Sebiston new 2024 october
Ишқи зани рус Хуршедро ба доми бало гирифтор кард
3331

Хоби даҳшатнок

Фарзона ними шаб аз хоб дод зада бедор шуду чароғро даргиронд. Писаракаш масти хоби ширин буд.

«Худоё, ин чӣ хобе буд, ки ман дидам. Таъбираш чи бошад? Дилам аз тарс қариб торс кафида буд. Шавҳарам зиндаю саломат бошад, охир қариб панҷ сол мешавад, ки аз Хуршед ягон хату хабар нест» худ ба худ мунозира мекард ҷавонзан. Фарзона дар хоб шавҳарашро дид, ки дар лаби як дарё нишаста моҳӣ медорад. Ногаҳон аз даруни об як аждаҳои калон пайдо шуда, ӯро фурӯ бурд. Сабаби дод зада бедор шуданаш ҳамон аждаҳо буд.
Вай оҳи сард кашида дубора худро болои рахти хоб партофт ва болини танҳоияшро ба оғӯш гирифта ба андеша рафт…
Юсуф ва Зулайхо
Фарзонаю Хуршед тавассути телефон шинос шуда буданд. Баъди ду моҳи суҳбатҳои ширини телефони вохӯрданд ва бо як нигоҳ ошиқи зори ҳамдигар гаштанд. Падару модари Хуршед мехостанд як хеши наздики худашонро келин кунанд, вале садди роҳи муҳаббати сӯзони ин ду ҷавон гашта натавонистанд. Фарзонаю Хуршед мисли Юсуф ва Зулайхо тобу тоқати ҷудоӣ надоштанд ва билохира, Худованд онҳоро ба муроди дил расонд…


Хизматгори дипломдор
Тӯйи онҳо дар ҳалқаи дӯстону ҳамсабақони келину домод зебо гузашт. Фарзона, ки хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ буд, мехост баъди чиллаи арӯсиаш баромадан дар ягон мактаб ба кор дарояд, вале шавҳараш зид баромад. Ҳамин тавр диплом дар таги сандуқ монду Фарзона бо маълумоти олӣ хизматгори хусуру хушдоман ва дигар пайвандони шавҳараш гашт. Дар деҳа кор аз мӯйи сар бисёр бошад ҳам, Фарзона ҳаргиз шикоят намекард. Сари субҳ хеста гов меҷӯшид, ҳавлӣ мерӯфт, хӯрок мепухт, ҷомашӯӣ мекард, хулоса, то як поси шаб дасташ аз кор канда набуд. Пас аз як сол онҳо соҳиби шоҳписар гаштанд. Хурсандии Хуршед ва падару модарашро ҳадду канор набуд. Одатан буҷули баъзе келинҳо баъди бачадор шудан асп мехезад ва бо баҳонаи нигоҳубини кӯдак дигар дасташонро ба оби хунук намезананд, вале Фарзона аз он тоифа набуд. Пас аз таваллуд кардан ӯ ҳатто шабҳо дуруст хоб нарафта, бо ҷону дил хизмати хонаводаи шавҳарашро мекард, вале…


Рӯ ба ғарибӣ
Писари миёнаро хонадор карданду ҳавлӣ барои келинҳо тангӣ кард. Авсунаш дар синну сол аз Фарзона хеле ҷавон бошад ҳам, бисёр духтари шаттоҳ, туҳматчӣ ва шӯрандоз буд. Вай аз пеши худаш ҳар хел гапҳои дурӯғ бофта, Фарзонаро бо хушдоман ва хоҳаршӯйҳояш ҷанг меандохт. Хуршед хуб медонист, ки ҳамсараш ягон гуноҳ надорад, аз ҳамин сабаб қарор дод, ки ба Русия рафта кор мекунаду омада, аз шаҳр хона мехарад ва зану кӯдакашро гирифта меравад. Фарзона зорию тавалло кард, ки онҳоро партофта наравад, аммо шавҳараш: «Занак, то ба кай барои ду дар хонаи лойин ҷангу ҷанҷол мекунем?! Як ҷӯраам дар Маскав кор мекунад, дирӯз ба ӯ занг задам, ваъда дод, ки ҷойи кори хуб ёфта медиҳад» гӯён, бори сафар бардошту рафт…
Гумном
Аввалҳо Хуршед каму беш пул мефиристод, вале баъд гумном шуд. Дигар на як танга пул равон мекард ва на аз худаш дарак медод. Ҳамин тавр аз байн панҷ сол гузашту шавҳараш дигар ёди Фарзона ва фарзандашро накард. Яке хабар меовард, ки Хуршед зиндаву саломат асту дар шаҳри Архангелски Русия зани рус гирифта, соҳиби фарзанд шудааст, дигарӣ мегуфт, ки ӯро дар шаҳри Маскав мошин задааст ва дар хонаи бесоҳибон маъюбу маслуқ хоб аст, саввумӣ боз ягон афсонаи дигар мебофт. Фарзона чанд маротиба аз падару бародарони шавҳараш хоҳиш кард, ки ба ҷустуҷӯйи ӯ раванд, вале онҳо дар ҷавоб даст афшонда мегуфтанд, ки пули зиёдатӣ надоранд, агар Хуршед зинда бошад, як рӯз не, як рӯз худаш даромада меояд…


Дар ҷустуҷӯи шавҳар
Хоби даҳшатноки дидааш орому қарорро аз Фарзона рабуд ва ҷавонзан тасмим гирифт, ки ҳарчи бодо бод, ба ҷустуҷӯйи шавҳараш меравад. Хусуру хушдоманаш хостанд ӯро аз роҳ гардонанд, вале якравии Фарзонаро дида маслиҳат доданд, ки писарчаашро монда равад, чунки бо кӯдак дар мулки бегона сахт азоб мекашад. Фарзона маслиҳати волидони шавҳараш пазируфта, писарчаашро бо бибию бобояш монду чиптаи ҳавопаймо харида ба Русия парвоз кард. Вай аввал ба хонаи ҷӯраи шавҳараш рафт, вале ӯ афсӯс хӯрда гуфт:
-Дар ҳақиқат панҷ сол пеш Хуршед ба хонаи ман омада буд. Барояш ҷойи кори хуб ёфта додам, вале вай беақлӣ карда, думи беваи қиргизеро гирифта ба шаҳри Тверь рафт. Дигар ман ӯро надидам...
Дили Фарзона хиҷил гашта бошад ҳам, умедашро аз ёфтани шавҳараш наканд. Вай дар хонаи як писарзани рус иҷора нишаста, дар корхонаи қаннодипазӣ ба кор даромад. Азбаски духтари бадасту панҷа буд ва забони русиро ҳам хуб медонист, ба зудӣ ба дили ҳамкоронаш роҳ ёфт. Кампираки рус низ Фарзонаро мисли духтари худаш дӯст дошта, аз ӯ иҷорапулӣ намегирифт. Вай ҳар моҳ нисфи маошашро барои писараш ба хона фиристода, нисфи дигарашро ҷамъ мекард..
Шуълаи умед
Наташа ном ҳамкораш саргузашти Фарзонаро шунида маслиҳат дод, ки тавассути интернет шавҳарашро кобад. Баъди кофтукоби зиёд аз як деҳаи дурдасти Воронеж ба ӯ нома омад, ки чунин марди тоҷикро дар хонаи як миллионери навбаромад дидаанд. Бо гирифтани ин нома дар дили Фарзона шуълаяки хурди умед фурӯзон гашт ва корро бас карда бо пули пасандозаш чипта хариду роҳи Воронежро пеш гирифт…

Дар қасри тиллоӣ
Муҳофизони миллионери рус ба ӯ иҷозат намедоданд, ки ба ин ҳавлии муҳташами ба қасри тиллоӣ монанд, дарояд, вале Фарзона ҳам паст наомада бо тамоми овоз дод мегуфт, ки шавҳари ӯро дар ин ҷо ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд. Садои доду фарёдро шунида, соҳиби кушк ба берун баромад ва зани ношиносеро дида, чӣ хостанашро пурсон шуд. Фарзона бо ду ҷумлаи кӯтоҳ кӣ будан ва аз куҷо омаданашро фаҳмонда, хоҳиш кард, ки шавҳарашро ҷавоб диҳанд, чунки дар хона ӯро падару модари пир ва фарзанди хурдсолаш интизоранд.
-Ман чандто чунин кушк дорам ва намедонам, ки шавҳари ту дар кадомаш кор мекарда бошад. Ба наздикӣ як ғуломам зани маро аз роҳ бароварда буд. Ман онҳоро дар бистари хобам дар оғӯши ҳамдигар доштам ва ҳардуяшонро ба ҷангал бурда, мисли саги бесоҳиб паррондам. Мабодо ҳамон кӯрнамак шавҳари ту набошад?-шубҳаомез гуфт миллионери рус.
Фарзона қасам хӯрд, ки ҳамсари ӯ чунин одами пасту разил нест.
-Ин тавр бошад, ман туро ба занам хизматгор мегирам. Дар кору бори хона ба ӯ кӯмак расонида ист, вақте ки ба боварӣ даромадӣ, баъд аз таги замин бошад ҳам, шавҳаратро меёбем,-ваъда дод соҳибхона.
Фарзона пешниҳоди ӯро бо ҷону дил қабул кард, зеро хуб медонист, ки чунин одамон дасти фарох доранду дар ҳақиқат аз зери замин бошад ҳам, чизи дилхоҳу одами даркориашонро меёбанд….

 


Тобистон фаро расиду дарсҳои Сарвиноз низ шуруъ шуданд. Хонаро ба Сарвинозу хизматгорзан гузошта, мо оилавӣ ба як осоишгоҳи хориҷӣ дамгирӣ рафтем.


MNbSxjEK1sgclnKvYwlbbcT7kSGCM6Cr5oioJSPj

 


Сирри фошгашта
Фарзонаи чаққон ва дидадарою меҳрубон ба зудӣ ба дили зани нави миллионери рус роҳ ёфта аз ӯ хоҳиш намуд, ки дар ҷустуҷӯйи шавҳараш ёрӣ расонад. Татьяна аз муҳофизи шавҳараш хоҳиш кард, ки аксҳои тамоми коргаронро ба ин зани аз шавҳаркобӣ ҷонаш ба лабаш расида нишон диҳад. Фарзона тамоми суратҳоро гаштаю баргашта бо диққат аз назар гузаронд, вале дар байни онҳо ягон акси шавҳараш набуд. Барои он ки корашон осон шавад, вай аз сумкааш як акси зебои дар рӯзи тӯйи арӯсиашонро гирифташударо бароварда ба Татьяна дароз кард. Ҷавонзан аксро дуру дароз тамошо карда гуфт:
Ростӣ, ман ин одамро надидаам, вале агар аксро ба ман диҳӣ, бегоҳ онро ба шавҳарам нишон медиҳам. Кӣ медонад, шояд шавҳари ту дар ягон бӯстонсарои дигари шавҳари ман кор мекунад…


Исёни миллионери рус
Ҳамон шаб Татьяна пайти муносиб ёфта акси арӯсию домодии Фарзонаю Хуршедро ба шавҳараш нишон дод ва хоҳиш кард, ки дар ёфтани ин мард ёрӣ расонад. Баробари дидани сурати шавҳари Фарзона Матвейро якбора барқ задагӣ барин, фарёд зад:
-Охир ин ҳамон ғуломи падарлаънате аст, ки зани маро аз роҳ бароварда, ба домаш афтонд. Мани аблаҳ Машаро аз ҷонам бештар дӯст медоштам, вале он кӯрнамак ин қадар боигарӣ, дову дастгаҳ ва қасру кушкро монда бо як тоҷики почаканда гурехтанӣ шуд. Ман он ду беномусро дар болои рахти хобам дар оғӯши ҳамдигар доштам ва бурда дар байни ҷангал дар як чоҳи чуқур занҷирбанд кардам, то ки азоб кашида, азоб кашида, бо хорию зорӣ бимиранд…
-Онҳо зиндаанд?-Пурсид Татьяна бо таҳлука.
-Зиндаанд, вале маргро аз чунин зиндагӣ авлотар медонанд. Ҳар боре, ки ба он ҷон меравам, ба пеши поям афтида зорию тавалло мекунанд, ки онҳоро кушам, то ки аз азобу ранҷ халос шаванд, вале ман аҳмақ нестам, ки як тир зада, чунин марги осонро ба онҳо ҳадя намоям. Он ду хиёнаткор дар ҳамон чоҳи торик ҳаргиз рӯйи офтобро надидаю аз азоби ташнагию гуруснагӣ ҷонашон ба лабашон расида, оқибат хӯроки калламушҳо мешаванд…
Матвей қоҳ-қоҳ зада хандид. Татьяна хуб медонист, ки шавҳари худпарасташ чизе, ки гӯяд, ҳамон корро мекунад, аз ин рӯ ба зорию тавалло даромада гуфт:
-Азизам, илтимос, аз баҳри як қатра хуни ҳамон марди гумроҳи тоҷик гузар, охир ӯро дар хона падару модари пир ва фарзанди хурдакакаш интизоранд. Ҳоли занашро бубин, раҳми кас меояд. Бечора занак аз ҳамон роҳи дур бо сад ранҷу азоб ба ҷустуҷӯйи шавҳараш омадааст…
-Ин занак аҳмақ будааст, ки чунин марди бевафоро кофта омадааст. Вай гул барин зебо аст, хоҳад боз сад шӯйи дигар меёбад,-даст афшонд миллионер бепарвоёна.
Татьяна дид, ки шавҳарашро ба гап дароварда наметавонад, роҳи дигарро пеш гирифта гуфт:
-Матвей, азизам, худат медонӣ, ки ман ҳомиладор ҳастам, ақаллан ба хотири фарзанди ояндаамон аз гуноҳи ҳамон марди тоҷик гузар. Намехоҳам, ки хуни ӯ домангири фарзанди мо шавад…
Бо шунидани ин суханон миллионер лаҳзае ба фикр рафт, баъд занашро бо меҳр ба оғӯш гирифта гуфт:
-Татьяна, ту зан не, фаришта ҳастӣ, фаришта! Майлаш ҷонам, ба хотири ту ман он аблаҳро ҷавоб медиҳам. Ба дугонаат бигӯ, ки тайёр шавад, пагоҳ саҳар муҳофизи ман ӯро ба фурудгоҳ мебарад. Шавҳарашро ба ҳамон ҷо меоранд. Зуд билет харида ба ватанашон раванд, вагарна ҳардуяшонро мекушам!

Пайғоми хуш
Саҳар Татьяна ҳамаашро ба Фарзона нақл карда гуфт, ки зудтар тайёр шавад, ҳозир муҳофизи шавҳарашро ӯро ба фурудгоҳ мебарад ва ба дасти вай як пачка пул дода афзуд:
-Бо кадом қимате, ки бошад, чиптаи фаврӣ харида аз ин ҷо равед! Метарсам, ки аз пушти шавҳари хиёнаткор ва касофатат ту ҳам ба ягон бало гирифтор нашавӣ…
Фарзона ба Татьянаи меҳрубон миннатдорӣ баён намуда, дарҳол чизу чораашро ҷамъ карду ба мошин нишаст.
-Шавҳарат бояд то нафаси охирин аз ту миннатдор бошад, агар ту намебудӣ, яқин марги сагона насибаш мегашт,-гуфт вақти хайрухуш

Татьяна ба Фарзона роҳи сафед талаб кард..

Вақте ки мард мегиряд…
Баъди ним соат як мошини сиёҳшиша Хуршедро ба фурудгоҳ овард. Қариб буд, ки Фарзона шавҳарашро нашиносад. Хуршед сахт тағйир ёфта, мӯйи қатрон барин сиёҳаш сап-сафед шуда буд. Рӯяш ба мисли мӯйсафедон пур аз ожанг, чашмонаш халта зада буданд….
Хуршед занашро дида мисли кӯдак гирён шуд.
-Фарзонаҷон, ин ту ҳастӣ?! Боварӣ надоштам, ки боз туро мебинам. Писарчаамон чӣ хел аст? Шуморо сахт ёд кардам. Маро бубахш, ҷон. Худоё, ин чӣ кори аҳмақонае буд, ки кардам….
Хуршед бо кафи даст оби дидагонашро тоза мекард, вале селоби ашк боз ба рухсораҳояш мешорид…
Фарзона аз хиёнатҳои пай дар пайи шавҳараш огоҳӣ дошта бошад ҳам, чизе нагуфт. Вай кайҳо дар дил гуноҳи Хуршедро бахшида буд. Ба ҷойи ӯ зани дигар мебуд, шояд баъди ин қадар гапу хабар ба рӯйи чунин шавҳар туф мекард, аммо Фарзона ҳатто ҳайфи ту нагуфт. Барои ин зани покдоман ва вафодору пурсабру тоқати тоҷик ҳаминаш кифоя буд, ки шавҳараш зинда буда, соябони сари ӯ ва фарзандаш мегардад.
Меҳрубон

Р\С
Аз идора
Хонандагони азиз, қиссаи мазкур бофтаю сохта набуда, саргузашти як оилаи тоҷик мебошад, ки дар яке аз ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд. Имрӯз Фарзона ва Хуршед ҳаёти хушбахтона доранд ва ба наздикӣ боз соҳиби фарзанд мегарданд. Бигзор тақдири Хуршед барои дигар мардони тоҷик дарси ибрат гардад ва бори дигар дарк намоянд, ки дар дунё ба мисли зани тоҷик зани вафодору покдоман ва меҳрубону пурбардошт нест.
Мардҳои азиз! Ба қадри оилаю фарзандони поку ҳалоли худ расида, қадам ба кӯи хиёнату зинокорӣ нагузоред, вагарна мисли қаҳрамони мо Хуршед ба ҳазору як бало гирифтор мешавед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Субхон 2019-10-18, 22:59
Ахсан ба зани точик, ки ба чунин шучоат кодираст.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Субхон 2019-10-18, 22:59
Ахсан ба зани точик, ки ба чунин шучоат кодираст.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД