arzon replenishment
Ғанимурод Сангов: Барои фарзандонам падар не, бегонаам!
6211


Ҳамсарам се сол пеш аз олам гузашт. Писаронам Аҳмад ва Тоҳир пас аз маросими чили модарашонро гузаронидан “Мо то ба кай дар ин хонаҳои қадимӣ мешинем?!

Дар ин дунёи дурӯза одам барин зиндагӣ кардан лозим, падар” гӯён, азми ба мардикорӣ рафтан намуданд. Ҳарчанд насиҳаташон кардам, ки бо додаи Худованд шукрона кунанд, зеро одамро пулу мол не, тани сиҳату хотири ҷамъ хушбахт мекунад, фарзандонам якравӣ намуда, бо пули қарз билет харида ба Русия парвоз карданд. Писаронам рафтанду дар кунҷи хона танҳо мондам. Хона дар назари мани танҳо гӯристон менамуд. Аламамро аз шароб гирифта бо май оташи ғами диламро хомӯш кардан мехостам, вале арақ ба ҷойи дардамро сабук кардан маро шармандаю шармсор кард. Ҳаққу ҳамсояҳо ва ҳатто роҳгузарон ба ҳолам механдиданд. Хандахариши мардум шуданамро эҳсос карда, худ ба худ аҳд намудам, ки шаробро мепартояму домони Худовандро дошта, дар намозҳоям аз Парвардигор талаб мекунам, ки писаронамро ба наздам баргардонад.


Пас аз гирифтор шудан ба ин дарди бад ман дарк кардам, ки ВИЧ ва СПИД танҳо бемории фоҳишаю наркоманҳо набуда,...


Пас аз чанд моҳи тоату ибодат ба бачаҳоям занг зада, зорӣ намудам, ки ба хона баргарданд, то сарашонро ҷуфт карда ормон шиканам. “Зан хоҳем, ҳамин ҷо пури беваи урус аст, дарди сари зиёдатӣ ба мо чӣ лозим, дада?! Ҳоло корамон бисёр аст, вақт шавад, занг мезанем” гуфта, писари калонӣ телефонашро хомӯш кард. Ба писари хурдиам занг задам, вале вай ҳам фикри ба Ватан баргаштанро надоштааст. Шукри Худо бо маоши ночиз бошад ҳам, як даҳан нонамро ёфта мехӯрам, лекин ғами дурии фарзандони падарбезорам маро рӯз то рӯз бештар афгор карда истодааст. Дар вақташ худам нахӯрда онҳоро хӯрондам, худам напӯшида онҳоро пӯшондам, акнун, ки ҷавонони рустамбозуву пулёб шудаанд, дигар падар барояшон даркор нест. Магар ман бо ҳамин умед фарзанд калон карда будам?! Ба назарам баъзан чунин менамояд, ки беқадртарин падари дунё ман ҳастам.
Ба бачаҳои роҳдурам бо воситаи сайти Оила. ТЧ гуфтаниям, ки дар ин дунёи гузарон падардорӣ ҳам ғанимат аст, тезтар баргардед, вагарна аз фироқи рӯятон дар ин кунҷи танҳоӣ мемираму дидор ба қиёмат мемонад. Он вақт ба хона меоед ё не, дигар суде надорад. Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд:
Ман, ки мурдам дар фироқи рӯйи ту,
Баъди маргам хоҳ биёӣ, хоҳ наё!
Ғанимурод Сангов, аз Хонақоҳи Куҳӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД