arzon replenishment
Дар 16-солагӣ ҳомиладор шудам
5980

 

Насиба ҳастам. Насибаи сарсахту бадбахт. Мактаби миёнаро танҳо то синфи 7 хондаам, на савод дорам, на касбу ҳунар ва на зиндагии обод.

Падар надорам, бо модарам зиндагӣ мекунам. Дар 15-солагӣ бо Исмат ном ҷавони зебо шинос шуда, ба доми ин бачаи духтарбоз афтидам. Вай бо суханҳои ширин маро чунон волаю шайдои худ гардонд, ки дигар ба ғайр аз Исмат касею чизе дар назарам наметофт. Мо қариб ҳар рӯз бо ҳамдигар вомехӯрдем ва баъзан ҳатто шабона мулоқотҳои ошиқона меоростем. Ҳангоми яке аз чунин мулоқотҳо дар боғи хилват Исмат маро дар рӯйи алафҳо хобонда, бо суханҳои ширин ва навозишу меҳрубониҳо ақламро рабуд ва мани галӯ беҳтарин сарват-номуси духтарии худро ба ӯ бахшидам. Исмат баъди ба коми дил расида, дар боғи васли ман асп тозондан ваъда дод, ки ба зудӣ ба хонаамон хостгор фиристода, маро ба занӣ мегирад ва касе аз ин сир огоҳ нахоҳад шуд. Ба суханони пур аз макру ҳилаи ӯ бовар карда, мани беақл боз чанд бори дигар бо Исмат вохурдам ва ҳомиладор шудам. Вақте ин хабари шум ба гӯши модарам расид, қариб буд, ки дилаш кафида ҷо ба ҷо бимирад. Вай аввал маро хуб ҳақорат карду баъд роҳи хонаи ошиқи зинокорамро пеш гирифт. Модари Исмат аввал “ба сари бачаи ман чӣ меоӣ, духтаратро меғундоштӣ” гӯён, дағдаға кард, вале модарам ҳам паст наомада таҳдид намуд, ки агар ба хубӣ бачаашон маро ба занӣ нагирад, ба милиса арз карда, ӯро мешинонад. Билохира, аз тарси ба маҳбас афтидан падару модари Исмат як тӯйи камбағалонаи бе ҳофизу рақсу бозӣ ороста маро келин карданд. Зиндагӣ дар ин оилаи камбағал барои мани як умр гули чизро хӯрдаю пӯшида бисёр душвор бошад ҳам, Худоро шукр мегуфтам, ки ба Исмат ба шавҳар баромада дар назди мардум шарманда нашудам.

Ҳамин тавр, баъди 7-моҳи хонадорӣ мани 16-сола модар шуда, писар таваллуд кардам. Гумон доштам, ки тавлиди фарзанд оилаи носолими моро мустаҳкам намуда, ҷангу ҷанҷол бас мешавад, вале беҳ нашуд, ки бадтар шуд. Ҳанӯз чилаи писарчаам набаромада, Исмат барои дупула гап маро талоқ дода аз дар берун кард.

Ҳамсолонам шӯхию бозӣ карда мегарданд, вале мани кӯдак бо кӯдаки навзод азоби сагро кашида истодаам. Аз кори кардаам пушаймонам. Ба тамоми духтарҳои тоҷик гуфтаниям:

Апаҳо ва хоҳарони азиз! Ин номаъқулие, ки ман кардам, шумо ҳаргиз накунед! Бачаҳои ин замона на лафз доранду на раҳму инсоф, аввал бо макру фиреб духтарро ба домашон афтонда истифода мебаранду баъд дар нимароҳи зиндагӣ танҳо монда мераванд. Ба ишқи ин Маҷнунҳои духтарбоз бовар карда, обрӯи худ ва пайвандонатонро дар байни халқ нарезонед ва ҳаётатонро бо дасти худ насӯзед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
РРРРРР 2019-06-07, 22:18
Ман гуфта наметавонам, ки гапи Шумо асос надорад. Дар ҳақиқат чунин ҷавонон зиёданд. Аммо шахсан худи ман танҳо як духтарро дӯст медорам ва мехоҳам бо Ӯ дар оянда хушбахттарин оиларо ташкил намоям. То бо Ӯ тӯй карданам бо вай муносибати шаҳвонӣ намекунам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
РРРРРР 2019-06-07, 22:18
Ман гуфта наметавонам, ки гапи Шумо асос надорад. Дар ҳақиқат чунин ҷавонон зиёданд. Аммо шахсан худи ман танҳо як духтарро дӯст медорам ва мехоҳам бо Ӯ дар оянда хушбахттарин оиларо ташкил намоям. То бо Ӯ тӯй карданам бо вай муносибати шаҳвонӣ намекунам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД