1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2025
1400

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои оғози корҳои нав вақти хуб аст. Агар қадами аввал душвор намояд, аз он наҳаросед, натиҷа метавонад шуморо ба ҳадафҳои бузургтар бирасонад. Имкониятҳои хубу мусоидро аз даст надиҳед, зеро онҳо даромад ё таҷрибаи муҳим меоранд. Бо наздикон муносибати самимӣ нигоҳ доред. Дар муҳаббат ростқавл бошед, то эътимод қавӣ гардад. Шомро бо корҳои ором, китобхонӣ ё сайругашт сипарӣ кунед.

Cавр (21 апрел-21 май)

Имрӯзро бо шахси дӯстдоштаатон гузаронед. Гуфтугӯ ва лаҳзаҳои гарм рӯҳияи шуморо боло мебаранд. Агар коре оғоз карда бошед, онро то охир расонед, қаноатмандӣ ҳис мекунед. Аз харҷҳои бефоида ва қарз гирифтан худдорӣ кунед. Дар ҷодаи муҳаббат барои мулоқоти ором ва самимӣ беҳтарин рӯз аст. Агар хаста шавед, чанд соат барои истироҳат ва барқарор кардани қувва ҷудо намоед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз диққати шумо бештар ба сӯҳбатҳо, вохӯриҳо ва ҳуҷҷатгузорӣ равона мешавад. Дар ҷодаи муҳаббат эҳтимоли ишқбозӣ ва шиносоии нав вуҷуд дорад. Бо одамон бо эҳтиром муносибат кунед, ин ба манфиататон мешавад. Аз хастагӣ эҳтиёт шавед ва вақти муайян барои оромиш, шунидани мусиқӣ ё тамошои филм ҷудо намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз шумо хеле ҳассос мешавед. Шояд касе бо сухан ё амалаш нороҳататон кунад, вале ҷавоби шитобкорона надиҳед. Сабр ва оромӣ дар ҳама ҳолат фоида меорад. Дар касбу кор беҳтараш нақшаҳоро дақиқ созед ва ба ҷузъиёт аҳамият диҳед. Муносибатҳои оилавӣ имрӯз талабгори диққати шумо мешаванд. Шомро бо ғизои сабук, суҳбати ором ва муҳити бароҳат сипарӣ кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз имкони даромади иловагӣ ё пешниҳоди кори ҷолиб пайдо мешавад. Агар чунин имконият шавад, онро бодиққат баррасӣ кунед. Мабодо “аз инҷо рондаву аз онҷо монда” нашавед. Дар ҷодаи муҳаббат дӯстдоштаатон аз шумо муносибати гарм ва дастгирии рӯҳиро интизор мешавад. Бо наздикон вақти бештар гузаронед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва аз хароҷоти шитобкорона худдорӣ кунед. Шомро дар муҳити дӯстону наздикон сипарӣ кунед, то рӯҳияатон боз ҳам боло равад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз шуморо илҳом ва нерӯи эҷодӣ ҳамроҳӣ мекунад. Идеяҳои навро амалӣ намоед ва бо одамони ҳамфикр ҳамкорӣ кунед. Дар ҷодаи муҳаббат ростқавлӣ ва самимият муносибатро қавӣ мегардонад. Агар касе маслиҳат пурсад, бо дилу ҷон кумак кунед, вале масъулиятро ба дӯш нагиред. Ба саломатии худ аҳамият диҳед, як соати варзиш ё сайру гашти сабук фоида меорад. Шомро бо корҳои дӯстдошта сипарӣ намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз суханони шумо метавонанд ба одамон таъсири сахт расонанд, бинобар ин бо эҳтиёт гап занед. Дар кор вазъ каме мураккаб мешавад, вале бо сабру оромӣ онро идора мекунед. Аз қарз гирифтан ва хароҷоти нолозим канорагирӣ намоед. Агар рӯҳафтодаву маъюс шавед, бо корҳои дӯстдошта машғул шавед. Дар ҷодаи муҳаббат вақти хубест барои суҳбати ошкоро ва фаҳмидани эҳсосоти ҳамдигар. Шомро бо оромиш сипарӣ кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯз барои самимият ва ростқавлӣ мувофиқ аст. Бо наздикон суҳбати ошкоро кунед, то муносибатҳо қавитар шаванд. Дар кор бо эътимод ва ростӣ амал намоед. Агар ягон баҳс ба миён ояд, онро бо оромӣ ҳал кунед. Имрӯз вақти хуб барои корҳои хона ва тартиб додани нақшаҳои оянда мебошад. Шомро дар муҳити хонавода ё бо дӯстони боэътимод гузаронед, то рӯҳияатон боз ҳам беҳтар гардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз эҳсосоти нав ва рӯйдодҳои гуворо имконпазир аст. Бо одамон мулоим ва боэҳтиром бошед. Дар кор имкони пешрафт ва нишон додани ташаббус фаро мерасад, онро истифода баред. Аз қарорҳои саросема ва харҷи зиёдатӣ худдорӣ кунед. Дар ҷодаи муҳаббат фазои романтикӣ имкон дорад. Шомро барои оромиш ва ҷамъбасти рӯз истифода баред, то бо қувваи нав ба фардо қадам гузоред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз барои оғоз кардани корҳои ҷиддӣ ва омӯзиш вақти мувофиқ аст. Шояд бо шахсе вохӯред, ки дар оянда дар зиндагиятон нақши муҳим мебозад. Дар кор сабру тартибро риоя кунед, то натиҷа хуб шавад. Нисбати наздикон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоед. Шомро бо истироҳат, китобхонӣ ё дар муҳити ором сипарӣ намоед. Эҳтимол идеяҳои нав ба саратон оянд, ки метавонанд дар ҳафтаҳои оянда судманд шаванд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз неруи мусбат шуморо ҳамроҳӣ мекунад. Барои омӯзиш ё рушди малакаҳои шахсӣ вақт ҷудо кунед. Дар ҷодаи муҳаббат бо самимият муносибат намоед, то бо дӯстдоштаатон наздиктар шавед. Бо наздикон суҳбатҳои пурмазмун анҷом диҳед. Шомро дар муҳити ором ва бе шитоб гузаронед. Аз истироҳати босифат қувваи нав мегиред.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз бо рӯҳияи хуб оғоз мешавад. Шояд истеъдоди навро кашф кунед. Дар муҳаббат ба шахси наздик таваҷҷӯҳ ва муҳаббат нишон диҳед. Дар касбу кор фикрҳои эҷодиро амалӣ намоед ва аз кумак расонидан ба дигарон вақтро дареғ надоред. Шомро дар муҳити ором, бо мусиқӣ ё китоб сипарӣ кунед, то қувваатон барқарор шавад. Эҳтимол рӯйдоди хурде рӯҳияатонро боз ҳам баланд кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД