурӯш баромадани сериали «Муллои замонавӣ» шумораи харидоронаш боз ҳам афзунтар гаштааст. Духтарони зиёде ҳамарӯза ӯро ба тарабхонаву дискоклубҳо даъват намуда, изҳори муҳаббат менамоянд. Дар байни маҳбубаҳояш духтарони миллионер ва машҳур кам нестанд, аммо айни замон ин ҷавони серхаридор дар фикри бунёд намудани оилаи нав нест. Мехоҳад бонуи бо сабру тамкинеро пайдо намояд, ки дунёи ӯро фаҳмида тавонад, то боз хонавайрон шуда мавриди мазоқу масхараи атрофиён қарор нагирад.

alt

Мо ба ин ҷавонмарди ба маънии томаш ҳунарманд парвозҳои нав ба нави эҷодиро таманно дорем!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД