Formula september
Ба занам гӯед, ки шавҳар кунад
9354

 

Салом ҳамватанони азиз! Ман як зани муҳоҷир аз Федератсияи Русия, мехоҳам саргузашти пур аз дарду ранҷи худро нақл кунам, то ба дигарон дарси ибрат гардад. Маро ба мулки рус фиребу найранги шавҳари номардам овард...

Духтари қишлоқӣ

Духтари содаю хонашини деҳотӣ будам. Падарам марди тақводор ва чунон дар дин сахт буд, ки намегузошт ману хоҳарам поямонро аз дарвоза берун монем. Азбаски умуман аз хона намебаромадам ва ба ғайр аз барномаи “Ахбор” дигар ягон чизро тамошо намекардам, ба қавле “гаранг” ба воя расидам ва ақлам бисёр чизҳоро намегирифт. Нав синфи 9-умро хатм карда будам, ки аммаи шаҳриам ҳамроҳи як ҳамсояаш ба хонаамон хостгорӣ омад. Падару модарам бо дидани домоди мошинсавори хушқаду қомат чунон хурсанд шуданд, ки ҳатто як бор розигии маро напурсида, моро фотиҳа карданд. Ростӣ, худам ҳам дар дил хурсанд будаму аз шавҳари шаҳрӣ карданам ифтихор менамудам, вале...

Арӯси пойлуч

Хушдоманам барои ман чунон ҷиҳози зебое овард, ки даҳони ҳаққу ҳамсояҳо воз монд. Рӯзи тӯй домод бо лимузин омад. Он солҳо мо, одамони деҳотӣ чунин мошини дарозу зеборо умуман надида будем. Падарам аз рӯйи таомул “илоҳо қӯшапир шавед” гӯён, даст ба рӯй кашид ва садои карнаю сурнай ба фалак печида, ману домод дар ҳалқаи хешу табор ба сӯйи мошин қадам задем. Мани қишлоқӣ туфлиҳоямро кашида, баъд нишастам, то ки мошин чиркин нашавад. Домод ва хешу табораш бо дидани ин манзара аз ханда қариб рӯдакан шуда буданд. Аз шарм замин накафид, ки дароям...

Бегонадил

Аз рӯзҳои аввали зиндагӣ пай бурдам, ки хусуру хушдоманам бе розигии писарашон маро танҳо ба хотири рӯфтану шустану пухтан келин кардаанд. Шавҳарам бачаи шаҳрии хондагӣ буд ва назараш маро намегирифт. Дар як болин сар монем ҳам, ману Файз қариб, ки бо ҳам гап намезадем. Мабодо ягон чизро пурсам, шавҳарам теғ кашида ба рӯям менигарист ва “аз кулӯх ҳам садо мебаромадааст-ку” гӯён, маро масхара мекарду ба саволам ҷавоб надода, боз корашро давом медод. Мо, ду одами ба ҳамдигар тамоман бегона бо амри волидонамон зери як бом зиста, намедонистем, ки аз ин ҳаёти бемаънӣ чӣ мехоҳем. Аниқтараш шавҳарам чӣ хостанашро нағз медонист, вале мани қишлоқӣ ба мафҳуми ҳаёти заношӯйӣ чандон сарфаҳм намерафтам...

Хизматгори бе миннат

Шавҳарам ба ман умуман ягон сухани пурмеҳр нагӯяд ҳам, барои ман ба ҷо овардани хизмати хусуру хушдоман ва ҳамсарам кори муқаддас ҳисоб мешуд, чунки дар оила моро чунин тарбият карда буданд. Субҳ, ҳанӯз ягон аъзои оила бедор нашуда аз хоб мехестам ва то як поси шаб ҷунбуҷӯл мекардам. Хоҳаршӯйҳоям духтарҳои калон-калон бошанд ҳам, дасташонро ба оби сард намезаданд. Рӯфтан, шустан, пухтан, дӯхтан, қабулу гусели меҳмонҳо ҳамааш бар зиммаи ман буд. Дар ин хона ман келин не, ғуломи ҳалқабаргӯши аҳли оила будам ва хизмати ҳамаро мекардам. Бовар кунед, ҳатто либосҳои таҳпӯши падару модар ва хоҳару бародарони шавҳарамро мешустам, аммо..

Зиндаҷудо

Бо ҳамин минвол аз байн чанд сол гузашту ману Файз соҳиби ду фарзанд гаштем. Шавҳарам ҳамоно ба ман меҳр надошт, вале шукр мекардам, ки дар болои сари кӯдаконаш сиҳату саломат аст ва як пора нони бачаҳоямро меорад.

Беҳуда намегӯянд, ки “камбағалро дар болои уштур ҳам саг мегазад”, ба тақдири бади мани бечора баъди 5-соли зиндагӣ шавҳарам, ки бо тиҷорат сару кор дошт, муфлис гашту ба нони хӯрдан зор шудем. Падару бародаронаш ба Файз маслиҳат доданд, ки ба Русия равад ва бахташро дар он ҷо санҷад.

Пеш аз сафар зорӣ кардам, ки маро низ ҳамроҳи фарзандонамон бо худ барад, вале шавҳарам теғ кашида ба рӯям нигаристу гуфт:

-Россия хонаи очат нест, ки кайфу сафо карда гардӣ, қишлоқӣ! Ман худам ҳоло намедонам, ки ба кадом шаҳр мераваму чӣ кор мекунам, чӣ хел шумоёнро мебарам?! Хизмати пиру кампирро карда гард, ҳамин ки ягон ҷойи кор ёфтам, омада шуморо мебарам ё ҳар моҳ барои кӯдакон пул мефиристам...

Илоҷи дигар наёфта, ночор бо аломати ризо сар ҷунбондам ва Файз ҷомадонашро бардошта, баромада рафт...

Гумном

Як соли аввал шавҳарам кам-кам пул равон мекард ва ману фарзандонам чандон азоб намекашидем. Шукр, ки гушнаю луч нестем, гуфта, бо ҷону дил хизмати хусуру хушдоманамро мекардам. Умед доштам, ки кори шавҳарам хуб мешавад ва ману кӯдаконашро ба наздаш мехонад, вале чӣ мегӯед, ки баъди як сол падари фарзандонам бедарак шуд. Файз дигар на занг мезад ва на ягон тин пул равон мекард. Дар бораи куштори бераҳмонаи муҳоҷирон дар Русия бисёр шунида будам ва сахт метарсидам. Диламро гургон тала мекарданд, ки мабодо падари фарзандонам ба дасти тоссарҳои миллатчӣ наафтида бошад, вале...

Шавҳардори бе шавҳар

Ҳамин тавр аз байн 4-сол гузашту аз шавҳарам дарак нашуд, вале ман ҳамоно хизматгори дари хонаи хусуру хушдоманам будам. Фикр мекардам, ки падари фарзандонам дар ғарибиҳо аз гуруснагию хунукӣ мурдааст. Чанд бор хостам бачаҳоямро гирифта баромада равам, вале ҳар гоҳ дар ин бора даҳон кушоям, модарам маро сарзаниш карда мегуфт, ки зани мусулмон ҳақ надорад, ки бе иҷозати шавҳараш тарки хонаю дар намояд. Аз рӯйи гуфти модарам дар сурати гум шудани шавҳараш зан бояд 90 соли расо ӯро интизор мешудааст, агар дар ин муддат мурда ё зиндаи шавҳараш ёфт нашавад, баъд метавонистааст, ки баромада равад...

Насиҳати модар

“Шӯят зинда бошад, як рӯз не, як рӯз даромада меояд, вале мурда бошад, ба тақдир тан дода, то ҷон дар бадан дорӣ, хизмати хусуру хушдоманатро карда гард. Онҳо ҳаргиз ту барин келини хизматгорро аз дар берун намекунанд. Мо худамон базӯр як бурида нонамонро меёбем, хафа нашав, лекин рӯзат бо ду кӯдак дар дари хонаи падар намегузарад...”,- насиҳат менамуд модарам. Мани мискин панди модарро ба гӯш гирифта, ҳамоно хизматгори бе миннати волидону пайвандони шавҳари бе ному нишон гаштаам будам ва бе иҷозати хушдоманам поямро аз дари хона берун намемондам, аммо...

Ба занам гӯед, ки шавҳар кунад!

Рӯзе як ҳамдеҳаамон аз Русия баргашта хабар овард, ки шавҳарам ба садама дучор шуда, аз ду по маҳрум ва маслуқ шуда мондааст, барои ҳамин ба хона баргашта, дарди сари мо шудан намехоҳад. Таъкид кардааст, ки ба занам бигӯй ба умеди ман нашуда, шӯ кунад. Дилам оташ гирифт, тавалло кардам, ки нишонии Файзро диҳад, худам рафта, ӯро ба хона меораму то нафаси охирин нигоҳубин мекунам. Ҳамсоя баъди зориҳои зиёд бо ранги кандагӣ нишониро дод ва чӣ хел ёфтани манзили ҳамсарамро фаҳмонда, таъкид кард:

-Янга, илтимос, ба Файз нагӯй, ки адресашро ман ба ту додам, агар фаҳмад, хафа мешавад...

Шаҳри калону зани сарсон

Бо аломати ризо сар ҷунбондам ва аз хусуру хушдоманам дуои нек гирифта, чипта харидаму ду рӯз пас ба Русия парвоз кардам...

Азбаски дар ҳаётам аввалин бор ба Русия парвоз мекардам, азобҳои бисёре кашидам. Қариб буд, ки маро дар фурудгоҳ “депорт” кунанд. Хайрият, ки дили як зани зиёинамои тоҷик ба ҳоли мани сарсон сӯхт ва сабаби ба Русия омаданамро пурсида, гуфтаҳои маро ба маъмурин тарҷума карда дод. Занҳои дар фурудгоҳ будаи рус вақте фаҳмиданд, ки шавҳарам дар кишвари онҳо маъюбу маслуқ шудааст ва ман барои ба хона бурдани падари фарзандонам омадаам, дилашон сӯхта иҷозат доданд, ки ворид шавам.

Дар сарам сад фикру хаёл буд, ки шавҳари бе пою дастамро чӣ хел ба хона мебурда бошам, вале...

Мурдаи зиндашуда

Се рӯзи дароз суроғаи шавҳарамро кофта ниҳоят ёфтам. Вақте ки тугмачаи зангро пахш намудам, дарро ба рӯям худи Файз кушод. Падари фарзандонамро зиндаю саломат дида, қариб буд, ки дилам аз шодӣ кафад. “Файзи ман, ту зинда будаӣ-ку” гӯён, худро ба гарданаш овехтам, вале шавҳарам маро бо нафрат аз худ дур карда ғурунгид:

-Кӣ ба ту адреси маро дод? Зуд берун баро, дар кӯча гап мезанем.

Ба дағалии шавҳарам эътибор надода бо табассум гуфтам:

-Дадаи кӯдако, ман аз Ватан барои ту кулчаву пиставу мағз овардам. Қурута дӯст медорӣ гуфта, қурут ҳам гирифтам. Бачаҳо туро чунон ёд кардаанд, ки ногуфтанӣ. Ҳар рӯз мепурсанд, ки дадам кай меояд. Хайрият, ки зинда будаӣ...

-Ҷак-ҷака кам куну зуд берун баро, ҳозир Наташа фаҳмад, хоки ҳардуямонро мебезад,-инро гуфта Файз маро тела зада, аз дар берун кард ва борониашро ба китфаш партофта, аз паси ман ба кӯча баромад...

Сирри фошгашта

Дар берун Файз иқрор шуд, ки дар ин ҷо зани рус гирифтааст ва аз Наташа ду писар ҳам дорад. Аз рӯйи гуфти шавҳарам падари зани русаш як одами номдор будааст ва агар дар Тоҷикистон зану фарзанд доштани ӯро фаҳмад, ҳолаш табоҳ мегардад. Вай ба ман суроғаи як ҷӯраашро дода гуфт, ки метавонам шабро дар ҳамон ҷо рӯз карда, саҳар ба фурудгоҳ равам ва чипта харида ба Тоҷикистон парвоз кунам.

-Дигар ба умеди ман нашуда шавҳар кун, охир ту ҳоло ҷавон ҳастӣ, ғайр аз ин савод ҳам надорӣ, ки аробаи зиндагиатро кашида тавонӣ. Бе мард дар зиндагӣ азоб мекашӣ,-насиҳат кард вақти хайрухуш шавҳари номардам.

Дар ҷавоб чизе нагуфта, бо чашмони пуроб ба роҳ баромадам...

Худо, агар мадад кунад...

Аллакай пардаи торикӣ фаромада буд ва ман, як зани деҳотии бори аввал ба Маскав омада намедонистам ба куҷо равам. Бо чашмони пур аз ашк дар хараки сари роҳ нишаста, андеша мекардам, ки акнун чӣ кор кунам, вале ягон фикри дуруст ба сарам намеомад. Одамон аз наздаш бепарво гузашта мерафтанд. Баногоҳ ду зани газгӯшт бо ҳам суҳбаткунон бо сеткаҳои пурбор аз наздам гузаро шуданд. Аз афташ либосҳои миллии ман диққати он занҳоро ба худ кашид, ки дубора аз роҳашон баргаштанд ва яке аз онҳо ба ман рӯ оварда пурсид:

-Ӯзбек-мӣ сан?

Азбаски дар маҳаллаи мо ӯзбекҳо бисёр буданд, аз хурдӣ кам-кам забони ӯзбекиро медонистем. Сарамро бардошта, оби дидаамро бо гӯшаи рӯймолам пок кардам ва бо овози гиряолуд гуфтам:

-Тоҷик мен!

Занҳо дар паҳлуи ман нишаста сабаби гиря карданамро пурсиданд. Саргузашти талхамро ба онҳо нақл карда гуфтам, ки ба хотири сағера нашудани ду фарзандам роҳи дарозро тай карда ба ин ҷо омадам, вале шавҳарам зани рус гирифта будаасту дигар маро дидан намехоҳад. Дили занҳо ба ҳоли мани сарсону саргардон сӯхту гуфтанд, ки агар ҷойи рафтан надошта бошам, метавонам шабро дар иҷорахонаи онҳо рӯз кунам...

Насиҳати зани ӯзбек

Занҳои муҳоҷир, ки ҳардуяшон аз Ӯзбекистон будаанд, дарҳол дар наздам дастурхон кушода, маро хуб зиёфат доданд, вале аз дарду алами бисёр аз гулӯям чизе намегузашт. Яке аз онҳо, ки Шоҳидахон ном доштааст, шабона гиряи талхи маро дида, насиҳат кард, ки барои шавҳарам ин қадар сӯхта худамро обу адо накунам.

-Ту ақл дорӣ ё не? Барои чӣ аз рӯйи як номард ин қадар худатро обу адо мекунӣ! Дасту поят бутун, дар ҳамин ҷо кор карда пул ҷамъ кун ва рафта бачаҳоятро гирифта биёр. Фарзандонатро дар мактабҳои ин ҷо хононда соҳиби маълумот гардонӣ, дар дами пириат азоб намекашӣ. Меистӣ шавҳар гуфтаю оби дида рехта. Ин мардҳоро садқаи зани мусулмон кунад. Ба қадри зани худашон нарасида, дар ин ҷо зани рус мегиранд, вале ҳамин ки пир шуданд, Машаю Наташаҳояшон чор лагад зада, онҳоро аз дар берун мекунанд. Вақте ки дар кӯча монданд, шарм надошта боз мурдаашонро кашолакунон ба назди зани якум мераванд, вале ҷавонӣ, ки гузашт, ки дигар аз омадани шавҳар чӣ суд,-даст афшонд ӯзбекзан...

-Ман дар умрам дар ягон ҷо кор накардаам, савод ҳам надорам,-гуфтам бо алам.

-Дар ин ҷо савод доштани ману ту муҳим нест. Ягон ҳунар дорӣ?-Пурсид Шоҳидахон.

-Бале, кам-кам ҳунари дӯзандагӣ дорам,-гуфтам дар ҷавоб.

-Шуд, хоҳарҷон, ин ҷо ширкатҳои дузандагӣ зиёданд. Ман туро ба назди як шиносам ба кор мебарам. Кор кун, соҳиби пулу мол шав ва ба шавҳари номардат нишон деҳ, ки бе вай ҳам аробаи зиндагиатро кашида метавонӣ,-ваъда дод дугонаи Шоҳидахон-Нодирабегим.

Зан, агар номус кунад...

Қисса кутоҳ, бо кӯмаки ҳамон ду зани ӯзбек ман дар Русия мондам. Шоҳидахону Нодирабегим ба ваъдаашон вафо намуда, бароям кор ёфта доданд. Оҳиста-оҳиста роҳу равиши корро омӯхтам ва пул ҷамъ карда бо савғотиҳои бисёр ба Ватан омадам. Ба хусуру хушдоманам хабар расондам, ки писарашон зиндаву саломат аст ва дар он ҷо зани рус дорад, агар хоҳанд, набераҳои русиашонро хабаргирӣ раванд. Пиру кампир маро хеле насиҳат карданд, ки интизор шавам, ягон рӯз ақли шавҳарам ба сараш мезанад ва зани русашро партофта, дубора ба назди ман бармегардад, вале сар ҷунбонда гуфтам:

-Файз ягон вақт маро дӯст намедошт. Вай танҳо ба хотири шуморо наранҷонидан бо мани деҳотӣ хонадор шуда буд, вале дилаш зани дигар мехост. Бигзор акнун бо зани дилхоҳаш хушбахт шавад. Натарсед, ману бачаҳоям на дарди сари шумо мешавем ва на дарди сари падару модари худам. Ман кӯдаконамро гирифта мебарам ва то ҷон дар бадан дорам, намегузорам, ки бе падариашонро ҳис кунанд...

Хусуру хушдоманам ночор бо оби дида ба мо роҳи сафед хостанд...

Падари сангдил

Инак, чанд сол мешавад, ки ману фарзандонам дар Русия зиндагӣ карда истодаем. Иҷорахонаи мо аз хонаи зани руси Файз дур нест. Рӯзҳои истироҳат ба сайругашт баромада, баъзан ману фарзандонам бо шавҳарам ва оилаи наваш рӯ ба рӯ мешавем. Файз бачаҳои зани русашро болои сараш шинонда аз назди мо мегузарад ва чунон вонамуд мекунад, ки гӯё на маро мешиносаду на кӯдаконамро. Албатта барои кӯдакони бечораам аламовар аст, ки падарашон ба рӯйи онҳо ҳатто нигоҳ намекунад, аммо ман онҳоро насиҳат карда мегӯям, ки хафа нашаванд, падарашон алҳол бемор аст. Бемори ишқ.

Дунё ба умед

Дар ин ҷо чандин мардони тоҷик, ӯзбек, афғон ва эронӣ ба ман изҳори муҳаббат ва пешниҳоди хонадоршавӣ намуданд, вале рад намудам. Дилам аз ҷинси мард мондааст. Дигар ба ягон мард хизмат кардан намехоҳам, чунки вафо дар вуҷуди мардон нест.

Бо умеди ягон кас нашуда бо меҳнати ҳалол ва номи неку сари баланд фарзандонамро дар Русия хононда истодаам. Бачаҳоям дар мактаб аъло мехонанд. Боварӣ дорам, ки дар оянда одамони номдор шуда, дами пирӣ асои дасти модари меҳнатиашон мегарданд.

Ба занҳои тоҷик гуфтаниям, ки ҳаргиз барои мард шуда, худро обу адо накунанд. Худатонро дӯст доред занҳо, он гоҳ шуморо дӯст медоранд!

Шоира, аз Маскав    

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Счастье 2019-07-26, 23:05
Офарин
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Счастье 2019-07-26, 23:05
Офарин
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД