Sebiston new 2024 october
Моҳнисо: Домод маъшуқаашро ба хона меорад
09.10.2019
Париваш
3732

 

«Падарам маро маҷбур кунад, ки шуморо ба занӣ бигирам, дар рӯзи тӯй маъшуқаамро ҳам арӯс карда ба сари тахт мебарорам» таъкид намуд Маъруф ба арӯсаш Моҳнисо

Дарди дили бойдухтар

Оилаи мо яке аз хонаводаҳои обруманди деҳаамон ба шумор меравад. Падарам соҳиби вазифаи баланд, яъне раиси як идораи бонуфуз, модарам духтур аст. Фарзанди ягонаам, аз ин хотир волидонам маро мисли гавҳараки чашмонашон эҳтиёт намуда ба воя расонидаанд. Падару модарам дар масъалаи тарбияи фарзанд бисёр сахтгир ҳастанд, намегузоранд ҷигарбандашон бо ҳар касу нокас ҳамнишин гардад, шояд аз ҳамин сабаб ё аз беҳавсалагии худам синнам ба 20 расида бошад ҳам, дӯстдошта надорам.

Хостгори худӣ

Ду моҳ пеш писархолаи падарам маро барои писараш хостгорӣ кард. Азбаски онҳо мисли ду бародар бо ҳам қарин будаанд, падарам не гуфта натавонистанд. «Маъруф бачаи босавод аст, падару модараш ҳам одамони хубанд, духтарам, не нагӯй, боварӣ дорам, ки дар он хонадон хушбахти олам мешавӣ» гӯён, модарам маро ба розигӣ додан талқин намуд. Маъруфро қариб, ки намешинохтам, вале бо андешаи он, ки падару модарам яккафарзандашонро ба оташ намеандозанд, сар фуруд овардам. Ҳамин тавр моро бо ҳамдигар фотиҳа карданд. Пас аз тӯй фаҳмидам, ки домодшаванда мисли худи ман донишҷӯйи Донишгоҳи тиббӣ буда дар курси охирин таҳсил мекардааст. Ҳамкасб буданамонро шунида хурсанд шудам, зеро боварии комил доштам, ки ҳамдигарро хуб мефаҳмем, вале…

Рози дил

Аз фотиҳа як моҳ гузашт. Рӯзе нав аз донишгоҳ баромада будам, ки касе аз пасам «Моҳнисо» гӯён, ҷеғ зад. Ба қафо нигариста Маъруфро дидам, ки хандон ба сӯйи ман меомад. Аз шарм суп-сурх шудам. Маъруф боодобона салом дода, маро ба қаҳвахона даъват намуд. «Моҳнисо, мову шумо бояд оиди як масъалаи ҷидӣ суҳбат кунем» гӯён, ба ҷону ҳолам намонда вай маро ба як кафеи сари роҳ даровард. Сари як пиёла чой аввал каме дар боби дарсҳо ва дигар мавзуҳои зиндагии донишҷӯён суҳбат намудем, баъдан вай сари мақсад омад:

-Моҳнисо, бо шумо барин духтари зебою ботамиз ҳамқисмат шудан ба ҳар ҷавон насиб намекунад. Ба ҷойи ман каси дигар мебуд, шояд аз хурсандӣ тоқиашро ба осмони ҳафтум мепартофт, ки волидонаш барои ӯ чунин арӯси олиҷаноб ёфтаанд, вале ман наметавонам ба ин тӯй розӣ шавам. Дили ман кайҳо ба доми ишқи бонуи дигар гирифтор аст. Гап фақат дар ишқ мебуд, шояд фаромӯшаш мекардам, вале духтари дӯстдоштаам бегона не, фарзанди устоди ман аст. Модараш роҳбари кори илмиам, агар ман ба Мунира бевафоӣ намуда, шуморо ба занӣ бигирам, заҳматҳои чандинсолаам барбод мераванд. Муаллима албатта аз ман меранҷад ва намегузорад, ки қоматамро рост кунам. Шумо духтари боақлед, гумон мекунам, ки маро мефаҳмед…

Лаб газида пичиррос задам:

-Ин гапро шумо бояд на ба ман, балки ба падаратон мегуфтед.

Маъруф оҳи сард кашида, гуфт:

-Падару модарам маро ҳатто шунидан нахостанд. Пиру кампир ду пояшонро ба як мӯза андохта «духтари сарлучу пойлучи муаллимаро келин намекунем» мегӯянд.

Гиря гулӯгирам карда буд, вале худро базӯр ба даст гирифта пурсидам:

-Ман чӣ кор кунам?

-Ягон баҳона ёфта, фотиҳаро гардонед! Моҳнисо, шумо духтари деҳот ҳастед ва хуб медонед, ки агар тарафи домод аз тӯй даст кашанд, духтар шарманда мешавад. Ман намехоҳам, ки ҳаққу ҳамсояҳоятон дар бораи шумо ҳар хел гапҳои беҳуда гӯянд, барои ҳамин шуморо ба ин ҷо даъват кардам, то худатон илоҷашро ёбед.

«Хуб» гӯён, аз ҷоям бархоста бо Маъруф худоҳофизӣ кардам.

Арӯс шудан намехоҳам!

Рӯзи дигар падари Маъруф, амаки Сардорбек ба хонаи мо омаду дар сари дастурхон ман беҷуръатона лаб ба сухан кушода гуфтам, ки ба тӯй розӣ нестам. Падарам, ки чунин густохиро аз ман интизор набуд, барошуфта ба сарам дод зад:

-Ту чиҳо мегӯӣ, падарлаънат?! Аллакай тамоми хешу табор фаҳмиданд, ки туро ба Маъруф фотиҳа кардем. Моро шарманда кардан мехоҳӣ, сиёҳмилла?!

Амаки Сардорбек, ки табиатан марди нармдилу нармгуфторанд, падарамро ором кунонда гуфтанд:

-Ин қадар зуд оташ нагиред, Диловарбой, аввал фаҳмем, ки сабаби сарпечӣ намудани Моҳнисоҷон чист, баъд ба ягон хулоса меоем. Духтарам, чӣ гап шуд? Чаро якбора аз тӯй даст кашидан мехоҳӣ? Мабодо ягон ҷавони дӯстдошта дошта бошӣ, боке нест, мо садди роҳи хушбахтии ту намешавем.

-Амакҷон, ман не, писари шумо дӯстдошта дорад. Намехоҳам боиси аз якдигар ҷудо шудани ду дилдода шавам,-гӯён ба гиря даромадам.

-Кӣ будааст дӯстдоштааш?-Дандон совида пурсид амаки Сардорбек.

-Мунира, духтари муаллимаамон. Пагоҳ, баъди издивоҷ ман ба чашми он кас чӣ хел нигоҳ мекунам?

Падари Маъруф дигар чизе нагуфта, омин карду баромада рафт. Падарам хиҷолат кашида маро оғӯш карданд ва сарамро силакунон гуфтанд:

-Гиря накун духтарам, ба ҳар як тори мӯят сад харидор, аз Маъруф беҳтарашро меёбӣ.

Қасами домод

Рӯзи дигар дар саҳни донишгоҳ боз бо Маъруфро рӯ ба рӯ шудам. Гумон доштам, ки ба ман изҳори миннатдорӣ мекунад, вале ғайричашмдошт вай аз банди дастам дошта бонг зад:

-Кӯрнамак, ақаллан ҳаққи устодии муаллимаро надонистӣ!

Дастамро бо кароҳат аз дасташ кашида гирифтаму дод задам:

-Аввалаш ин ки шумо ҳоло ҳуқуқ надоред ба сари ман дод занед, баъдан ман дар ҳасрати рӯи шумо намурдаам! Фотиҳаро гардон гуфтед, ин корро кардам, боз аз ман чӣ мехоҳед?!

Маъруф барои дод заданаш бахшиш пурсида, гуфт:

-Падарам аз хонаи шумо омаданду чизе нагуфта ба рӯям як торсакӣ фароварданд. Мӯйсафед бо ин ҳам қонеъ нашуда ба хонаи Мунираино рафта ба сари модараш дод зада гуфтааст: «Духтари бе аслу насабата ба сари бачаи гӯли ман бор кардан мехоҳӣ?! Тӯшбераро хом шумурдӣ бева, хешдухтари зебою боодобамро монда, ман сағердухтари сарлучу пойлучи туро келин намекунам! Маъруф аз ман пинҳонӣ духтаратро ба занӣ гирад, оқаш мекунам! Беҳтараш ба хубӣ аробаатонро аз сари роҳи писарам дур кашед, вагарна шуморо шармандаи олам месозам!»

Пурсидам, ки акнун чӣ кор карданист.

-Падарам шуморо барои боигарии падаратон келин карданист, вале ман ба дороии шумо муҳтоҷ нестам. Дороии ман ишқи ман аст. Моҳниссо, беҳтараш аз сари роҳи ишқи мо дур шавед! Дониста бошед, агар маро маҷбур созанд, ки шуморо ба занӣ бигирам, дар рӯзи тӯй Мунираро ҳам арӯс карда ба хонаамон мебиёрам. Ҳардуятонро якбора ба сари тахт мебарорам. Бигзор як умр мардум тӯйи булаҷаби шуморо ба ёд оварда биханданд,-таҳдид намуд Маъруф.

Дар байни обу оташ

Ба хона омада дидам, ки аллакай падари Маъруф ҷиҳози арӯсӣ, орду равған ва пахтаю кӯрпавориҳоро овардааст. Ба пеши пойи падарам афтода зорӣ намудам, ки аз баҳри тӯй гузарад, аммо сар ҷумбонда гуфтанд:

-Духтарам, аллакай рӯзи тӯй маълуму хешу ақрабо даъват шудаанд, дигар тӯйро гардонда наметавонем. Шуморо ҳанӯз замони кӯдакиатон бибиҳоятон гаҳворабахш карда буданд, агар имрӯз мо аз тӯй даст кашем, холаам дигар ба рӯйи ман нигоҳ намекунад!

Фиғон кашида гуфтам:

-Дадаҷон, Маъруф қасам хӯрд, ки агар фотиҳаро нагардонем, дар рӯзи тӯй маъшуқаашро арӯс карда ба хонаашон меораду ҳардуямонро ба сари тахт мебарорад. Маро шармандаи дӯсту душман насозед!

-Натарс духтарам, Маъруф ҳеҷ гоҳ ин корро намекунад!

-Рафту кунад-чӣ, дадаҷон?!

-Он лаъин, агар маъшуқаашро ба хона биёрад, сарашро гирифта рӯи дилаш намонам, занам ба ман се талоқ,-қасам хӯрд падарам.

«Оила»-и азиз! Ин буд қиссаи пурғуссаи зиндагиам. Ба тӯям ҳамагӣ ду ҳафтаи дигар мондаасту мани ҷигархун намедонам сарамро ба кадом дару девор занам. Дар гирдобе афтодаам, ки баромадан аз он бисёр душвор ва ҳатто ғайри имкон менамояд. Хотири наранҷидани холааш падарам дидаю дониста маро ба ҷавоне ба шавҳар дорда истодааст, ки духтари дигарро дӯст медорад. Дигар арӯсон тӯяшонро бо беқарорӣ интизорӣ кашанд, ман бо тарсу ваҳм рӯзҳои боқимондаро мешуморам, зеро аз фоҷиае, ки ба сарам омада метавонад сахт метарсам. Метарсам, ки Маъруф маъшуқаашро арӯс карда меораду тӯй ба хунрезӣ табдил меёбад, аз ҳамин сабаб қаламу коғаз ба даст гирифтам, то аз муштариёни Оила кӯмак пурсам. Илтимос, роҳи наҷотро ба ман нишон диҳед!

Моҳнисо

Таснифи Париваш

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Бе малол туй кадан гиред ягом коре карда наметавонад 2019-10-09, 22:37
Абдуалимов Маъруфа
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Бе малол туй кадан гиред ягом коре карда наметавонад 2019-10-09, 22:37
Абдуалимов Маъруфа
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД