Пиразане бо номи Адриана Илиескур кӯдаки аввалинашро дар синни 66-солагӣ таваллуд карда, ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шуд.
Вақте ки Адриана ба шавҳар баромад, ҳамагӣ 20-сол дошт, вале ҳамсараш ба ӯ иҷозати кӯдак таваллуд карданро надод. Адриана шавҳарашро сахт дӯст медошт,аз ҳамин хотир чанд сол тоқат кард, аммо билохира орзуи модар шудан ғолиб баромад ва ӯ аз ҳамсараш талоқ талаб кард. Ҳамин тавр ақди никоҳи онҳо бекор карда шуд. Ҷудоӣ аз шавҳар барои Адриана хеле душвор буд.Ҷавонзани бадбахт чанд моҳ аз тамоми дунё қаҳр карда аз ҳуҷрааш намебаромад. Наздикону дӯстони Адриана кушиши зиёд карда, ӯро аз ҳолати стресс ва навмедӣ бароварданд. Баъди барқароршавӣ Адриана дар Донишгоҳи Руминия ба ҳайси муаллима ба кор даромад.
Пас аз 17 соли танҳоӣ, ин зан дубора ба шавҳар баромада бошад ҳам, худованд ба ӯ фарзанд надод. Адрианаи 20 соли дароз дар ба дари табибон гашта, аз безурётӣ табобат мегирифт. аммо бефоида...
Пас аз талошҳои зиёди бе ҳосил вай ба хулосае омад, ки бо роҳи бордоркунии сунъӣ-эко ҳомиладор хоҳад шуд. Адриана аллакай 66-сола шуда буд ва дарк мекард,ки ин амалиёт барои ҳаёташ хатарнок аст, аммо орзуи модар шудан аз тарси марг низ зӯртар буд. Вақте, ки ин зани ташнаи фарзанд нияташро ба пайвандонаш гуфт, наздиконаш бо писханд ба ӯ нигаристанд ва ҳатто баъзеашон аз ӯ рӯй тофтанд. Онҳо ошкоро мегуфтанд, ки дар пирӣ Адриана ақлашро хӯрдааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, зан алорағми номардии қисмат бо роҳи ЭКО ҳомиладор шуд. Дар давраи аввали ҳомиладорӣ духтурон ба ӯ гуфтанд,ки якбора сегоник таваллуд мекунад, вале ду тифлаки Адриана дар батнаш мурданд. Хушбахтона, тифли сеюм норасид ба дунё омада бошад ҳам, зинда монд. Кӯдакро чанд муддат дар шӯъбаи эҳёгарӣ табобат карданд ва оҳиста-оҳиста тифлак ҷон гирифт.
Аксар вақт одамон Адрианаро бо духтарчааш Элиза дида,на модари хушбахт балки бибии меҳрубон гумон мекарданд, аммо ӯро парвои андешаи мардум набуд. Адрианаи нафақахур тамоми рӯз бо духтрачааш овора шуда, чӣ тавр гузаштани вақтро эҳсос намекард. Ин зан аз рӯйи ихтисос муаллимаи забон ва адабиёт буда, 25 китоби кӯдакона навиштааст. Ин модари хушбахт умедвор аст, ки духтарашро ба шавҳар дода, набераю абераҳояшро парасторӣ хоҳад кард..