Имрӯз қариб ними духтарони пойтахт, хусусан арӯсакон аз миҷгонҳои сунъӣ истифода мебаранд.
Ман ҳам ба наздикӣ арӯс мешавам ва мехоҳам аз ин намуди пардоз истифода барам, вале метарсам, ки аз миҷгонҳои худам ҳам намонам. Шунидам, ки миҷгонро ҳам химия мекунанд. Донистан мехоҳам, ки миҷгончаспонӣ зарар дорад ё не?
Шаҳло, ш. Душанбе
Хоҳари азиз, агар мижгони худатон ғафс бошад, беҳтараш ба ҳусни додаи худованд шукрона намоед. Мижаҳои сунъиро зиёд истифода баред, ба мижгонҳоятон зарар мерасад, чунки малҳамҳои қавикунандаро дар ин амалиёт истифода мебаранд ва он боиси маҳкам шудани роҳҳои нафаскашии пӯсти пилки чашмон мегардад. Бе миҷгони сунъӣ наметавониста бошед, интихоби миҷгонро ёд гиред. Мижгонҳои сунъӣ чанд намуд мешаванд, беҳтараш аз мӯйи табии сиёҳ ё малларанг сохташудаашро истифода баред. Ин намуди мижгонро тоза карда, чандин маротиба истифода бурдан мумкин аст.
Химияи мижгон
Ба ғайр аз амалиётҳои декоративии ғафсу дарозкунандаи мижгонҳо, имрӯз дар кошонаҳои ҳусн мижгонҳоро низ «химия» мекунанд, ки таъсираш қариб 3 моҳ аст. Малҳамҳои махсуси бехатаре вуҷуд доранд, ки бо кӯмаки он ба чашм зарари камтар расонида, мижгонҳоро дарозтару фаххак кардан мумкин аст.
Воситаҳои нигоҳубини мижгонҳо
Мижгонҳо низ мисли рӯю мӯй нигоҳубину ғамхорӣ мехоҳанд. 4 грамм равғани беданҷир (касторовое масло) ва 10 г вазелинро омехта карда, ҳамарӯза ба мижгонҳоятон молед, мижгонҳоятон серамал мешаванд. Мабодо дар кунҷи чашмонатон тарашшуҳ, карахш, пулакча, пайдо шавад, дарҳол ба духтури чашм муроҷиат намоед.
Давомнокии умри мижгон 150-200 рӯз аст, пас аз ин мижгон афтида ба ҷойи он наваш мебарояд. Пӯсти атрофи чашм зуд-зуд сурх шавад, ин боиси халалёбии сабзиши мижгонҳо мегардад: мижгонҳо тунуку зудшикан шуда мерезанд. Пайдоиши гавмиҷа ё бемории пӯст низ боиси рехтани мижгонҳо мешавад.
Мижгонҳо аз туши бесифат беҷону зудшикан мегарданд. Истифодаи аз ҳад зиёди тушҳои босифат низ зарарнок аст.