Arzon march 2024
Зани панҷшавҳара
09.06.2019
Дилошӯб
5474

 

Ҳафтавори «Оила»-ро аз рӯзҳои аввали нашраш мехонам. Мо дур аз марказ дар як деҳаи дурдасти куҳистон зиндагӣ кунем ҳам, бо кадом роҳе, ки набошад, ман ин газетаро албатта дастрас намуда, ҳарф ба ҳарф мехонам.

Чандин сол боз мехостам ќиссаи зиндагиямро ба «Оила» фиристам, вале танҳо акнун ҷуръат намуда ба даст қалам гирифтам. Шояд зиндагиномаи ман кирои чоп кардан надошта бошад, вале он метавонад ба волидоне, ки надидаю насанҷида фарзандонашонро бо ҳар каси пешомада хонадор менамоянд, дарси ибрат гардад.
                            

Духтари таърифӣ

Падару модарам ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудаанд ва мо, фарзандонашон дар сояи ин ишќи бузург ќад кашида, бе ягон каму кост ба воя мерасидем. Деҳаи мо шояд зеботарин мавзеи Тоҷикистон бошад, зеро зимистонаш назар ба дигар минтаќаҳои кишвар тӯлонитар бошад ҳам, биҳишти сабзу хуррамро мемонад. Байни се хоҳару се бародар ман духтари таърифӣ будам. Резапайкар бошам ҳам, чеҳраи зебо ва ҳунармандиямро дида, ҷавонони зиёде талабгорам мешуданд. Ҳафтае набуд, ки пойи хостгорон аз паси дарамон канда бошад.

Шарти дугонаи ҷонӣ

Азбаски саводи казоӣ надоштам, волидонам пас аз хатми мактаб маро ба як бачаи шаҳрӣ, ки дар Донишкадаи тиббӣ таҳсил мекардааст, фотиҳа намуданд. Модари домодшаванда аз деҳаи худамон ва дугонаи наздики модарам буда, дар шаҳр шавҳар карда буд ва аз байни садҳо духтарон барои писари ягонааш маро интихоб намуда, дар назди волидонам шарт гузошт, ки розигӣ надиҳанд, то рӯзи қиёмат ба рӯяшон нигоҳ намекунад. Падару модарам ӯро ҳурмату эҳтиром мекарданд, аз ҳамин хотир розӣ шуда, рӯймолак дарронданд…

Шаҳбачаи орзуҳо

Духтарони тағои шавҳаршавандаам дар деҳаи мо мезистанд ва мудом ӯро таърифу тавсиф карда мегуфтанд:

-Сайёра, ту духтари худодод будаӣ, ки чунин домод насибат гашт. Олимҷони мо чунон хушрӯй аст, ки одами дидагӣ боз як бори дигар бубинам мегӯяд. Садҳо духтарҳо дар ишқи ӯ сӯхта гаштаанд, вале модараш туро интихоб кард…

Як рӯз Низораи шилқин сурати домодшавандаро овард ва ба нею нестонам нигоҳ накарда, онро дар кисаи камзулчаам хасту худаш рафт. Давида ба хона даромадам, модарам, ки назди тиреза биринҷ тоза мекард, авзои маро дида пурсид:

-Сайёра, ба ту чӣ шуд? Чаро ин қадар сурх шудаӣ, мабодо касал пасал нашуда бошӣ?

Ман гӯё гуноҳи азиме карда бошам, сар ба зер афкандам ва забонам гирифта, канда-канда «ҳиччӣ, хубам» гӯён, ба хонаи дигар гузаштам. Вақте ки модарам ба ошхона хӯрокпазӣ рафт, бо эҳтиёт суратро аз ҷайбам бароварда ба он нигаристам. Аз дили коғази безабон ҷавони зебое бо табассум ба ман менигарист. Вай чунон хушлибосу бо карру фар буд, ки гумон мекардӣ ќаҳрамони ягон кинофилм аст. Ман бо як нигоҳ ошиќи зори ин ҷавони зебои хуштабассум гашта, дар дил ба падару модарам раҳмат гуфтам, ки барои ман чунин шоҳзодаро интихоб намудаанд…

Домоди гуреза

Ниҳоят рӯзи тӯй ҳам фаро расид. Хешу табор ва занони маҳалла ҷамъ омада, барои арӯсбарӣ кулчаю ҳалвою ќатламаю орзуќ мепухтанд, духтарҳои деҳаамон бошанд, ҳазлу шӯхӣ карда бо хандаи қиқиросиашон ҳавлиро ба сар мебардоштанд, аммо мани арӯсаки мисли фаришта оростаю пероста ба касе аҳамият надода, мунтазири шоҳзодаи орзуҳоям ду чашм ба роҳ менишастам.

Рӯз бегоҳ мешуд ва офтоб майли дар паси куҳҳои сангин пинҳон шудан дошт, вале ҳанӯз ҳам аз шаҳмардон дарак набуд. Ҳама ба ташвиш афтоданд, дили ман бошад, ангишт барин сип-сиёҳ шуда, намедонистам сарамро ба куҷо занам. Ниҳоят мардум аз интизорӣ дилгир шуда ба хонаҳояшон рафтанду дар хона фаќат хешони раҳдурамон монданд. Шом фаро расиду мошини сабукраве пушти дарвозаамон ќарор гирифт. Ҳама ба пешвози меҳмони навомада давиданд. Аз мошин падару модари домодшаванда фаромада, бо сари хам вориди ҳавлии мо гаштанд. Писарашон ҳамроҳашон набуд. Мани арӯсак шарму ҳаёро фаромӯш карда, давида ба пушти дари меҳмонхона рафтам ва ба суҳбаташон гӯш додам. Маълум шуд, ки Олимчон як ҳамсабаќашро дӯст медоштаасту бар рағми падару модараш ҳамроҳи ӯ ба идораи ЗАГС рафта, аллакай аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштааст. Духтарак аз Олимҷон ҳомиладор будааст. Модари домоди гуреза бо овози гиряолуд ба модарам муроҷиат карда бахшиш мепурсид ва мегуфт, ки ҳама чизи овардаам ба духтарат насиб кунад, мо аз шумо як тин ҳам гирифтанӣ нестем, вале….                 

Тӯй барпо шуд, вале…

Модарам дар даруни хона мегирист, ман бошам дар пушти дар мурда барин шах шуда, намедонистам ин гардиши ќисматро чӣ хел қабул кунам. Ҳамин дам як тағои падарам, ки марди мансабдор ва баобрӯе буда, аз шаҳри Душанбе ба тӯйи ман омада буд, гуфт:

-Ҷиян, писари ман ҳам донишгоҳи Маскавро хатм карда, дар яке аз корхонаҳои бонуфузи пойтахт кор мекунад, агар шумо розӣ бошед, худи пагоҳ ман ҳама чизи сарфнамудаи ин мардумро дода, Сайёраро келин карда ба хонаам мебарам!

Падари бечораам чӣ гуфтанашро намедонист, вале ман розӣ будам, ки маро бурда ба чоҳи сиёҳе андозанду дигар рӯйи мардумро набинам, охир шармандагӣ аз ин зиёд мешавад, ки домод дар рӯзи тӯяш барои бурдани арӯс наояд…

Ду рӯз пас маро тӯй карда ба пойтахт бурданд. Писари хешамон Давлат аз Олимҷон зеботар ва бисёр бачаи ҳалиму меҳрубон будааст. Хушдоманам, ки дар бисоташ ҳамагӣ ду писар дошта, умре дар орзуи духтар буд, маро мисли фарзанди худаш қабул карда, бо меҳрубонӣ раҳу рамузи шаҳрро ба ман меомӯзонд. Шавҳарам Давлат маро рӯйи даст бардошта мегашт ва ҳеҷ гоҳ саргузашти талхамро ба ёдам намеовард, вале гоҳ-гоҳ шухӣ карда мегуфт:

-Арӯсҷон, ҳамон домоди гурезаро ёфта як ҷома пӯшонидан лозим, агар ӯ намегурехт, ту насиби ман намешудӣ!

Хуллас, зиндагиамон асал барин ширин буд, аммо ҳаёти хуррамонаи моро як чиз халалдор мекард, аз тӯямон панҷ сол гузашта бошад ҳам, фарзанддор намешудем. Хусурам моро ба тамоми духтурони номдори кишвар нишон дод, вале ҳама бо як овоз мегуфтанд, ки агар ҷудо шаванд, соҳиби фарзанд мешаванд, агар не… …

Таънаи ҷигархароши авсун

Додари шавҳарамро зан додему ду моҳ пас арӯс ҳомиладор шуд. Давлат инро шунида бо хурсандӣ гуфт:

-Сайёр, ғам нахӯр, аз додарам хоҳиш мекунем, ки як писарашро ба мо диҳад, мисли фарзанди худамон калон мекунем…

Келин дар панҷ сол чор писар таваллуд карда бошад ҳам, ба ин таклифи шавҳарам розӣ нашуд ва рӯзе ба ман шунавонида гуфт:

-Фарзанд бачаи саг ё пишак нест, ки ба ягон кас туҳфааш кунӣ!

Таънаи ин зани беандеша аз мағзи ҷонам гузашт ва аз шавҳарам талаб намудам, ки талоқи маро диҳад. Давлат ҳеҷ дили ҷудо шудан надошт, вале чун ман бародаронамро ҷеғ зада, тамоми чизу чораамро ба мошин бор кардам, ноилоҷ монда, маро талоқ дод, то дубора бахтамро ёбам, аммо…

Арӯси мӯйсафед

Падарам баъди аз шавҳар баромаданам, маро ба муллои занмурдаи пире ба занӣ дода, таъкид кард, ки фарзандони ӯро мисли фарзандони худам дониста, хизматашонро кунам. Мани бебахт ва бетақдир чор писари шавҳари пирамро соҳиби зану фарзанд гардонида бошам ҳам, баъди марги падарашон онҳо ду хоначаи похсагиро аз ман дареғ дониста, маро аз дар берун намуданд. Фикри меҳнату машаққати маро накарданд, ки тӯли чанд сол падари пиру фартути онҳоро парасторӣ намудам…

Зани панҷшавҳара

Мани сарқоқ гӯё барои волидонам сарборӣ бошам, дере нагузашта маро боз ба шавҳар доданд. Шавҳари сеюмам бар замми пир буданаш боз касалӣ буд ва аз ҷогаҳаш хеста наметавонист. Ба ин мӯйсафед низ чанд сол хизмат кардам, аммо баъди сари ӯ ба чизе нарасида, боз муҳтоҷи дари хонаи падар шудам. Шавҳари чорумам як занҷаллоби пирсолуқ ва чунон ҷоҳил буд, ки ҳатто фарзандони худаш аз вай безор буданд….

Ҳамин тавр, то чилсолагӣ панҷ шавҳар карда, хизмати мардони гуногунро ба ҷо овардам, аммо бахт ба рӯям нахандид.

Маслиҳати бародар

Падару модарам аз дунё гузаштанд. Пас аз маъракаҳои мотами онҳоро гузаронидан бародари кенҷагиам маро наздаш шинонда гуфт:

-Апа, ба шумо боз як мӯйсафеди дигар талабгор шудааст, вале ман рад кардам. Наход Худованд шуморо танҳо барои нигоҳубни мӯйсафедон офарида бошад?! Худатон фикр кунед, як мӯйсафеди ҳаштодсола чӣ гуна шавҳар буда метавонад? Биёед хубтараш ман дар поёни хонаам барои шумо хонаи алоҳидае месозам, то бо майли худатон зиндагӣ кунед. Зану фарзандони ман дар хизмататон мешаванд…

Ман бо ҷону дил розӣ шудам ва додарам дар як муддати кӯтоҳ бароям ду хонаи барҳавою ҳамому ошхона сохта дод.

Подоши амал

Шояд ғамхорияш нисбати мани бефарзанд буд, ки дере нагузашта, бародарамро дар як корхонаи калон роҳбар таъйин намуданд ва ӯ аз деҳа ба шаҳр кӯчида, маро низ ҳамроҳаш ба пойтахт овард. Имрӯз ман дар шаҳр дар хонаи алоҳида бо писару духтари додарам, ки донишҷӯ ҳастанд, зиндагӣ мекунам. Додарам зид бошад ҳам, дӯзандагӣ карда нонамро бо меҳнати ҳалоли худ меёбам. Маслиҳати додари дилсӯзам намебуд, шояд ман боз чанд шавҳари мӯйсафед мекардам, вале ӯ маро наҷот дод.

Мақсади ман аз баёни саргузашти ғамангезам он аст, ки падару модарон ба хотири гапи мардум шуда, духтаронашонро ба ҳар каси пешомада надиҳанд, зеро тақдир метавонад бо кас чунин бозиҳои бераҳмона кунад…

Сайёра

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД