Formula novemver 2024
Қулфинай занро зебо месозад
1681

 Ниқобҳои тобистона

Фасли тобистон қариб ба охир мерасад, қариб тамоми меваҳо пухта расиданд. Шунидам, ки беҳтарин ниқоб барои рӯй –ниқоби мевагист. Шумо ба мо кадом намуди ниқобҳоро тавсия медиҳед? Кадом меваҳо аз витамину микроэлементҳои барои пӯст муҳим серобанд?

Шабнам, н. Сино

Ниқоб аз қулфинай

Қулфинай хусусияти тароватбахш, ғизобахш ва ҳамворкунандаи чинҳои рӯйро дорад, илова бар ин, пӯстро сафед мекунад. Қулфинайро бо асал ё малҳами дилхоҳи ғизобахш лат зада ба рӯятон моледу баъди 20 дақиқа бо докаву об тоза кунед.

Ниқоби ангурӣ

Ниқоби ангурӣ пӯсти хушкро нарм мекунонад. Барои омода сохтани ниқоби ангурӣ як қошуқ шарбати ангурро бо як қошуқ орд омехта карда ба он зардии як тухмро илова намуда ба рӯятон молед. Ниқобро ба рӯй молида, баъди 15 дақиқа бо оби ширгарм шустушӯ кардан лозим аст.

Ниқоб аз себ

Себро хурд реза карда каме дар шир пазеду баъдан бо қошуқ кӯфта ба шавла мубаддал созед. Маҳлулро ба рӯятон молида, баъди 20 дақиқа рӯятонро шӯед.

Ниқоб аз банан

Як банани пухтаро бо блендер ё қошуқ лат зада, ба он ним қошуқ орди ҷуворимакка ва як қошуқча гиёҳоби бобуна илова кунед. Ниқобро ба рӯятон моледу баъди 15 дақиқа бо оби ширгарм шустушӯ кунед. Ниқоб аз банан барои пӯсти дар офтоб сӯхта муфид аст.

Ниқоб аз помидор

2-3 дона помидори пухтаро реза карда, шарбаташро ба рӯю гарданатон молида, 15-20 дақиқа нигоҳ доред.

Ниқоб аз шафтолу

Дилаи шафтолуро кӯфта, бо миқдори баробари гиёҳоби бобуна омезеду ба рӯятон бо ҳаракатҳои мулоими ангуштон молед. Баъди 10 дақиқа бо оби ширгарм шустушӯ кунед. Пораҳои шафтолуи тару тозаро ҳам ба пӯсти рӯй молидан мумкин аст.

Ниқоб аз бодиринг

Бодиринги тару тозаро хурд реза карда ба он чанд қатра шарбати бодиринг илова кунед ва ба рӯю гарданатон молед. Пас аз 20 дақиқа ниқобро бо сачоқ аз рӯятон тоза кунед. Ин амалиёт ба пӯст тароват мебахшаду сафед мекунонад.

Ниқоб аз картошка

Ду дона картошкаи обпазро кӯфта, гармогарм ба рӯю гарданатон молида 10 дақиқа нигоҳ доред. Ин амалиёт пӯстро сафед мекунонаду ҳамвор месозад. Ниқоб аз картошкаи хом бошад, пӯстро нарм карда, чинҳояшро ҳамвор месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД