arzon replenishment
Духтари муло мамароза шуд
4287


Духтари имомхатиби масҷиди мо баъди се соли зиндагии оилавиаш бева шуда, ба деҳа баргашт. Ҳама ҳайрон буданд, ки духтари муллоро барои кадом гуноҳаш аз хонаи шавҳараш ронда бошанд, чунки домод бегона не, писари тағояш буд.

Шавҳари ман, ки ду моҳ қабл аз Русия омада буд, баъди бева шудани духтари мулло якбора хислату хӯяшро дигар намуда бо ҳар баҳона ҷанҷол мекардагӣ шуд. Дам фурӯ баста ба ҳамааш сабр мекардам, то байнамон ягон ранҷишу дилсиёҳӣ нашавад. Шабе писарчаи хурдиам бемор шуду мабодо аҳволаш бад нашавад гуфта, ҷойхобамро дар хонаи кӯдакон партофтам. Як поси шаб худ аз худ бедор шудам. Дилам ким-чихел сиёҳӣ меовард. Берун баромадам. Ногоҳ ба гӯшам овози шавҳарам расид, ки бо касе суҳбат дошт. Бо диққат гӯш додам. «Муқаддас, як ҳафта пас ман боз Россия рафтанӣ, агар хоҳӣ, туро ҳамроҳам мебарам”,- гуфтани шавҳарамро шунида ҳуш аз сарам парид. Фаҳмидам, ки мардаки булҳаваси ман ба духтари мулло ошиқ шудааст.

Хиёнаткор гуфта сару рӯйи шавҳарамро кандам, падари бачаҳоям низ паст наомада маро лагадкӯб кард. “Ман Муқаддасро дӯст медорам, агар ин гапро дар байни мардум овоза кунӣ, талоқатро медиҳам” таҳдид намуд шавҳарам, баъди сару рӯйи маро хуншор намудан. Маро ваҳм зер кард, аз як тараф аз зиндаятим шудани бачаҳоям метарсидаму аз тарафи дигар аз ҷодугарии духтари мулло ҳарос доштам.


«Оча! Оча!»- гӯён фарёд зада ҷонҳавл худро аз гӯшае ба гӯшаи дигар мезаду имдод меҷуст духтараки бечора.


Дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданамро намедонистам. Рашк дилу ҷигарамро хӯрад ҳам, аз тарси талоқ гирифтан ба касе дар бораи муносибатҳои ошиқонаи духтари муллою мардакам даҳон накушодам. Ҳафтае пас хабари гум шудани духтари мулло дар деҳа овоза шуду се рӯз пас шавҳари ман низ бору буғчаашро бардошта аз пасаш ба Русия рафт. Як соли дароз ранҷу азоб кашида, ҳамеша дар рӯйи ҷойнамоз аз худованд илтиҷо мекардам, ки ҷазои Муқаддаси шавҳардуздро диҳад. Чанд рӯз пеш мардакам аз Русия баргашта ҳикоят кард, ки духтари мулло ба вай хиёнат карда бо духтарҳои бероҳа ҳамроҳ шудааст. Муқаддаси беҳаё дигар духтарҳоро ҳам аз роҳ мебаровардааст. Билохира, Худованд ҷазои духтари муллоро дод ва ӯро барои мамарозагиаш ҳабс кардаанд. Ин хабарро шунида нафаси осуда кашидам. Хайрият, ки парвардигор оҳи дили маро шунида падари бачаҳоямро аз доми духтари ҷодугари мулло халос кард!
Миҷгона, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Озода ортикова 2019-10-06, 19:36
Оҳатро оллох қабул кардааст!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Озода ортикова 2019-10-06, 19:36
Оҳатро оллох қабул кардааст!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД