arzon replenishment
Зулайхо Маҳмадшоева: Аз шавҳарам розиям! (ВИДЕО)
3204

Овозхони ҷавону муваффақи эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева дар зиндагӣ хушбахт ва аз тақдиру сарнавишти худ розӣ аст.

Овозхон бо нашри чанд акс дар саҳифаи Инстаграми худ навиштааст, ки худро хушбахт эҳсос мекунад ва ба кулли мухлисонаш низ хушбахтӣ орзу намудааст. “Хушахтам, ки дар сарнавиштам ин лаҳзаҳои хуб ҳастанд. Лаҳзаҳои хотирмон ва саршор аз шодиву нишот. Бигзор ин лаҳзаҳо ҳамеша бошад ва шумо ҳам бошед, азизонам!”,-навиштааст Зулайхо Маҳмадшоева. Дар зери акси дигар овозхон лаҳзаи беҳтарини зиндагии худро навишта, барои дастагули зебо ба азизи дилаш изҳори миннатдорӣ кардааст. “Зеботарин лаззати зиндагӣ ҳамон аст, ки эҳсос мекунӣ нафаре дар фикри ту ва дар фикри хушбахт кардани туст ва барои ин талош мекунад. 


Медонам, ки сари луч намоз хондани занҳо раво нест, вале дар мавриди мардон дар ин бора чизе намегӯянд.


Ташаккур, азизам!”,-афзудааст овозхон. Зулайхо имрӯз оиладор ва соҳиби ду писар Муҳаннад ва Юзорсиф мебошад. Бархе аз ситораҳо ҳаёти пасисаҳнавии худро пинҳон мекунанд, вале Зулайхо пайваста аз навгониҳои ҳаёташ тариқи саҳифаҳои иҷтимоии худ ба мухлисонаш хабар медиҳад.

alt


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД