Ҳамон шабу рӯзе, ки падару модарам дар фикри хонадоркунии ман афтиданд, серриали «Хушдомани золим» баромад. Ин филмро ба завқ тамошо карда, қарор додам, ки Гопи барин ягон духтараки оромтабиату тарсончакро ба занӣ мегирам.
Намедонам, малоикаҳо омин гуфтанд ё аз азал тақдирам чунин будааст, ки воқеан бо чуни духтар хонадор шудам. Фозиларо аз рӯзи авали ба хонаи мо қадам ниҳоданаш худро ҳамчун “гӯсфанди кар” нишон дода, мудом аз паси кору бори хона медавад. Модарам мӯр гӯяд, мемураду зиҳ гӯяд, зиндагӣ мекунад. Модарам аз келинаш сад дар сад розӣ бошад ҳам, суханҳои подарҳаво ва рафтори занам ғазаби маро меорад. Фозила зан шуда, ба худаш тамоман аҳамият намедиҳад. Ба фикрам вай аслан чи будани атру упоро намедонад. Фикру зикраш фақат ба рӯфтану шустан банд асту халос, ғайр аз хизмату хишдоману кори хона ақлаш ба ягон чиз намерасад. Ба назарам гоҳо чунни мерасад, ки фозила зани ман не, зани модарам аст, чунки чизе модарам гӯяд, ҳамонро мекунад ва ҳатто барои ба хонаашон меҳмонӣ рафтан аз ман не, аз хушдоманаш иҷозат мепурсад.
Ман, ки ҷавони таҳсилдида ҳастам ва панҷ соли дароз дар донишгоҳ таъсил намуда бо духтарҳои шаҳрӣ зиёд шишту хез кардаам, бо дидани афту андом ва рафтори ғуломонаи занам девона мешавам. Дилам намекашад, ки шабҳо дар канори ин духтари чиркинак, ки ҳавсала намекунад ҳатто як шабпӯшак пӯшида баъд ба бистари хоб дарояд, хобида ӯро ба оғӯш бигирам ва меҳрубонӣ кунам. Дилам аз занам хунук шудааст, мехоҳам талоқи фозиларо дода, ягон духтари табъи диламро ба занӣ бигирам, аммо модарам “духтари коргари сарпаст аст” гӯён, мудом тарафи келинашро мегирад. Дар байни дурҳаи зиндагӣ зору ҳайрон мондаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Сомон Алиев, аз ш. Ваҳдат